logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ: "БЕШ АЗ 3 МИЛЛИОН БОҶИ ДАВЛАТӢ РӮЁНДА ШУД"
- Ҷиҳати амалигардонии вазифаҳое, ки Президенти мамлакат дар вохӯриашон бо судяҳои ҷумҳурӣ таъкид доштанд, судҳои иқтисодӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, иҷрои онҳоро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, оид ба бартараф намудани камбудиҳои марбут ба баррасии саривақтии парвандаҳо, боздоштани иҷрои санадҳои судӣ ва бекоршавӣ, инчунин, тағйирёбии санадҳои онҳо ҷамъбасти амалии судӣ гузаронда шуд. Натиҷаи он дар ҷаласаи васеи судӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, баҳри рафъи норасоиҳо ба барномаи омӯзишии судяҳо мавзӯъҳои нав ворид гардиданд. 
Ин нуктаро Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. 
Гуфта шуд, ки соли сипаришуда судҳои иқтисодӣ 3499 аризаи даъвогӣ ва шикояту дархост ба қайд гирифта, баррасии 539-тои онҳо бинобар риоя нагардидани талаботи мурофиавӣ мавқуф гузошта шуданд. 
Таъкид гашт, ки дар ин давра ба дастгоҳи судҳои иқтисодӣ 370 муроҷиати шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ (55-тои он такроран) ворид гардид. 359 муроҷиат ҳалли худро ёфта, 11-тои дигараш дар баррасӣ қарор дорад. 
Соли гузашта ба маблағи қариб 410 миллион сомонӣ даъво қонеъ ва бо санадҳои судӣ ба фоидаи давлат беш аз 3 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнда шуд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ММД БА 82,5 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳаким Холиқзода дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки соли 2020 рушди иқтисодиёт муътадил арзёбӣ мегардад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиши он 4,5 дарсадро ташкил дод. 
Сиёсати пулию қарзии БМТ ба коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ, қурбӣ, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо ва нигоҳ доштани раванди муътадилии ҳаҷми пул равона гашт. Дар ин давра бо мақсади татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ба маблағи 14,3 миллиард сомонӣ коғазҳои қиматнок дар муомилот қарор гирифта, тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ аз ташкилотҳои қарзӣ ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 1,2 миллиард сомонӣ ҷалб шуд.
Бино ба гуфтаи Ҳаким Холиқзода, дар Тоҷикистон 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд, фаъолият менамояд. 
Соли гузашта ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ қарз доданд, ки нисбат ба соли 2019 - ум  446,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда, 4,1 миллиард сомониаш ба соҳибкорони истеҳсолӣ рост меояд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Чумҳурият”
 
 
 
ДДЗТ.  АЗ АФЗУДАНИ ШУМОРАИ ДОНИШҶӮЁН ТО БУНЁДИ БИНОИ ИЛОВАГӢ
Дар давраи ҳисоботӣ раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 63 воҳиди нави корӣ ташкил карда, аз ҳисоби молиёти муассиса маоши устодонро 15 дарсад зиёд кард.
Ин нуктаро дар нишасти матбуотӣ ректори донишкада Жило Гулназарзода зикр намуд.
Тибқи маълумот, 8 устод рисолаи номзадӣ ва 1 кас рисолаи докториро дифоъ намуд, ки аз ин ҳисоб ҳайати илмии донишкада афзуд.
- Бо вуҷуди вазъи муташанниҷи баамаломада, нақшаи қабул 21 дарсад зиёд гардида, шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба 379 нафар расид, ки аз болоравии обрӯву нуфузи муассисаи мо дарак медиҳад, - гуфт Жило Гулназарзода.
Ректор, ҳамчунин, аз сохтмони бинои иловагии донишкада иттилоъ дода, иброз дошт, ки баробари ба истифода додани бино, факултетҳои филологияи тоҷик ва забонҳои Аврупо аз хобгоҳ ба таълимгоҳ мекӯчанд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ. 50 - СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ОН ДАР САТҲИ БАЛАНД ТАҶЛИЛ МЕШАВАД 
Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2021 бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 50 - солагии таъсиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла конференсия ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо байни донишҷӯён, баргузор мегардад.
Хабарнигори рӯзнома дар иртибот ба он ки нашри энсиклопедияи донишкада дар кадом вазъ қарор дорад, ректор чунин ҷавоб дод:
- Корҳо дар ин самт зери роҳбарии мудири кафедраи забони тоҷикии донишкада Авзалшо Шафоатов, доктори илми филология, идома доранд. Мо нақша дорем, ки энсиклопедияи донишкадаро то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ нашр ва дастраси хонандагон гардонем.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 219
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед