logo

сиёсат

ТАБРИКОТИ роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни Истиқлоли давлатӣ

Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати 30-солагии эълом намудани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таманниёти гармтарини маро қабул фармоед.
Кишвари Шумо дар ҷодаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бомуваффақият пеш рафта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ нақши созанда мебозад.
Мо ба муносибатҳои иттифоқиву шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳем. Итминон дорам, ки бо саъю талоши муштарак мо рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф, инчунин, муносибатҳоямонро дар чорчӯби ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷанба таъмин хоҳем кард.
Ин раванд комилан ба манфиатҳои кишварҳои ба ҳам дӯсти мо ҷавобгӯ буда, дар ростои таҳкими сулҳ, амният ва суботи Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва муваффақият, ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон саодату шукуфоӣ орзумандам”.
 
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвони Сарвари давлати Тоҷикистон чунин менигорад:
“Муҳтарам ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед, то аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, инчунин, шахсан аз номи худам ба Шумо ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон самимонатарин табрикот ва таманниёти инҷонибро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.
 Давоми сӣ сол Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи ғайриодии рушдро тай карда, дар арсаҳои гуногун ба комёбиҳои бузург ноил гардид ва мақоми узви муҳими ҷомеаи ҷаҳониро касб кард. Чин ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ аз ҳамаи ин дастовардҳои Тоҷикистон хушнуд мебошад. Итминон дорам, ки Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлатдорӣ ва эҳёи миллӣ таҳти сарварии ҷаноби Президент ба комёбиҳои наву боз ҳам дурахшонтар ноил хоҳад гашт.
 Ман ба густариши муносиботи Чин ва Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳам ва азм дорам, ки ба нафъи кишварҳо ва мардумонамон ҷиҳати пешбурди муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистон дар сатҳи нав якҷо бо Шумо кӯшишҳо ба харҷ диҳам.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолиятатон комёбиҳо орзумандам. Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоӣ ва тавоноӣ, ба мардуми он саодатмандӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам”.
 
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден дар барқияаш гуфтааст:
“Муҳтарам ҷаноби Президент!
Аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳида ман мардуми Тоҷикистонро табрик мекунам, чун шумо дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор доред.
Тули се даҳсолаи шарикӣ Иёлоти Муттаҳида мунтазам соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд. Мо умедворем, ки робитаҳои худро тавассути ҳамкорӣ бо дастгирии амнияти минтақавӣ, шукуфоии иқтисодӣ ва ҳамгироӣ таҳким мебахшем. Мо, инчунин, аз шарикии хеш бо мардуми Тоҷикистон дар муборизаи муштарак бар зидди COVID – 19, аз тариқи чораҳое ба мисли хайрияи 1,5 миллион вояи ваксинаи «Модерна», тавассути дастрасии глобалӣ ба ваксинаҳо ифтихормандем.
Кишварҳои мо дар оянда бо мушкилоти ногузир ва дарозмуддат рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Дар асоси таърихи ҳамкориҳоямон, ман итминон дорам, ки мо ин мушкилотро якҷоя паси сар хоҳем кард”.
 
