logo

Хабарҳо

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

Дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок мулоқот намуд. 
Дар оғоз ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея, инчунин, сатҳи нави робитаҳои байнипарламентӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ василаи самараноки рушди муносибатҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо буда, феълан, фаъолгардонии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ба мақсад мувофиқ аст.
Рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Корея ҳамчун самти  афзалиятнок  арзёбӣ  гардид.  Дар робита  ба ин, тақвияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Душанбе зарур шумурда шуд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои фарҳангиву башардӯстӣ ва илмиву техникӣ, аз ҷумла масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Корея, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси Дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOЙКA) дар шаҳри Душанбе ва дигар масоили муҳими рушди муносибатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амният ва таҳкими вазъи устувори минтақа, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Афғонистон, ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои фаромиллиро матраҳ карданд.
 
 
ШИРКАТИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАШВАРАТҲОИ СААД
Дар шаҳри Москва ройзаниҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ширкат намуд.
Намояндагони кишварҳои узв масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи ҷории созмонро баррасӣ карда, таваҷҷуҳро ба ҳамкории ҷонибҳо баҳри татбиқи қарорҳои аз ҷониби ниҳодҳои СААД қабулшуда ҷалб сохтанд. 
Бо назардошти таҳдидҳои муосири амниятӣ, табодули афкор атрофи чораҳои муштараки кишварҳои узв дар муқовимат ба онҳо сурат гирифт.
Дар суханронии Музаффар Ҳусейнзода ба рафти татбиқи пайгиронаи авлавиятҳои раёсати кунунии Тоҷикистон дар СААД ишора шуда, унсурҳои асосии он эълом гардиданд ва масъалаҳои алоҳида, бавижа таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ зикр гардиданд.
 
 
БӮСТОН. БИНОИ МАЪМУРИИ БАХШИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ БУНЁД МЕШАВАД
Дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори  Ҷашни 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Он  аз се ошёна, ҳуҷраҳои корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ ва меҳмонхона иборат аст.
Айни ҳол дар атрофи бино корҳои ободонӣ ва васлу насби таҷҳизот идома доранд.
Дар ҷараёни сафари корӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода  аз ҷараёни бунёди иншооти мазкур боздид намуда, ба масъулон барои сари вақт ва босифат ба истифода додани он супоришҳо дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 466
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед