logo

иҷтимоиёт

ҲИДОЯТ. КӮДАКОН ФАРДОИ МИЛЛАТАНД

Баробари шунидани Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли маорифи кишвар бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ба тақдири соҳа бетафовут нестанд. Президенти кишвар  таъкид доштанд, ки пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни мамлакатамон бар дӯши кадрҳои баландихтисоси соҳа меистад.
 
Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки ба туфайли ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи маориф мустаҳкам гардида, шароити таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Яке аз нақшаҳои дурнамои соҳа, ки дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад, ин масъалаи баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми омӯзгор мебошад. Ба шарофати иқдомҳои ҳамешагии Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар мақоми омӯзгор дар ҷомеа торафт боло меравад ва ӯ чун раҳнамои аҳли ҷомеа эътироф гардидааст. 
Хушбахтона, таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат бо мақсади таъмини шаффофият, баланд бардоштани сатҳи тарбияи кадрҳо ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар миқёси ҷумҳурӣ  соли ҳаштум аст, ки низоми нави дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд. Ин тадбири муфид имкон дод, ки беҳтарин хонандагон тавассути дониши худ ба номи баланди донишҷӯ сазовор шаванд. Маҳз ҳамин омил боис шуд, ки сафи хонандагони аълохону боистеъдод дар муассисаҳои таълимӣ рӯ ба афзоиш ниҳад. Аммо, бо вуҷуди корҳои назарраси иҷрошуда, ҳанӯз ҳам дар соҳа мушкилоти зиёде ҷой доранд.  Аз ҷумла, яке аз онҳо, сол то сол кам шудани шавқу рағбати хонандагон ба фанҳои дақиқ мебошад. Аксари олимони ҷавоне, ки солҳои охир рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд, мутахассиси фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ мебошанд.
Бо мақсади тақвият додани дониши техникӣ, рӯ овардани  ҷавонон ба илмҳои равияи дақиқ солҳои 2020 – 2040 - Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид.  Ҳамзамон, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб гардидани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон аз ҷониби Пешвои миллат ҳамасола баргузории Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм – фурӯғи маърифат” эълон шуд. 
Кӯдакон фардои ин миллати босаодатанд ва роҳбарону масъулон дар ин росто дастур гирифтанд, ки  дар муддати кӯтоҳ дар деҳот муассисаҳои нави таълимии томактабӣ ва майдонҳои варзиш бунёд намоянд. Дар Паём таъкид гардид, ки соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ҷавобгӯи талаботи рӯз нест. Пешвои миллат ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки барои бунёди кӯдакистонҳо, марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.  Ин башоратест аз ояндаи дурахшони муассисаҳои томактабӣ.
Хуллас, ғамхориҳои Пешвои миллат ва давлату Ҳукумат вазифаҳои мо — аҳли маорифро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир муайяну мушаххас менамоянд.
 
Зулайхо ЧИЛЛАЕВА, 
омӯзгори МТМУ № 75 ноҳияи Фирдавсӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2021    №: 41    Мутолиа карданд: 171
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед