Хабарҳо
ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорвои ширӣ дар водиҳо ва гӯштӣ дар миёнакӯҳҳо парвариш меёбад.
Баҳри беҳтар кардани маҳсулнокии чорво ва истеҳсоли шир хушзоткунӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо роҳи илмию таҷрибавӣ ба роҳ монда шуд, - гуфт Наҷмиддин Раҷабов, муовини директор оид ба корҳои илмии Институти чорводории АИКТ, номзади илмҳои кишоварзӣ. - Тадқиқоти бисёрсола собит намуданд, ки аз хориҷа ба ҷумҳурӣ ворид кардани чорво на ҳамеша натиҷаи хуб медиҳад. Ҳангоми аз Қазоқистон ва Беларус овардани чорво камаш 7-8 сол лозим аст, ки он ба шароити Тоҷикистон мутобиқ шавад. Типи говҳои зоти сиёҳало ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ буда, соле як сар модагов 5-7 ҳазор литр шир медиҳад, гӯсолаҳояш дар 18 - моҳагӣ 350-400 килограмм вазн гирифта, бордор мешаванд.
Ба гуфтаи олимони соҳа, чорвое, ки дар деҳот парвариш меёбанд, каммаҳсуланд. Аз ин рӯ, вақти сермаҳсулгардонии навъҳои ватанӣ фаро расидааст.
- Албатта, олимони институти мо ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар самти сермаҳсул кардани чорво кор мебаранд. Мо бояд кӯшиш намоем, ки лоақал талаботи аҳолии мамлакатро бо маҳсулоти худӣ пурра қонеъ созем. Масалан, дар як давраи ширдиҳӣ то 5 ҳазор литр гирем. Ин танҳо дар он сурат муяссар мегардад, ки мо шароиту иқлими ҳар маҳалро ба назар гирифта, технологияи тайёр намудани хӯроки чорво, тарзи дурусти нигоҳ доштан, парвариши мақсаднок, маданияти баланди чорводориро ташкил карда тавонем, - таъкид дошт Наҷмиддин Раҷабов.
Ба гуфтаи Наҷмиддин Раҷабов, ҳоло дар бисёр кишварҳо чорводории интенсивӣ роҳандозӣ шудааст, яъне аз ҳар сар чорво дар як сол ба ҷои 2,5 ҳазор 5 ҳазор литр шир медӯшанд, олимони тоҷик ҳам дар ин самт ба комёбиҳо ноил гаштаанд. Агар дастовардҳои илмии олимони ватаниро дастгирӣ намуда, онро дар истеҳсолот ҷорӣ намоем, мо ҳам метавонем 10 сар чорворо хуб парвариш карда, маҳсулнокии 100 сарро ба даст биёрем.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 299