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бародари азиз!
Хеле шодам, ки Шумо ва мардуми кишвари дӯсти Шуморо ба муносибати Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сидқан табрик намуда, таманниёти гармтарини худро мерасонам.
Шодии беинтиҳои мо аз он аст, ки дар натиҷаи сиёсати дохиливу хориҷии хирадмандона ва дурандешонаи Шумо Тоҷикистони бародар истиқлолияти худро бо натиҷаҳои назаррас ва музаффариятҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ҷашн мегирад.
Меҳоҳам, махсусан ислоҳоти васеъмиқёс ва корҳои бузурги созандаро, ки барои таъмини рушди устувори кишвар сурат мегиранд, инчунин, афзоиши ҳамаҷонибаи обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла ташаббусҳои муҳимеро, ки дар сатҳҳои байналхалқиву минтақавӣ пеш бурда мешаванд, таъкид намоям.
Давоми солҳои ахир ба шарофати ҳамраъйии мутақобил ва иродаи қавии сиёсиамон ба мо муяссар гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегиро ба сатҳи комилан нав бардорем ва, дар баробари ин, риштаҳои бисёрасраи дӯстиву робитаҳои бародарии байни мардумонамонро тақвият бахшем.
Бешубҳа, муколамаи шаффоф ва самараноки дарпешистода бо Шумо  дар  чорчӯби  иҷлосияи Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри зебои Душанбе баргузор мегардад, ба рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаамон мусоидат хоҳад кард.
Бовар дорам, ки муносибатҳои байни Узбекистону Тоҷикистон минбаъд ҳам ба нафъи мардумони мо ва таҳкими амнияту субот дар минтақаамон босуръат рушд хоҳанд ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти хеле масъулиятноки давлатиатон муваффақиятҳои бузург, ба мардуми бародари Тоҷикистон бошад, сулҳу пешрафти доимӣ таманно мекунам”.
Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Ман беҳтарин таманниёти хешро ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишваратон мерасонам.
Дар ин даврони мушкил бори дигар аз аҳамияти саҳми ҳар як мамлакат дар беҳбуди ҷаҳон ёдрас мегардем.
Чун мо ҷиҳати паси сар намудани ҳамагирии коронавирус якҷоя кор намуда истодаем, бояд бо истифода аз барқароршавӣ ҷомеаҳои пойдору устувортар бунёд намоем. Моро, ҳамчунин, зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти изтирории иқлим далерона амал намуда, барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор талошҳои худро қавӣ гардонем.
Дар ин Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ман ба кумаки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими Созмони Милал ва бунёди олами беҳтару сулҳпарвар барои ҳамагон умед мебандам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ ғояти эҳтироми маро бипазиред”.
 
Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердим-муҳамадов чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шарафёбам, ки аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин, шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ирсол менамоям.
Зикри муваффақиятҳои кишвари Шумо, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба даст омадаанд, боиси хурсандии мост.
Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ, беҳтар намудани некуаҳволии мардум ва баланд кардани обрӯйи худ дар арсаи байналмилалӣ ба пешрафти назаррас ноил гардид.
Таъкид карданиам, ки имрӯз муносибатҳои байни Туркманистону Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтавои нав касб кардаанд. Сафари давлатии чанде пеш ба Туркманистон анҷомдодаи Шумо дар ҷодаи таҳкими риштаҳои дӯстии байни мардумон ва таъмиқи ҳамкории кишварҳоямон дар соҳаҳои гуногун марҳилаи муҳим гардид.
Ман вохӯриҳои дуҷонибаамонро дар Ашқобод, инчунин, дар минтақаи сайёҳии «Аваза», ки зимни Вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифта, дар ҷараёни онҳо бори дигар саъю талош ва омодагии дуҷонибаамон ҷиҳати рушди минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкории Туркманистону Тоҷикистон таъкид гардида буд, бо иштиёқи зиёд ба ёд меорам.
Итминони қавӣ дорам, ки бо талошҳои муштарак ҳамкориҳои кишварҳоямон минбаъд ҳам, ба нафъи мардумонамон бемайлон таҳким хоҳанд ёфт.
Аз ин имконияти фараҳбахш истифода бурда, ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом, саодат ва хушбахтӣ, ба мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, сулҳ ва минбаъд ҳам, пешрафту шукуфоӣ таманно дорам”.
 
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи тамоми қазоқистониҳо ва шахсан аз номи худам Шумо ва ҳамаи мардуми тоҷикро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Ин санаи муҳимро Тоҷикистони бародар ба симати давлати бонуфуз, ки дар арсаи байналмилалӣ нақши назаррас мебозад, истиқбол мегирад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Шуморо – Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, ба симати пешвои воқеан ҳам, умумимиллӣ, ки дар таҳкими давлатдорӣ ва таъмини некуаҳволии шаҳрвандони кишвар саҳми ҳалкунанда доред, эътироф кардааст.
Дар Қазоқистон аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистони бародар сидқан шоданд ва ба таҳкими риштаҳои дӯстии бисёрасра, дастгирии мутақобил ва ҳамкории ҳамаҷонибаи байни ду давлат аҳамияти калон медиҳанд.
Бовар дорам, ки бо саъю талоши муштарак мо метавонем ба рушди босуръати ҳамкориҳои бисёрҷанбаи мутақобилаамон такони тоза бахшем ва, ба ин васила, уфуқҳои нави шарикиву иттифоқчигии стратегии Қазоқистону Тоҷикистонро боз намоем.
Дар ин рӯзи тантанавӣ ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон муваффақиятҳои минбаъда ва ба мардуми бародари Тоҷикистон шукуфоиву пешрафт орзумандам”.
 
Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси, зимни табрикоти худ овардааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки моро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Тайи солҳои сипаришуда кишвари Шумо дар роҳи навсозии сиёсӣ ва иқтисодӣ, беҳтар гардондани рифоҳи мардум ба комёбиҳои назаррас ноил шуда, низоми давлатдории худро тақвият бахшид. Имрӯзҳо Тоҷикистон дар самти бунёди ҷумҳурии тавоно ва самарабахш қадамҳои устувор мегузорад.
Давлати Шумо ба истиқрору таҳкими сулҳу субот дар минтақа мусоидат намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста дорад.
Ин дастовардҳо таҷассумгари ваҳдат ва ҳамдилии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо рӯ ба шукуфоӣ ниҳодааст.
Итминон дорам, ки робитаҳои чандинасраи Қазоқистон ва Тоҷикистон бар асоси дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ минбаъд низ таҳким хоҳанд ёфт.
 Ман саҳми шахсии Шуморо дар рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории дуҷониба ва дӯстии байни мову шумо баланд қадр менамоям.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба Шумо сиҳатмандии комилу дар фаъолияти сермасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ орзу менамоям”.
 
Дар табрику таҳнияти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ чунин омадааст:
“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Фаро расидани сивумин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми шарифи кишваратон самимона табрик мегӯям.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора алоқаманд ба густаришу таҳкими ҳар чи бештари муносиботи ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон дар ҳамаи арсаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Умедворам, дар ояндаи наздик шоҳиди густариши беш аз пеши робитаҳои ду кишвар дар ростои таъмини манфиатҳои мутақобил ва, ҳамчунин, тавсеаи сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бошем.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб, хонаводаи муҳтарам ва беҳрӯзии миллати Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам”.
 
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шахсан аз номи ман ва аз номи тамоми мардуми Беларус табрикоти самимии моро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Тайи солҳои соҳибихтиёрӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва санҷидашудаи Шумо таъмин намудани сулҳу ризоият дар ҷомеа, сохтмони давлати муосири рӯ ба оянда, ки дар саҳнаи байналмилалӣ ҷойи сазовори худро дорад, муяссар гардид.
Саҳми Шумо дар таҳкими дӯстии Беларусу Тоҷикистон, ки асоси онро на танҳо умумияти ҳадафҳо ва манфиатҳо, балки муносибатҳои хосаи ба мисли хешовандии гарм, ки байни мардумони мо ташаккул ёфтаанд, бебаҳо мебошад.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар татбиқи ҳамаи нақшаҳо ва иқдомоти нав аз самими қалб саломатӣ ва муваффақият, ба сокинони Тоҷикистон бошад, субот, шукуфоӣ ва некуаҳволӣ орзу менамоям”.
 
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон чунин омадааст:
“Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Аз номи худ ва мардуми Фаронса ба муносибати Иди миллӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба Шумо табрикоти самимӣ ва ба мардуми тоҷик таманниёти шукуфоии худро мерасонам.
Бовар дорам, ки бо мусоидати Шумо муносибатҳои сиёсии байни кишварҳоямон таъмиқ хоҳанд ёфт.
Намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки Шумо моҳи октябр ба маросими кушодашавии он дар осорхонаи санъатҳои осиёии Гимеи Фаронса ҳусни оғоз мебахшед, дар муносибатҳои дуҷонибаи мо падидаи муҳим гардида, кишвари зебои Шуморо бори аввал ба ҷомеаи фаронсавиву аврупоӣ муаррифӣ хоҳад кард. Ин намоишгоҳ, дар навбати худ, метавонад таваҷҷуҳи ширкату корхонаҳои моро барои ба роҳ мондани фаъолияташон дар Тоҷикистон ҷалб намояд.
Моро лозим аст, ки аз натиҷаҳои намоишгоҳ баҳра бардорем, то ин ки соҳаҳои нави ҳамкориҳоро тавсеа бахшем. Дар ин робита, манзури ман рушди омӯзиши забони фаронсавӣ ҷиҳати ба он дастрасӣ ёфтани оммаи васеъ, инчунин, мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва бахши меҳмонхона, тавсеаи мубодилаи академиву фарҳангӣ ва таъмиқи муносиботи иқтисодӣ мебошад”.
 
Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
“Ҷаноби муҳтарам!
Ман Шумо ва мардуми тоҷикро бо 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод менамоям.
Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ дар роҳи рушди худ қадамҳои таъсирбахш гузошт ва ман мутмаинам, ки ин қадамҳо таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо – Ҷаноби Олӣ, боз ҳам ба самти рушду шукуфоӣ давом хоҳанд ёфт.
Ман бовари комил дорам, ки дӯстии Ҳиндустон ва Тоҷикистон солҳои оянда низ рушд хоҳад кард ва умедворам, ки бо Шумо дар густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаамон дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкорӣ мекунам.
Ҷаноби Олӣ, ман шарафёб гардидам даъватномаи шуморо барои иштирок дар саммити Созмони ҳамкории Шанхай, ки 16 – 17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мегардад, қабул намоям. Умедворам дар саммит тариқи маҷозӣ ширкат варзам. Вазири корҳои хориҷии кишвар дар саммити Душанбе иштирок хоҳад кард.
Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо – Ҷаноби Олӣ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар тамоми корҳоятон барору комёбиҳо таманно дорам.
Фурсати  мазкурро  ҷиҳати изҳори эҳтироми худ нисбат ба Шумо – Ҷаноби муҳтарам, ғанимат медонам”.
 
Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:
“Бародари азиз, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худо ҳифзашон кунад.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси хушнудист, ки Ҷаноби Олиро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо беҳтарин таманниёти саломатӣ, саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар пешрафту шукуфоии бардавомро тақдим намоям”.
 
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Хеле фараҳмандам, ки табрикоти самимии худро ба Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистон ба муносибати ин рӯзи муҳим – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам.
Покистону Тоҷикистон ду кишвари бародаранд, ки бо дин, фарҳанг ва таърихи муштарак бо ҳам пайванданд. Ба ғайр аз ин, мо барои  сулҳу шукуфоии кишварҳоямон ва, дар маҷмуъ, тамоми минтақа якҷоя саъю талош меварзем.    
Хурсандиовар аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо тайи чанд соли ахир ба таври назаррас таҳким ёфтанд. Ман бовар дорам, ки ба шарофати фаъол намудани саъю талошҳоямон, мо метавонем ин муносибатҳоро солҳои оянда ба шарикии дарозмуддат табдил диҳем.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба мардуми бародари Тоҷикистон беҳтарин таманниёти саломативу саодат, инчунин,  рушду шукуфоии минбаъдаро таманно намоям.
Эҳтиромоти амиқи маро Ҷаноби Олӣ қабул фармоед”.
 
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ба муносибати Иди муҳими давлатӣ – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимии маро бипазиред.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тули солҳои соҳибистиқлолӣ зимни татбиқи ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр ва мустақил ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид.
Умедворам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи рушди устуворро ба мақсади таъмини ҳаёти осоишта ва накуи мардум ва давлат идома хоҳад дод.
Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва хуби ҳамсоягӣ миёни ду кишвар дар оянда низ ба нафъи шукуфоии Қирғизистон ва Тоҷикистон тақвият хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатмандии комил ва комёбиҳо дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу осоиш ва беҳрӯзӣ таманно менамоям”.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархунда идома дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2021    №: 181    Мутолиа карданд: 455
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед