Хабарҳо
ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ
Соли 2020 сокинони ҷумҳурӣ зиёда аз 1 миллиону 910 ҳазор бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонданд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 30 дарсад зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 111 ҳазору 147, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 212 ҳазору 249, вилояти Хатлон 851 ҳазору 246, Суғд 491 ҳазору 872 ва ВМКБ 244 ҳазору 300 бех дарахти сояафкану ороишӣ шинонда шудааст. Дар ин бора Хуршед Шамсиддинов, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, иттилоъ дод.
Ӯ афзуд, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина сабзу хуррам гардондани кӯчаву хиёбонҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ роҳраву гулгаштҳои назди ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, беш аз 22 миллиону 190 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ парвариш мешаванд.
Ба гуфтаи масъулон, сол ба сол иштироки мардум дар маъракаҳои ниҳолшинониву сабзкорӣ беҳтар гардида, маҳз туфайли иштироки фаъоли онҳо дар чунин чорабиниҳо Ватани маҳбубамон зеботару ободтар мегардад.
Муҳаммади САИДВАЛӢ, коромӯз
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 136