Хабарҳо
МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН.
БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД
Суди ноҳияи Қубодиён заминсози Ҷамоати деҳоти Носири Ху-срави ноҳия Абдураҳим Сатторовро барои хунукназарӣ нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба-робар ба 5800 сомонӣ, ҷарима кард.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод, ки номбурда дар давраи фаъолияти кориаш талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷики-стон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро вайрон намуда, муроҷиати шаҳрвандон О. Худойназарова, М. Хушвахтов, А. Беков, Б. Норов, С. Бобомуродов, И. Дӯстмуродова ва сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиёнро мавриди баррасӣ қарор надода, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳифзшудаи онҳо зарари ҷиддӣ расондааст.
Дар робита ба ин, прокуратураи вилояти Хатлон алайҳи ӯ бо мод-даи 163, қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафти-ши пешакӣ ба суд ирсол намуд.
арима аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ то ду солро пешбинӣ менамояд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 199