Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД
- Соли оянда 30-юмин солгарди барпошавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Маҷористон таҷлил хоҳад шуд. Ба ин хотир, як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои илмӣ миёни ду кишвари дӯст баргузор мегарданд, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни изҳороти матбуотӣ аз натиҷаи мулоқот бо Петер Сийярто, вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳити зист, сайёҳӣ, илмию фарҳангӣ, варзиш ва тандурустӣ, бахусус ҷиҳати муборизаи муштарак бо COVID-19-ро бо Маҷористон баланд арзёбӣ намуд.
Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон дар фазои дӯстӣ, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Дар мулоқот, ки муносибатҳои миёни ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд, ҳамзамон, барномаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар барои солҳои 2022 – 2024 имзо гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафар вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сийярто бо прокурори генералӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо ва муовини вазири энергетика ва захираҳои об вохӯрд, дар рафти онҳо чанд санади дигар ба имзо расид.
Дар доираи сафари ҳайати дипломатии Маҷористон маросими кушодашавии дафтари консули фахрии Маҷористон дар Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҷараёни музокироти сатҳи баланд тарафҳо зарурати густариши ҳамкориҳои минбаъдаро таъкид дошта, аз вазъи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 149