logo

Хабарҳо

ДМИТРИЙ ПЕСКОВ: «РОССИЯ ҶОНИБДОРИ МУНОСИБАТҲОИ НЕК АСТ»

ТАСС. Бино ба гуфтаи котиби матбуоти Президенти ФР Дмитрий Песков, он сарварони давлатҳои Ғарб, ки Россияро хатар ё душман меҳисобанд, хато мекунанд. Дар ин бора ӯ дирӯз бо рӯзноманигорон суҳбат намуд.
Дмитрий Песков таъкид сохт, ки чунин пиндор аз ҳақиқат дур аст. Зеро Россия ба ягон кишвар душманӣ надорад ва хатар низ эҷод намекунад. Баръакс чуноне Президенти ФР Владимир Путин борҳо изҳор кард, Россия хоҳони он аст, ки бо тамоми мамлакатҳо робитаҳои мутақобилан судманд дошта бошад. Мо ҳамеша ҷонибдори муносибатҳои некем.
 
ҲАРБИЁНИ ИМА БАРОИ БАРОМАДАН АЗ АФҒОНИСТОН ОМОДА НЕСТАНД 
Газета. ru. Тибқи изҳороти намояндагони Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, созиш  бо ҷангиёни афғонӣ дар бораи баровардани низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон қатъ мегардад. Дар ин бора нашрияи интернетии «Матбуоти озод» иттилоъ медиҳад. Дар ИМА гуфтаанд, ки хуруҷи ҳарбиён то 1 майи соли равон амри маҳол аст.
Чуноне рӯзномаи «Вашингтон пост» менигорад, намояндагони Пентагон муътақиданд, ки баровардани низомиён боиси авҷи мухолифатҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон мегардад. Вале ин омил мушкили асосӣ нест, зеро артиши амрикоӣ ҳанӯз барои тарки хоки Афғонистон пурра омода нашудааст. Албатта, сарбозонро метавон тавассути тайёраҳо баровард, аммо таҷҳизотҳоеро, ки арзишашон ба миллионҳо доллар мерасад, бояд нобуд сохт.
 
НИГАРОНИИ РОССИЯ АЗ ГУЗАРИ ГУРӮҲИ КАЛОНИ ТЕРРОРИСТОН ДАР АФҒОНИСТОН
ТАСС. Вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу дар мусоҳиба бо агентии иттилоотии Tengrinews (Қазоқистон) гуфт, ки Россия аз ҷойивазкунии гурӯҳи калони террористон дар Афғонистон ва дигар кишварҳо нигарон аст. Дар Афғонистон, аллакай, гурӯҳи ташкилоти террористии ДИИШ қарор дорад.
Бино ба гуфтаи ӯ, мушкили ҷиддии Афғонистон, инчунин, интиқоли маводи мухаддир ва истеҳсоли он мебошад.
- Ҳамаи мо дар як минтақа умр ба сар мебарем ва ҳувайдост, ки нисбат ба тақдири онҳо бетараф буда наметавонем. Умедворем, ки бо мардумони кишварҳои ин минтақа солҳои зиёд дар иттифоқу ҳамдигарфаҳмӣ хоҳем зист, - афзуд Сергей Шойгу.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 542
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед