logo

энергетика

ЭНЕРГЕТИКА. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

Ҷумъа Далер, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, гуфт, ки вазорат бо дастгирии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар баробари бунёди неругоҳҳои барқи обии нав ба масъалаи барқарор кардани  иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳоло таҷдиди неругоҳҳои «Сарбанд», «Қайроққум» ва марҳилаи якуми таҷдиди НБО «Норак» бомаром идома дошта, баъди навсозӣ тавоноии ин се неругоҳ зиёд мегардад. Ҳаҷми содироти неруи барқ соли гузашта 1 миллиарду 528,4 миллион кВт - соатро ташкил дод.
 
- Вазорат фаъолияташро дар самти тарҳрезӣ, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об беш аз пеш тақвият мебахшад. Ҳоло дар ин самт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст. Аз ҷумла, корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум», бунёди лоиҳаи хатти интиқоли «CASA 1000» ва корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ идома доранд. Инчунин, соли равон сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВт-и «Роғун –  зеристгоҳи конвертории Сангтӯда» ва корҳо дар самти кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии неруи барқ дар  шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз меёбанд, - гуфт Ҷумъа Далер.
Таъкид шуд, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 24,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ гардид. Воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, дар маҷмӯъ 1072 ҳазор тоннаро ташкил дод. Барои таъминоти аҳолӣ бо гармӣ дар мавсими зимистон ва корхонаҳои саноатӣ 225 миллион метри мукааб гази табиӣ ворид гардидааст.
Дар назар аст, ки соли равон бори аввал дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат чоҳи нафтии №17-и майдони Маҳрам бо чуқурии 4 ҳазору 900 метр мавриди истифода қарор дода шавад.
Бино ба таъкиди манбаъ, ҳоло барои ҷорӣ намудани механизмҳои муосири ҳуқуқӣ оид ба танзими соҳаи об ва пешбурди сиёсати обӣ дар кишвар Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои то соли 2030 таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардидааст. Дар фурсати наздиктарин он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод мешавад.
Инчунин, барои барқарор намудани инфрасохтори хоҷагии об дар ҷумҳурӣ ва таъмини рушди соҳа 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодаанд. Соли сипаришуда ташкилоту идораҳои марбут ба истифодаи об аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ беш аз 9,8 миллиард метри кубӣ об истифода бурдаанд.
Новобаста аз андешидани тадбирҳо баҳри рушди соҳаи об мушкилоти зиёд дар соҳаҳои марбут ба таъмини оби нӯшокӣ ва мелиоратсия ва обёрӣ мавҷуданд. Мушкилоти асосӣ – ин фарсуда гардидани як қисми иншооти хоҷагии об, дар ҳаҷми зарурӣ сохта нашудани иншооти нави хоҷагии об, мукаммал набудани сохтори идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии соҳа ва дар сатҳи зарурӣ ҷалб нагардидани маблағҳои сармоягузории хориҷию дохилӣ мебошад.
Ҷиҳати бартараф намудани мушкилии болозикр ва ҷалби бештари маблағҳои сармоягузории хориҷию дохилӣ таҳия ва қабули «Барномаи давлатӣ оид ба таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи давлатӣ оид ба рушди соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ барои давраи то соли 2030» ва дар баробари ин ҳамкории зичи Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва дигар вазорату идораҳои дахлдор зарур мебошад. 

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2021    №: 31    Мутолиа карданд: 208
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед