logo

иҷтимоиёт

ДАВЛАТДОРӢ. БАРОИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА ЯКДИЛОНА КАМАРИ ҲИММАТ БАНДЕМ!

Ҳамасола Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик ироа мегардад. Паёми навбатӣ дар соли барои мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ - 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ пешниҳод гардид. Ин Паём барои ҳар як фарди ватандӯст ва шарафманду баномус андешаи нав, муваффақияти нав, падида арзёбӣ мегардад. Фалсафа ва каломи Пешвои миллат пур аз андарз ва орзую омоли халқ аст, ба таври дигар сухани на як рӯзу як сол, балки каломи ҳазорсолаҳо, бунёди ояндаи неки ҷомеаро дар бар мегирад.
Пешвои миллат дар Паёми худ на танҳо ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, балки ба тамоми халқи тоҷик новобаста аз авзофу уҳдадориашон, нақшаи фаъолиятро дар соли 2021 мушаххасан пешниҳод намуда, дар ташвиқу тарғиб ва таъмини иҷрои онҳо дастуру супоришҳо доданд. 
Гузашта аз каму костӣ ва раванди ҷаҳонишавии мушкилоти олам, Пешвои миллат, ки шахси фарҳангиву маданӣ ҳастанд, аз китобу китобдорӣ ҳарф заданд. Манзурашон он буд, ки тоҷикон аз қадимулайём ба китобу қалам эътибори ҷиддӣ медоданд, соҳибкитобу соҳибқаламанд, месазад, ки анъанаи китобдориву китобдӯстӣ, китобхониву дарки маънӣ побарҷо монад. Пешвои миллат аз фаъолияти озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам густурда намудани домони он якчанд пешниҳоди муфид доданд. Чунки рӯй овардан ба китобу китобхонӣ ва илм нишон аз маърифатнокӣ буда, зикр намуданд, ки “...зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм - фуруғи маърифат” гузаронда шавад”. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки то илм набошад маърифат ба даст намеояд, то илм набошад, маориф ва пешбурди ҷомеаи мутамаддин ба даст омада наметавонад. Ҳамин аст, ки Президенти кишвар дар бозшинохти таърихи гузашта ва дарки мақоми илмҳои табиӣ, риёзӣ дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон мақоми илмҳои дақиқро боло дониста, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро тақвият бахшида, талаб намуданд, ки ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Пешниход шуд, ки ба хотири боз ҳам хубтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад. 
Ифтихор аз гузаштагону побарҷо мондани ояндаи неки миллат аз ҷавонони босаводи ҷомеа маншаъ  мегирад. Ба ин маром, бояд аз имрӯз хишти савод ва донишро гузорем, то фардо бинои муҳташами илм барҷо бошад. Роҳ ва василаи пурзӯр гардондани маърифатнокии ҷомеаро аз масъулон пурсон шуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои нек ва арзишманд кӯшиш ба харҷ доданро вазифаи ҳар як мутасаддӣ арз доштанд. Ҳамин буд, ки барои расидан ба ин мақсад, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки озмуну чорабиниҳо бештар гардида, маблағи ҷоизаҳо зиёд шавад. Манзури Сарвари давлат, аз як тараф ҷалби ҷавонон ба илму дониш, беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим, ҷалби ҷавонон ба ихтироъкориро дошта бошад, аз тарафи дигар дар онҳо бедор кардани завқи навоварӣ, омода шудан ба кадрҳои баландихтисос ва тарбияи онҳо дар ҷодаи илму техника мебошад. Чунки дар Паёми навбатиашон низ аз норасоии кадрҳо дар муассисаҳои  таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳо иброз доштанд. 
Яке аз зинаҳои асосии тайёр намудани кормандони соҳаи илм, ин таҳсил дар аспирантура, магистратура ва докторантура мебошад, ки маъмулан бо ҳимояи рисолаи номзадӣ ба охир  мерасад. Расидан ба ҳадафи ҳимояи рисолаи номзадиву докторӣ фаъолияти илмии доманадорро дар бар мегирад. Боиси хушнудист, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 ба доираи ваколатҳои аттестатсияи кормандони илмӣ ё илмию техникии тахассуси олӣ; ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ ва экспертии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ (таъсис, мушаххас кардани ҳайати шӯро, ваколат, оғоз ва қатъи фаъолияти шӯро); таҳия ва тасдиқи низомномаи шӯроҳои диссертатсионӣ ва экспертӣ; тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ; тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои ҳимояшуда; феҳрист ва барномаи имтиҳони номзадӣ ва ғайра ба кор шурӯъ намуд. Илова бар ин, КОА дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба доираи фаъолияташ низ ширкат мекунад. Бо ин ҳама дастгириҳои Президенти кишвар, дар ин Паём муждаи ба фоизи муаяйн баланд бардоштани стипендияи аспирантону магистрантону докторантон низ мавриди пешниҳод қарор гирифт.
Дари сахӣ ва саховатмандӣ бар он дар аст, ки ба сӯйи ятимону бепарасторон, беморону гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа кушода карда шавад. Имрӯз ин дастгириҳо аз тарафи давлату Ҳукумат, билхусус аз тарафи Пешвои миллат назаррас арзёбӣ мегардад. Ин дастгириҳо шоёни тақдис аст. Беҳтарин сухан ва каломи Сарвари миллат ҳамеша ба гӯши мову шумову дигарон садо медиҳанд, ки “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел мекунам”. 
 
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Ҳиммати Сарвари муаззам аст, ки имрӯз дар дилу дидаи хурду бузурги кишвар ҷо гирифтаанд. Ҳамин аст, ки ҳама софдилона омодагӣ дорем ба ҷашни сиюмин солгарди Ватани азизамон. 2021 соли таърихиву мондагор аст, барои мо тоҷику тоҷикистонӣ. Ҷашни сиюмин солгарди Ватан, барои мо ифтихори созандагиву бунёдкорист. 
Дар ниҳоят, ҳама ишораҳои Сарвари давлат барои амалӣ шудани ҳадафҳову орзуҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоиста, ба оламиён муаррифгар будани таърихи имрӯзу гузашта ва дигар нақшаву пешниҳодҳо моро зарур аст, ки якҷоя камари ҳиммат баста, барои пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон даҳчанд саҳмгузор бошем. Бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бо дарки масъулиятшиносиву хештаншиносӣ, ҷиҳати ҷомаи амал пӯшондани тадбирҳои муҳими давлатӣ якдилона мусоидат намоем. Бовар дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон барои зиндагии шоиста ва арзандаи худ дар таъмини амнияту мустаҳкамии рисолати абадии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аминам, ки зиёиён чун нигини анҷуманҳо барои ташвиқу тарғиби нукоти Паёми Пешвои миллат саҳмгузор мешаванд. 
 
Табарӣ Абдулло ҲАБИБУЛЛО, 
доктори илмҳои физика - математика, профессор, узви вобастаи Академияи 
миллии илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 174
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед