logo

сиёсат

АБАРМАРДЕ АЗ САРНАВИШТ

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо падидаи бемислу монанди таърихӣ ва рамзи соҳибдавлативу ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад. Маҳз ба шарофати он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама хусусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.
Сӣ сол муқаддам, дар ибтидои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ чархи таърих ба дӯши миллати тоҷик имтиҳони ҷиддиеро бор намуд. Кишвари тозаистиқлоли тоҷикон дар як марҳилаи  ҳассоси таърихӣ ба мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид.
Аз рӯзҳои нахустини эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ,  бадхоҳон бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимат, мамлакатро ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Ояндаи миллату давлат дар пешорӯйи хатар қарор дошт. Вале дар самои кишвари ҷангзада ситорае дурахшиду хурду калони кишвар ба оянда бо умеди нек нигаристанд... Сарнавишт зимоми давлатдориро ба дӯши фарзанди фарзона ва барӯманди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт. 
Миллати сарбаланди тоҷик дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, инсони дилсӯзу ғамхор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузашт ва роҳи расидан ба сулҳу суботу ваҳдати миллиро интихоб намуд.
Сулҳи бебозгашти тоҷикон, қабл аз ҳама, дастоварди ҳамдилии мардуми кишвар ва нақши он натиҷаи андешаву тафаккури амиқи роҳбарияти давлати мо ва тақвият бахшидани он дар андешаву тафаккури амиқи тамоми ҷонибдорони ин сулҳ ва истиқрори он дар арсаи сиёсии олам ба шумор меравад. Аз ҳамин сабаб дастовардҳои нодири сулҳи мо буд, ки музокирот ва сулҳофарии мардуми моро имрӯзҳо дар тамоми манотиқи ҷангзадаи олам ҳамчун намунаи мактаби сулҳофарӣ мавриди таҳқиқ ва истифода қарор медиҳанд.
Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуқтаҳои калидие буданд, ки Истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани монеаҳои рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати   миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба як қатор  дастовардҳои  нодир ноил  гардида, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмини  истиқлолияти  энергетикӣ, аз бунбас-ти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои созанда андешида истодааст.
Ҳадафҳои стратегии аз ҷониби Сарвари давлат муқарраргардида имконият фаро-ҳам оварданд, ки соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбанд ва дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа такони ҷиддие ба амал ояд. 
Талошҳои минбаъдаи Президенти кишвар ҳамагӣ барои наслҳои ояндаи миллатанд. 
Пешвои миллат хидматеро анҷом доданд, ки номашон дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин сабт мегардад. Зеро барои имрӯз ҳар он чи лозим буд, анҷом додаанд ва фардоофарӣ доранд. Миллатро аз парешонӣ наҷот дода, фазои осоишта муҳайё намуданд ва сулҳ оварданд. Барои мардум фазои амну осоиштаро муҳайё карданд. 
Дар фазои софу беғубори сарзамини куҳанбунёди сулҳофарин ва муҳити созандаю бунёдкорона бо шукру сипос ва ифтихору сарфарозӣ аз сулҳу субот, фазои орому осудаи кишвар бо нияти бунёдкорию созандагӣ ва ҳамраъйии тамоми мардуми Тоҷикистони  азиз бояд бо азму иродаи қавӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи ватанпарастию фарзандии худро дар назди Ватану миллат адо намоем. 
 
ҲАМРОЗОДА Бӯрӣ Сармад,
сардори раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2021    №: 182    Мутолиа карданд: 562
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед