logo

маориф

ДАНҒАРА. АЗ БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ТО ДАСТОВАРДИ ХОНАНДАГОН

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок ҳисобида, ҳамасола барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, биноҳои таълимии иловагӣ ва умуман, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандӯзии хонандагон тадбирҳои зиёди зарурӣ меандешанду роҳандозӣ менамоянд. Ин аст, ки дастоварду пешравиҳои ин соҳаи ҳаётан муҳим дар давоми беш аз 20 соли охир бесобиқа арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, тайи чанд соли охир шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
 
Ба иттилои масъулон ҳоло дар ноҳия 80 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 4 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият дорад. Литсейи тамоюли техникӣ, Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат ва Гимназияи ҷумҳуриявӣ аз ҷумлаи муассисаҳои таҳсилотие ба шумор мераванд, ки таълим дар онҳо ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. 
Тавре Бахтиёр Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, зимни суҳбат бо мо гуфт: “Давоми даҳ моҳи соли равон  хонандагон дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, 119 медал (21 тилло, 27 нуқра ва 71 биринҷӣ) ба даст оварданд, ки ин нишондод дар ҷумҳурӣ дар ҷойи сеюм, дар вилоят дар ҷойи якум қарор дорад. Аз ин 50 медал аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Илова бар ин, хонандагони ноҳия дар озмуни байналмилалии “Архимед” 7 медалро соҳиб шуданд. Дар даври ноҳиявии олимпиадаи фаннии синфҳои 9,10,11 аз 320 ғолиби даври минтақавӣ 178 нафар (86 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 92 нафар аз муассисаҳои типпи нав) ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Моҳи июни соли равон дар шаҳри Кӯлоб миёни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои дарёфти Квотаи президентӣ озмун доир гардид. Дар он 18 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия барои идомаи таҳсил ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд”.
Мавриди зикр аст, ки аз хатмкунандагони имсола 1944 нафар (80,3 дарсад) ва хатмкунандагони соли пеш 295 нафар, инчунин, 446 хатмкунандаи синфи нуҳ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурд, ки 89,9 дарсад ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд. 156 омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ аз курси такмили ихтисос гузаштанд. 
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022” муассисаҳои таълимии ноҳия пурра ба зимистонгузаронӣ омодаанд. 
Танҳо давоми даҳ моҳи соли охир Маркази технологияи иттилоотӣ 113 компютер, 12 принтер, 4 тахтаи электрониро аз таъмир бароварда, ба ҳафт муассисаи таълимӣ камераҳои назоратӣ насб кард. Инчунин, ба МТМУ №78 хатти оби нӯшокӣ кашида шуд. 
Кормандони Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф дар озмуни вилоятии “Навраси соҳибистеъдоди беҳтарин”, “Як ҳафтаи ҳаёти кӯдакон” аз рӯйи шаш номинатсия иштирок карда, ҷойи якумро сазовор шуданд. 
Бахтиёр Шарифзода афзуд, ки соли равон дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 ва бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, деҳаи Нурбахши деҳоти Лолазор, бинои нави МТМУ №59, маҳаллаи 11-и деҳоти Корез ва бинои иловагии МТМУ №8, деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шариф сохта, ба истифода дода шуд.
Бинои МТМУ №25 дуошёна буда, барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассиса аз 28 синфхонаи барҳаво кабинетҳои фании химия, физика, математика, биология, астрономия, табиатшиносӣ, таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, компютерӣ, китобхона, дафтарҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон ва ёрирасон иборат мебошад. Дар муассиса маҳфили шоҳмотбозӣ низ амал мекунад. Дар ошёнаи якуми муассиса ошхона бо 50 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Ҳамчунин, барои ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассиса толори муосири варзиш бо 100 ҷойи нишаст бунёд ёфт. Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ҷой гирифтааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Тавре иттилоъ доданд, МТМУ №25 дар деҳаи Нурбахши деҳоти Лолазор ҳанӯз соли 1936 ба таври ҳашар сохта шуда, куҳна ва ба талабот ҷавобгӯ набуд. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ, дар шафати собиқ бинои мактаб синфхонаҳои иловагӣ низ бунёд гаштанд, вале ҳанӯз ҳам хонандагон аз норасоии ҷойи нишаст танқисӣ мекашиданд. - Инак, бо қомат афрохтани бинои наву муҳташам мушкили ҷойдошта бартараф гардида, орзуи деринаи сокинони деҳаҳои ҳамшафати Нурбахш, яъне Офтобрӯя, Чаманоро ва Гулободи деҳоти Лолазор ҷомаи амал пӯшид, - афзуд Бахтиёр Шарифзода.
Дар бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон ва набудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз мушкили асосӣ ба ҳисоб мерафт. Мактаби куҳна ҳамагӣ шаш синфхона дошт. Ҳамасола зиёдшавии шумораи хонандагон дар маҳаллаи 11, деҳоти Корез зарурати бунёди нави муассисаи таълимиро ба миён овард. Ба ин хотир, соли 2019 сохтмони бинои нави муассиса барои 1240 хонанда дар ду баст оғоз гардид. Ин мактаби нав низ дорои синфхонаҳои фаннии физика, кимиё, биология, синфхонаи компютерӣ ва таҷҳизоти лабораторӣ мебошад. Ҳамчунин, бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар саҳни муассиса бо баландии 17,5 метр Парчами давлатӣ парафшон аст. 
Бо мақсади беҳтар гардидани шароити таълим дар МТМУ №8 барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ бинои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд.
Илова бар ин, бинои пешинаи МТМУ №9, деҳаи Сангтӯдаи деҳоти Сангтӯдаро оилаи Давлатзодаҳо аз таъмир бароварданд. Муассиса аз 13 синфхона иборат буда, қариб 500 хонандаро дар ду баст ба таҳсил фаро мегирад. Ҳоло аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва давлати Чин дар ноҳия сохтмони 6 муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.

Кароматулло АТО,  
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2021    №: 228    Мутолиа карданд: 1165
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед