Хабарҳо
ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавсими даъвати баҳорӣ низ нақшаи сафарбаркунии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар як рӯз иҷро намуд. Дар ин бора аз маркази матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.
Баҳри гусели ботантанаи ҷавонон ба қисмҳои низомии кишвар дар майдони Парчами давлатии шаҳри Хоруғ ҳазорон нафар сокинони вилоят ҷамъ омаданд.
Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳозирон ва кулли мардуми шарафманди вилоятро ба муносибати сарбаландона иҷро намудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муборакбод карда, ба сохторҳои марбутаи давлатӣ – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳои даъватӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва волидоне, ки фарзандонашон довталабона хизмат кардан дар ниҳодҳои қудратӣ ихтиёр намуданд, изҳори сипос намуд. Гуфта шуд, ки пеш аз муҳлат иҷро гардидани сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дастовези шоистаи мардуми шарифи Бадахшон ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зикр гардид, ки ягон давлат бе неруи низомӣ арзи вуҷуд карда наметавонад, артиш бақои давлат аст. Маҳз барои таъмини сулҳу оромӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар яке аз фармонҳои аввалини роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ иртибот дошт. Бо ҳидояту дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олӣ дар 29 соли соҳибистиқлолӣ Артиши миллӣ ба неруи тавоно табдил ёфт ва фазои сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намуда, марзу буми Ватанро содиқона муҳофизат мекунад.
Тавре раиси вилоят иброз дошт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавсими чорум аст, ки аввалин шуда нақшаи сафарбаркунии ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи аввали даъват бо сарбаландӣ иҷро мекунад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 126