logo

Хабарҳо

Тоҷикистон ният дорад дар доираи СААД ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатар кумак кунад

ТАСС. Тоҷикистон  ният дорад, ки дар чаҳорчӯби Созмони  Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба Қазоқистон барои рафъи хатари бамиёномада кумак расонад. Дар ин бора дар баёнияе, ки рӯзи панҷшанбе дар  сомонаи расмии Вазорати  корҳои хориҷии Тоҷикистон мунташир шуд, омадааст. 
Дар матн зикр мегардад, ки Тоҷикистон дар партави дӯстии чандинасра ва принсипи шарикии стратегӣ дар талоши Қазоқистон барои барқарории сулҳу оромӣ дар кишвар пуштибонӣ мекунад. Вазорати корҳои хориҷӣ дар баёния гуфтааст, ки Тоҷикистон аз ҳаводиси Қазоқистони бародар изҳори нигаронӣ дорад. "Мо чун роҳбарияти Қазоқистон аз вазъи ноороми кишвар дар ташвишем ва мутмаинем, ки он ҳарчи зудтар ором хоҳад гашт",- гуфта мешавад дар матн.
 
Расонаҳо дар бораи вазъи ороми  пойтахти Қазоқистон хабар доданд
INTERFAX.RU. Вазъият дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нур-Султон ором аст, аммо ҳанӯз дар он афсарони пулис ва техникаҳои низомӣ зиёданд,- хабар медиҳад шабакаи  телевизионии «Хабар 24».
"Мисли як рӯзи одист, нақлиёти ҷамъиятӣ, мошинҳо ҳаракат мекунанд, мо ягон чизи махсусро мушоҳида накардем, ба ҷуз ин ки дар атрофи шаҳр пулис ва низомиён зиёданд", - гуфт хабарнигори телевизион. 
Илова бар ин, «Хабар 24» бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар дод, ки фурудгоҳи Ақтоба аз дасти ҷинояткорон озод шудааст. "Ҳукумати вилояти Ҷамбул, бахши  минтақавии ҳизби Nur Otan ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Тараз дифоъ шуда,  ҳукумати Семей аз  қувваҳои тахрибкор озод гардид", - омадааст дар  иттилои ӯ.  
 
СААД аз гардиши вазъи Қазоқистон ба сӯйи беҳбудӣ хабар дод
Лента.ру. Дабири кулли СААД Станислав Зас ба АИР «Новости» иттилоъ дод, ки воқеаҳои рӯзи охир аз беҳбуди вазъ дар Қазоқистон шаҳодат медиҳанд.
Вай  шарҳ дод, ки чунин хулосаи эхтиёткоронаро аз рӯи воқеаҳое, ки дар рӯзҳои охир ба амал омадаанд, баровардан мумкин аст. "Мо умедворем, ки ин тамоюл тақвият хоҳад ёфт",- гуфт ӯ. 
Дар ҳамин ҳол, Зас зикр кард, ки ҳарчанд неруҳои қудратии  Қазоқистон мустақилона  аз иҷрои барқарор сохтани тартибот бароянд ҳам, неруҳои посдори сулҳи СААД бояд ба онҳо кумак расонанд. 
Қаблан Зас ваъда дода буд, ки неруҳои посдори сулҳ дар пароканда кардани тазоҳуротгарон дар Қазоқистон ширкат намекунанд. 
 
СҶТ аз ҳадди аксари сироятёфтагони COVID-19 дар ҷаҳон дар як рӯз хабар дод
ТАСС. Дар 24 соати охир дар ҷаҳон беш аз 2,6 миллион нафар мубталоён ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд, ки ин баландтарин суръати сироятёбӣ тайи як шабонарӯз  дар тамоми давраи пандемия мебошад. Ин маълумотро Созмони ҷаҳонии  тандурустӣ  нашр кардааст.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то 6-уми январ 296 496 809 мубтало ва 5 462 631 фавтида ба қайд гирифта шудааст.   
 
Дабири кулли СААД бо Лукашенко ва Токаев дар бораи вазъи кунунии Қазоқистон гуфтугӯ кард
Газета.ру. Тибқи иттилои котиби матбуоти СААД, Дабири кулли Созмон Станислав Зас бо  Президенти Беларус Александр Лукашенко ва ҳамтои қазоқаш Қосим-Жомарт Токаев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. 
"Роҳбари давлати Қазоқистон ба созмон барои кумак дар рафъи буҳрон ва фиристодани Неруҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СААД изҳори сипос кард",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи котиби матбуоти СААД, сарварони давлатҳо вазъи Қазоқистон ва иҷрои қарори Шурои СААД дар бораи   сафарбар намудани неруҳои посдори сулҳ барои ба эътидол овардани вазъиятро баррасӣ карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 849
19.08.2022


Ҷаласаи раисони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ

ВАРЗИШ

ТОШКЕНТ. ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СҲШ БАРГУЗОР ШУД

18.08.2022


СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ ВА ТАҚВИЯТИ РУҲИЯИ ШАНХАЙ

17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед