logo

номаҳо

БИЁЕД РИСОЛАТАМОНРО ИҶРО БИКУНЕМ!

Зарурат ба исбот надорад, ки тоҷикон фарҳанг ва  тамаддуни қадимӣ доранд. Ҳамчунин, дар пояи баланди ахлоқ қарор доштанд. Аз ин рӯ, бояд ин фарҳангу тамаддуну ахлоқ на танҳо шинохта бишаванд, балки анъанаву суннатҳои нек идома биёбанду риоя бигарданд.
 
Вақте кас имрӯз вориди мағозаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, мешавад, афсӯс мехӯрад. Ҳама бо телефони ҳамроҳ баланд гап мезананду суҳбат мекунанд. Ҳатто суханҳоеро, ки бояд дар ин ҷойҳо нагӯянд, ба забон меоранд. Яке аз ишқу ошиқӣ, дигаре аз истифодаи кадом маблағе мегӯяду сеюмин супоришҳо медиҳад. Дар як муддати кӯтоҳ ба асрори хонаводагии онҳо низ ошно шудан мумкин аст. Ин нафарон бар замми чунин гуфтугӯҳо, баланд сухан мекунанд, ки ба гӯшҳои дигарон нофораманд ва ҳам касро асабӣ менамоянд. Албатта, таҳаммули ин гуна муносибатро аз ҷавонон метавон кард. Инчунин, гуноҳи онҳоро ба сабаби нофаҳмӣ ва бетарбиятӣ бахшидан мумкин аст. Мутаассифона, калонсолон ва зиёиён низ дар ин маврид меъёрҳои одобро риоя намекунанд.
Мебояд дар ин хусус бисёр суҳбат бикунему одамонро тарбият бинамоем. Ин, пеш аз ҳама, вазифаи сарварони оила ва мо – омӯзгорон мебошад. Агарчи амали мазкур барои мо он қадар қобили таваҷҷуҳ нест, бисёр зарур аст. Биёед, рисолатамонро хуб иҷро ва миллатамонро беҳтар муаррифӣ бикунем.
 
Фирӯза МИРЗОЕВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2021    №: 74    Мутолиа карданд: 1068
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед