logo

номаҳо

БО СИПОС ЯК ПЕШНИҲОД

Матлабҳои озмунӣ ба ифтихори 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири оламшумулу маҳбубро чанд моҳ боз аз саҳифаҳои рӯзномаи дӯстдоштаам «Ҷумҳурият» мутолиа намудам. Ҳар кадом дар сатҳи баланд иншо шуда буд ва як паҳлуи кору зиндагии ин устоди забардастро дар бар мегирифт. Воқеан, ному шеъри Мирзо Турсунзода, то замоне ки забони тоҷикӣ арзи ҳастӣ мекунад, боқӣ мемонанд. Инчунин, хидматҳои содиқонаашро бо таҷлили ҷашнҳо баъдан ҳам халқи азизаш қадр мекунад.
Ба ростӣ, пас аз мутолиаи ин матлабҳо ба кору рӯзгори ин абармарди сиёсат ва шеъри миллат бештару беҳтар ошно гардидам. Ифтихор ҳам намудам, ки шоири кишвари мо чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ барои барқарорӣ ва пойдории сулҳ дар сайёра саҳми бориз гузоштааст.
Рӯзгору кори устоди равоншод барои мо, имрӯзиён ва фардоиён, беҳтарин дарси ибрат мебошад. Ин ҳақиқатро на танҳо мо – ҳамватанони шоир эътироф кардаву мекунем, балки бузургтарин шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз он гуфтаанду навиштаанд. Аз Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» сипосгузорӣ мекунам, ки ба мани омӯзгор ва шогирдонам маълумоти фаровон дар бораи шоиру сиёсатмадори ҷаҳонӣ фароҳам овард. Албатта, ман аз ин ҳама зимни гузаштани дарсҳоям ёдовар мешавам. Ҳатман ин иқдоми рӯзномаро бисёр шоиста арзёбӣ мекунам. Бешак, истифодаи бисёри рӯзномаҳо, ки дар онҳо ин гуна матлабҳо нашр шудаанд, мушкил мебошад. Аз ин рӯ, хосторам, ки ҳамаи матлабҳои бахшида ба кору рӯзгори Мирзо Турсунзода дар шакли китоби алоҳида ба табъ расанд. Дар поёни матлабҳо бояд рӯзу моҳу соли нашр навишта шаванд.
Одатан ин гуна китобҳоро бо теъдоди кам ба табъ мерасонанд, ки ҷойи афсӯс низ мебошад. Бисёр мехостам, ки бо ризоят ё худ ташаббуси «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо теъдоди зиёд ин китоб нашр бигардад ва ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаву олии касбӣ тақсим бишавад. Ин китоб барои ҳар хонандаи муассисаҳои мазкур ва омӯзгоронашон муҳим мебошад. Махсусан, дар тарбияи ватандӯстӣ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, шинохти ҳақиқат, ҳифзи истиқлолияти бадастомада мусоидат карда метавонад.
 
Фирӯза МИРЗОЕВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2021    №: 126    Мутолиа карданд: 1141
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед