Хабарҳо
НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ
Тибқи ҳисоботи оморӣ дар ҷамоатҳои шаҳри Норак 214 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо, асосан дар самтҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, боғу токпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ, фаъолият доранд. Ба иттилои раиси шаҳр Дилшод Асозода, соли сипаригашта ба маблағи 77,9 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 - ум 11,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз як замин гирифтани се ҳосил, 40 дарсад зиёд кардани майдони кишти картошка ва 60 дарсад зиёд кардани майдони ғалладонагиҳо, кишоварзони шаҳр соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, дар майдони 1098 гектар, аз ҷумла 715 гектар ғалладонагиҳо, 42 зироатҳои техникӣ, 55,5 картошка, 106,9 сабзавот, 32 полизӣ ва 146,5 гектар зироати хӯроки чорво кишт шуд. Ҳангоми ҷамъоварии ҳосил аз ин ҳисоб 1821 тонна ғалладонагӣ, 38,4 тонна зироатҳои равғандеҳ, 775,5 полизӣ ва 5156 тонна сабзавоту картошка ҷамъоварӣ шудааст. То имрӯз бо мақсади аз як замин рӯёндани ду - се ҳосил дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҷамоатҳои шаҳр 371 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронда шудааст.
Соли 2020 кишоварзони шаҳр аз ҳисоби кишти такрорӣ, ки афзалияти бештар дорад, 363 тонна ғалладона, 70 полизӣ, 273 сабзавоту картошка ва 67 тонна зироати хӯроки чорво ҷамъоварӣ карданд. Айни замон бобати самараноку оқилона истифода бурдани замин дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳр, дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ барои ҳосили соли ҷорӣ дар майдони 521 гектар, аз ҷумла 392 гектар ғалладонагиҳо, 28 сабзавот, 17 картошка, 20 полизӣ, 16 зироати равғандеҳ (зағир) ва 48 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт шудааст. Имрӯзҳо маъракаи киштукор дар асоси дурнамо бомаром идома доранд.
Ҳоло дар ҷамоатҳои шаҳр 527 гектар боғ, аз ин 120 гектар токзорҳои ҳосилдиҳанда мавҷуд мебошанд. Дар доираи амалишавии барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 дар шаҳр 52 гектар боғи нав бунёд ва беш аз 70 гектар боғи куҳна аз нав барқарор шуда, амалишавии нишондиҳандаҳои барнома мутаносибан 110 дарсад таъмин гардиданд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 167