logo

иқтисод

РАШТ. БАРАКАТ АЗ ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба водии Рашт рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро дар ноҳияи Рашт назаррас арзёбӣ намуда, ба соҳибкорони маҳаллӣ ва тамоми мардуми бонангу ори ноҳия, ки ба хотири истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ободу зебо гардондани ин гӯшаи дурдасти кишвар саҳми арзанда гузоштанд, изҳори сипосу қаноатмандӣ карданд.
Ба гуфтаи Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, мардуми меҳнаткаши ноҳия аз сиёсати созандаи Пешвои миллат сидқан ҷонибдорӣ намуда, дастуру ҳидоятҳояшонро дар ҷодаи пешрафту шукуфоии диёр сари вақт иҷро менамоянд. Бо дастовардҳои бузург истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ аз меҳнати содиқонаю софдилона ва ватандӯстию ватанпарас-тии сокинони ноҳия, бахусус соҳибкорони бонангу ор шаҳодат медиҳад.
- Баъди соҳибистиқлолӣ як давраи душвори таърихӣ дар мамлакат оғоз ёфт ва боиси харобии шаҳру деҳу саргардонии қисме аз мардум гардид. Ҷанги таҳмилӣ боиси марги одамони бегуноҳ шуд. Дар ноҳияи Рашт низ вазъ печида буд. Дастаҳои силоҳдор оромиро халалдор карда, сокинони ноҳияро ба оғӯши яъсу навмедӣ тела медоданд, - гуфт раиси ноҳия ва афзуд, ки хушбахтона, баъди ба сари қудрат омадани Пешвои миллат дар як муддати кӯтоҳ дигаргуниҳои чашмгир дар самти сиёсӣ амалӣ гардид ва вохӯриҳои пайваста, панду андарзҳои оқилонаашон ба руҳияи мардум таъсир кард. Сарвари давлат тавонистанд, ки дар дили сокинони ноҳияи мо умедро барои ояндаи нек ва таъсиси як давлати миллию пешрафта гарм кунанд. Ҳамин буд, ки сокинони ноҳия бо дили гарм ба корҳои ободонию созандагӣ машғул шуданд.
Дар даврони Шуравӣ анқариб 18 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ дар хонавагонҳо ҷойгир буд. Хонандагон дар шароити душвор таълим мегирифтанд. Зиёда аз 40 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Маҳз истиқлол ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат буд, ки кори даҳсоларо дар ду сол ба итмом расонд. Дар ноҳия даҳҳо бинои таълимӣ аз нав сохта шуд. Беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ барои мактабҳо аз марказ оварда шуд ва тамоми муассисаҳои таълимӣ бо васоити техникии ҳозиразамон таъмин шуданд. Диққати падару модар ба таълими фарзандон ҷалб карда шуд. Натиҷаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” буд, ки имрӯз нигоҳи сокинони ноҳия ба таълиму тарбия билкул тағйир ёфтааст. Имрӯз садҳо нафар хатмкардагони макотиби ноҳия дар мактабҳои олии кишварамон таҳсил мекунанд, ки бевосита аз соҳибистиқлолист.
Даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ рушд ёфт. Ҳоло дар ноҳия  беморхонаи марказӣ, 6 муассисаи госпиталӣ ва 70 муассисаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ хизмат менамоянд. Солиёни зиёд биноҳои беморхонаи марказӣ таъмир нашуда буданд. Хушбахтона, ба пешвози ҷашни муқаддаси миллӣ соли равон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои  таъмири ин биноҳо имконият пайдо кард. Айни ҳол, таъмир дар шуъбаҳои эҳёгарӣ ва бемориҳои сироятӣ ҷараён дошта, рӯзҳои наз-дик ба итмом мерасад. Дар доираи корҳои ободонӣ шуъбаҳои ҷарроҳӣ, толори ҷарроҳӣ ва шуъбаи бемориҳои сили беморхонаи марказии ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Ба истифода додани бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Буни Сафиён ва Новдонак, идомаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Санги Кар, Зарифӣ ва Кочон, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти замони муосир аз дастовардҳои соҳа мебошанд. Бунёди беморхонаи замонавӣ дар деҳаи Ҳоит низ аз дастовардҳои замони истиқлол аст. Чунин беморхона дар деҳаи Нимич низ сохта шуд. Беморхонаҳо бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талабот пурра таъмин мешаванд.
Даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи фарҳанг ба дастовардҳои зиёд ноил шуд. Дар ноҳия 64 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 13 хонаи фарҳанг, 3 клуб, 40 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 2 боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, филармония, театр, осорхонаи назди бахши фарҳанг, 2 ёдгории таърихии монументалӣ амал намуда истодаанд. Муассисаҳои фарҳангӣ дар масоили худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ҳувияти миллии сокинони ноҳия таъсири мусбат мерасонанд.
- Пӯшида нест, ки кишоварзӣ дар навоҳии кӯҳистони кишвар яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ мебошад, - ёдовар шуд Раҳимҷон Набизода ва изҳор дошт, ки соли 2001 бо вуҷуди камчин будани тухмӣ ва дигар мушкилот дар майдони 92 гектар картошка ва дар 4300 гектар гандум кишт шуд. Боғпарварон беш аз 50 гектар боғи нав бунёд карданд.
Соли 2008 барои кишоварзон бо дастури Пешвои миллат 16 трактори МТЗ-82 ва комбайни ғалладаравӣ низ фиристода шуд.
Соли 2020 мувофиқи «Барномаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» мебоист 348 гектар боғ бунёд гардад. Боғпарварон ҷаҳд намуда, 356 гектар боғ бунёд карданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати кишти картошка дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 3136 гектар расида, картошкапарварон 63198 тонна картошкаи хушсифат гирифтанд. Истеҳсоли мева 18423 тоннаро ташкил дод. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 458 миллиону 882,9 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Барои беҳтар гардондани ҳолати мелиоративӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар мавзеи «Дашти беоб»-и деҳоти Ҳоит 2,5 километр қубур хобонда шуд, ки маблағи корҳои то имрӯз ба анҷомрасида 285 ҳазор сомониро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ марҳилаи якуми сохтмони канали «Мардумӣ» дар деҳоти Қалъаи Сурх идома дошта, дар сурати ба истифода супоридани он зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ мешавад. Инчунин, бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд канали «Камчароғ» дар деҳоти Қалъаи Сурх, ки солҳои дароз аз истифода берун монда буд, аз таъмири асосӣ бароварда шуд, ки дар натиҷа 150 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
- Истиқлолият барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ такони ҷиддӣ бахшид ва дар баробари ин, сокинон аз лиҳози маънавӣ пеш рафта, ҳақиқатро дарк кардаанд. Ҳамаи дастовардҳое, ки дар ноҳия ба даст омаданд, маҳз аз дастгириҳои Пешвои миллат ва ҷонибдории сокинони ноҳия, бахусус соҳибкорони маҳаллӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  насиби мардуми мо гардидааст. Ҳар сафари Пешвои миллат ба ноҳияи Рашт дар пай файзу баракат дошта, умед ҳаст, ки мардуми сарбаланди мо дар асоси ҳидоятҳои навини Пешвои миллат корҳои созандагиро идома дода, ин гӯшаи дурдасти кишварро аз ин ҳам ободу зебо мегардонанд, - гуфт раиси ноҳия.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2021    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 753
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед