Хабарҳо
ФФВС барои наврасон мактаби нави футбол кушод
Бино ба иттилои Федератсияи футболи вилояти Суғд, барои рушди варзиши рақами яки ҷаҳон дар шаҳри Хуҷанд мактаби футболи кӯдакону наврасони федератсияи мазкур ифтитоҳ гардид.
Барои тамрин дар ин мактаб кӯдакону наврасони 8 – 12 - сола ҷалб шуда, ба онҳо мураббиёни дорои сертификати дараҷаи «С» машқ медиҳанд.
РАЗМГАРИ ТОҶИК
камарбанди EFС-ро гирифт
Фаридун Одилов, размгари тоҷик, варзишгари рус Сергей Калининро шикаст дода, камарбанди қаҳрамони Лигаи EFС дар вазни миёнаро соҳиб шуд, - хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Матч ТВ».
Мусобиқаи EFС 33 дар Маскав таҳти сарпарастии Ҳабиб Нурмагомедов доир гардид. Пас аз анҷоми муҳориба, Фаридун дар навбати аввал ба Ҳабиб Нурмагомедов барои имкони иштирок дар набард изҳори миннатдорӣ намуда, сипас назди ҳарифаш Сергей Калинин омад ва самимона дасти ӯро фишурд. Дар идома ба мухлисонаш муроҷиат намуда, онҳо ва тамоми Тоҷикистонро бо ғолибият табрик кард.
Ҳабиб Нурмагомедов гуфт, ки тоҷикон хеле самимона барои ММА мухлисӣ мекунанд ва ваъда дод, ки моҳи августи соли 2021 дар Душанбе ба ин монанд мусобиқа баргузор хоҳад намуд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 157