logo

номаҳо

СОЛИМИИ ҲАР ЯКИ МО - СОЛИМИИ ҶОМЕА

Лаб – лаби дарёи Душанбе мерафтаму бо як ҳолате рӯ ба рӯ гаштам, ки ҳам хурсанд шудам, ҳам нороҳат. Ин ҷойи маъмул ва мувофиқест барои машқи пагоҳирӯзӣ. 
Дар як қисмати роҳ зани калонсоле низ ба машқи бадан машғул буд. Ӯ дар тан либоси миллӣ дошт. Рӯймоли сараш ҳангоми машқ гоҳе меуфтод.  Вале ҳар боре касе аз наздаш гузарад, хиҷолат кашида, машқро бозмедошт. Андак идома дода, боз ҳам ист мекард (шарму ҳаёи зани тоҷик). 
Дар баъзе ҳолатҳо, махсусан барои беҳбудии саломатӣ ва муътадил нигоҳ доштани фишорбаландӣ ва дигар бемориҳо машқи пагоҳирӯзӣ афзалтар аст. Ҳатто агар онро дар соҳил анҷом диҳем, чунки на ҳама занону модарон имконияти дар толорҳои варзишӣ, ки нархи гарон доранд, тамрин карда метавонанд. 
Дар ин бора сухани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёд мерасад, ки дар яке аз суханрониҳояшон гуфтанд, ки бо вуҷуди дар шаҳр толору майдонҳо ва қасрҳои варзишӣ хеле зиёд шуданд, бо сабаби гарон будани маблағи иҷора дар баъзеи онҳо ягон чорабинӣ баргузор намегардад. 
Воқеан, ҳоло ҳам ҷалби аҳолӣ ба чорабиниҳои варзишӣ, сар карда аз муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва толору майдончаҳои варзишӣ самаранок истифода намешаванд. Мутаассифона, дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳо аз сабаби бемасъулиятии худи шаҳрвандон майдончаҳои варзишие, ки ба тозагӣ сохта шудаанд, валангор гаштаанд. Баробари ин, бисёре аз майдончаҳои варзишӣ бо фаъолияти нафарони мутасаддӣ, ки барои нигоҳубини онҳо масъулият бар дӯш доранд, дар ҳолати хуб қарор доранд. 
Хуллас, имрӯз барои варзиш кардани ҷавонону наврасон ва калонсолон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Гап сари ин аст, ки варзиш кардан аз оила оғоз меёбад. Аз ин рӯ, занону модарони моро зарур аст, бехиҷолат аз он ки касе онҳоро мебинад ва гӯё «механданд» барои саломатиашон ба варзиш машғул шаванд ва фарзандони худро низ ба тарзи ҳаёти солим одат кунонанд. Солимии ҷомеа аз солимии ҳар яки мо вобаста аст.
 
Насрингул АБДУЛАЗИЗОВА, 
омӯзгори МТМУ  № 90, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2021    №: 11    Мутолиа карданд: 2095
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед