Хабарҳо
ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД
Дастаи «Истиқлол» баъди шикаст додани тими «Хатлон», бори шашум Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард.
Тибқи иттилои ФФТ, дар вохӯрии ниҳоӣ «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Тӯби ғалабаоварро Алексей Ларин (дақ. 90+4) ба самар расонд.
Медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ – 2021 насиби бошгоҳи «Регар – ТадАЗ» шуд. Дастаи шаҳри Турсунзода дар бозӣ барои ҷои сеюм тими «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.
ҒАЛАБАИ НУҲУМИ ҶОКОВИЧ ДАР AUSTRALIAN OPEN
Дар финали мусобиқоти оид ба теннис Australian Open – 2021 (8 – 21 феврал) ракеткаи якуми ҷаҳон Новак Ҷокович (Сербия) бар Даниил Медведев (Россия, ракеткаи сеюм) пирӯз гашт.
Бар пояи маълумоти сомонаи eurosport.ru, Ҷокович дар се сет бо ҳисоби 7:5, 6:2 ва 6:2 ғалаба ба даст овард.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 141