logo

иқтисод

ЗАМИН ЗИНДАГӢ АСТ!

Соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, барои расидан ба амнияти озуқаворӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ дар деҳот ва, дар ин замина, равнақ бахшидани комплекси агросаноатӣ мусоидат менамояд.
 
15 ҲАЗОР ГЕКТАР ЗАМИНИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 
Яке аз вазифаҳои асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Соли ҷорӣ дар доираи татбиқи барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023» беҳтарсозии ҳолати обёрии 9649 гектар замин ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то инҷониб корҳо дар 6205 гектар замин ба маблағи 5 миллиону 657 ҳазор сомонӣ ба анҷом расиданд, ки 64 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. 
Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа аз худ намудани заминҳои нав мебошад, ки он барои таъсиси ҷойҳои нави кор, зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва, ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Давоми ҳашт соли амалишавии Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020 аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Буҷети давлатӣ 3679 гектар заминҳои нави обёришаванда бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ 11 205 гектар замини нав ба маблағи зиёда аз 619 миллион сомонӣ аз худ карда шуданд. Дар маҷмуъ,  наздики 15 ҳазор гектар замини нав мавриди истифодаи кишоварзӣ қарор гирифт. Афзун бар ин, беш аз 20 ҳазор гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба маблағи 7,3 миллион сомонӣ барқарор шуданд, ки заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридгардида ба зиёда аз 35 ҳазор гектар расид.
 
ҲАҚҚИ ХИЗМАТИ ОБРАСОНӢ САРИ ВАҚТ ПАРДОХТ НАМЕГАРДАД 
Мавриди зикр аст, ки пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар муҳлати муқарраргардида омодасозии шабакаҳои обёрӣ ва таъмини оби полизӣ мусоидат менамояд. Дар ин давра аз ҷониби истифодабарандагон зиёда аз 37 миллион сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ  пардохт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,1 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад. Вале идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавии худро иҷро карда бошанд ҳам, ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва пурра аз ҷониби истифодабарандагон пардохт намегардад. Ин боиси афзудани бақияи қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ шудааст, ки бо назардошти солҳои пеш 172 миллион сомониро ташкил медиҳад. 
 
АЗ ТАТБИҚ ТО ТАҲИЯИ ЛОИҲАҲО 
Маврид ба зикр аст, ки дар зарфи се – чор соли охир таъминот бо оби  полизӣ аз ҳисоби насби таҷҳизоти ҳозиразамону таъмиру навсозии дастгоҳи иншооти обёрӣ  хеле беҳтар гашт. Агентӣ барои ворид сохтани таҷҳизоти каммасрафи муосир ҷиҳати барқарорсозӣ, таъмир ва навсозии пойгоҳҳои обкашӣ мунтазам чора меандешад. Аз ҷумла, бо ҷалби ширкати муштараки Хитою Тоҷикистон «Ҷунтай – Хатлон Синсилу», 32 дастгоҳи обкашӣ ва таҷҳизоти барқии ёрирасон ворид шуда, 24 пойгоҳи обкашӣ дар мавзеи Гараутии ноҳияи Дӯстӣ ва 8-тои дигар  дар мавзеи Қубодиёни ноҳияи Қубодиён васл гардиданд. 
Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» барои пойгоҳҳои обкашии Ёвон №№ 17, 1 шаш муҳаррики барқӣ ва шаш дастгоҳи обкашӣ харид шуданд, ки вазъи обёрии ноҳияро беҳтар кард. Илова бар ин, муассисаи мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи дуюми «Таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ»  дар пойгоҳи обкашии Ёвон – 17 сесад метр лӯлаи баландфишори қутраш 1020 мм, 2 дастгоҳи вакуумӣ, дастгоҳи обкашии дренажиро барқарор намуд. Биноҳои обкашии ноҳия навсозӣ ва кранҳои борбардор таъмир шуданд. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии  ноҳияҳои Фархор ва Восеъ дастгирӣ ёфта, корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби  Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон” барқарорсозии 4 пойгоҳи обкашӣ дар ноҳияи Айнӣ ва 10-тои дигар дар шаҳри Панҷакент ба анҷом расиданд.  
Айни замон барои барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Зафаробод ба маблағи 59 миллион доллари ИМА, Мастчоҳ қариб 17 миллион доллар, Ашт 19,4 миллион доллар, мавзеъҳои Хоҷабақирғон – 2 ва Сомғари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутаносибан 17 миллион ва 18,2 миллион доллар лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия гардида, барои маблағгузорӣ ба рӯйхати Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2021 - 2025 ворид гардидаанд.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо вазифаҳои дар наздашон гузоштаро иҷро намуда, дар амалӣ намудани сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда  гузоранд.
 
 
Холмурод РАҲМОН, директори 
Агентии беҳдошти замин ва обёрии 
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2021    №: 193    Мутолиа карданд: 1541
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед