Хабарҳо
ҶАҲОН
ПУТИН ШИОРИ «РОССИЯ БАРОИ РУСҲО»-РО ИНТИҚОД НАМУД
АИР «Новости». Президенти ФР Владимир Путин дар вохӯрӣ бо роҳбарони фраксияҳои Думаи давлатӣ, ки тариқи видеоконференсия сурат гирифт, изҳор дошт, ки шиори «Россия барои русҳо» танҳо ва танҳо ба русҳо зарар меоварад.
Ба гуфтаи Сарвари Россия, миллатгароӣ ба манфиати русҳо нест, аз ин лиҳоз, ҷиҳати ҳифзи гуногунмиллатии кишвар намояндагони ҳар қавму халқият бояд дастгирию ғамхориро эҳсос намоянд.
ЭНТОНИ БЛИНКЕН: «ИМА БО РОССИЯ ХОСТОРИ МУНОСИБАТҲОИ НЕК АСТ»
ТАСС. Бино ба гуфтаи Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Энтони Блинкен, Вашингтон ва Москва метавонанд дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатовар ҳамкорӣ намоянд.
- Аз ҷумла, мо зуд тавонистем Шартнома оид ба коҳишдиҳӣ ва маҳдудсозии силоҳҳои стратегии ба ҳуҷум нигарондашуда (ДСНВ)-ро ба муҳлати панҷ сол тамдид кунем, зеро он барои Россияю ИМА ниҳоят муҳим буд. Ба ин хотир, мо баҳри беҳтар намудани муносибатҳои стратегӣ бо Россия аз дигар имкониятҳо низ истифода мебарем,-таъкид намуд Энтони Блинкен.
ДАР ҶАҲОН ШУМОРАИ СИРОЯТЁБӢ БА COVID-19 КАМ МЕШАВАД
ТАСС. Тибқи изҳороти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар олам ҳафтаи панҷум аст, ки шумораи мубталошавӣ ба коронавирус коҳиш меёбад. Аммо, дар ҳамин ҳол, теъдоди кишварҳое, ки дар онҳо мутатсияҳои нави COVID – 19 ошкор мешаванд, меафзояд.
Ба гуфтаи намояндагони созмон, ҳафтаи гузашта 2,7 миллион нафар гирифтори бемории коронавирус шуд, ки нисбат ба ҳафтаи қаблӣ 16 дарсад камтар мебошад. Ҳамчунин, теъдоди фавтидагон низ аз ҳафтаи пештар дида 10 дарсад кам гардид ва ҳамагӣ 81 ҳазор касро ташкил дод.
ПРЕЗИДЕНТИ МИСР: «САТҲИ ТАВАЛЛУДРО БОЯД БА НИЗОМ ДАРОВАРД»
«Известия». Президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси изҳор доштааст, ки бояд сатҳи таваллудро дар кишвар ба низом даровард, зеро аҳолии мамлакат сол ба сол меафзояд.
Сарвари давлат мутмаин аст, ки барои як хонавода ду кӯдак кофист. Чун сатҳи баланди таваллуд ба вазъи иҷтимоии давлат таъсири манфӣ мерасонад, шароити зиндагии мардум беҳтар намешавад.
Айни замон аҳолии Миср бештар аз 101 миллион нафарро ташкил медиҳад ва аз рӯи ин нишондиҳанда миёни кишварҳои арабӣ дар мақоми аввал меистад. Ҳар сол аҳолӣ 2,4 миллион нафар меафзояд, аз ин рӯ, ҳукуматдорони мамлакат мехоҳанд ин нишондодро ба 400 ҳазор нафар расонанд.
ХАДАМОТҲОИ МАХСУСИ ФР 19 ТЕРРОРИСТРО ДАСТГИР НАМУДАНД
АИР «Новости». Чуноне Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия иттилоъ медиҳад, кормандони хадамотҳои махсус дар ҷануби кишвар 19 нафарро бо иттиҳоми кӯшиши содирсозии амалиёти террористӣ дар Қафқози Шимолӣ дастгир карданд.
Зикр мегардад, ки боздоштшудагон аъзои созмони «Ат-Такфир вал- Ҳиҷра (мамнӯъ дар Россия) мебошанд.
Мувофиқи маъ-лумотҳо, зимни амалиёти дастгиркунӣ, аз ҷинояткорон пулемёти дастии Калашников (РПК), автомати такмилёфтаи Калашников (АКМ), тирҳо, маводҳои худсохти тарканда ва амсоли инҳо мусодира гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 150