logo

иқтисод

ВАНҶ. БАРДОШТ АЗ МУҲАББАТИ МУҲАББАТОВ БА ЗОДБУМУ МАРДУМИ СОҲИБИСТИҚЛОЛАШ

БАРАКАТИ ИСТИҚЛОЛ
Инак  30 сол  мешавад, ки корҳои азими ободкорӣ, бунёдгарӣ ва созандагӣ дар музофотҳои  дурдаст ва баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ низ, оғоз  шудаву бомаром идома дорад. Тайи ин солҳо бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шарикони рушд ва соҳибкорони ватанӣ даҳҳо муассисаҳои саноатӣ, истеҳсолӣ,  иҷтимоӣ, роҳу пулҳо сохта, маконҳои санглохи  асрҳо бекорхобида ба  киштзорону боғот табдил дода шуда, марказҳои хизматрасонӣ дар шафати қуллаҳои сарбаланди Исмоили Сомонӣ бунёд гаштанд. Аз ҳама муҳимаш, дар ин давра инфрасохтори деҳот дигаргун яъне ба қавли шоир «Чӯл боғу гӯшаи вайрона  манзил шудааст».  
Яке аз соҳибкорони  ватандӯст, бонангу номус, муваффақ ва боҳиммат директори генералии ҶДММ «Рухом» Муфарраҳ Муҳаббатов мебошад. Ин ҷавонмарди ташаббускору заҳматкаш, донишманду бофарҳанг дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро  дар раванди рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ содиқона ба ҷо меорад. Ӯ на танҳо бо технологияи навтарин истеҳсоли маҳсулотро  дар корхонааш  зиёд кард, балки дар  водии Ванҷи Боло ба амалҳои ободкорӣ ва созандагӣ даст зада макони хушку холии  мавзеи Вишхарвакро, ки деҳнишинон дар баҳорон ҳамчун чарогоҳ истифода  мебурданд, обод  намуда, ба боғу бӯстон ва  макони сайру  сайёҳӣ табдил дод.
 
БУНЁДИ ПУЛИ НАҚЛИЁТӢ  ДАР ВИШХАРВАК
Дар канори деҳаи Вишхарвак, дар баландии соҳили чапи Ванҷоби пуртуғён мавзеи ба қадре тахту ҳамвор, вале санглоху бегиёҳ доман густурдааст, ки зиёда аз 80 гектар замину ҷангал дорад. Ба гуфтаи раиси деҳоти Рованд Дониш Неъмонов, ҳазорсолаҳо боз рӯди Ванҷоб аз ҳисоби лозурҳои азими Федченко,  Хирсон ва Кашолаях об гирифта, ба оғӯши Панҷи ноором равон мешуд, аммо  дар дашти кушоди Вишхарвак алафу гулу гиёҳҳо ва дарахтон  дар  фасли гармо аз беобӣ хушк мегаштанд. Ҳоли зори  мавзеъро дида, сокинони деҳа   мегуфтанд, ки  «дар лаби оби равон,  лабташна мемирем мо», ки ҳаққу рост буд.
Бо ёрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ, идораи хоҷагии об, дигар масъулон, аҳли деҳот ва, пеш аз ҳама, соҳибкори  муваффақ Муфарраҳ Муҳаббатов аз дарёчаи кӯҳии Ғуҷоваст ба дашти  Вишхарвак иншооти обрасон сохта шуд. Мушкили дигари мардум набудани пули мошингузар аз болои Ванҷоб дар ҳудуди деҳоти Рованд  буд. 
Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар пули  мошингузари Мудехарв - Вишхарвак мавриди истифода қарор гирифт. Тариқи ин пул мардуми деҳоти соҳилҳои дарёнишини Мудехарв, Ширговад, Ғӯмаст, Ғуҷоваст, Рованду Вишхарвак  ва Гармчашма  имкон пайдо намуданд, ки тамоми чор фасли сол аз як соҳил ба соҳили дигари Ванҷоб бемамоният гузар намоянд. Пулҳои ларзонаки пиёдагузари пурхавфу хатари бобоён бунёдкарда аз миён бардошта шуданд. Акнун аз болои ин иншооти роҳдорӣ на танҳо нақлиёти сабукрав, балки  мошинҳои гаронвазни  «Дулан», «МАЗ» ва «КАМАЗ» низ бемалол  ҳаракат  мекунанд.
Аз ҳама муҳимаш  бунёд гаштани пули  Мудехарв - Вишхарвак кори Муфарраҳ ва дигар шахсони ободкор, аз ҷумла бонуи ташаббускор Васила Ғафурова ва Розиқ Гиёевро, ки азми  бунёдкорӣ ва созандагиҳо дар дил доштанд ва бозору меҳмонхона ва корхонаи коркарди равғани ангат ва чормағз бунёд мекарданд, осон намуд. Акнун  кашондани масолеҳи бинокорӣ   ба макони сохтмонӣ осон гардид.
 
МАҶМААИ  ХИЗМАТРАСОНИИ «ВАНҶИ  БОЛО» БА ХОТИРИ РУШДИ ДЕҲОТ,   САЙЁҲӢ   ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ СОХТА ШУДААСТ
Ба қарибӣ ҳамчун рӯзноманигор аз маҷмааи хизматрасонии «Ванҷи Боло»- и дар Вишхарвак бунёдкардаи Муфарраҳ Муҳаббатов     дидан кардем.  Бовар ҳосил намудем, ки ӯ,  бародарон, инчунин,  хешу таборон,  устоҳо  дар фосилаи вақти кӯтоҳ, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро, ки дар хусуси ободии Ватан ба таври шоиста ба ҷо меоранд. Онҳо бо иттиҳод  ва боварӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни пуршарафи 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоеро ба анҷом расондаанд, ки дар шароити  иқлими сарду номусоиди баландкӯҳ хеле ҳам мушкил аст. Танҳо азму талошҳо, боварӣ ба иҷрои ниятҳо ва орзуҳои хеш ва аз ҳама болотар ва волотар ҳисси баланди ватандӯстиашон буд, ки  Муфарраҳ Муҳаббатов ба ваъдаи дар назди мардуми деҳоти Рованд ва  сокинони  ноҳияи  Ванҷ додаи худ  содиқона  вафо намуд ва ба бунёди чунин маҷмааи замонавии хизматрасонӣ оғоз кард.
Муфарраҳ Муҳаббатов бо мушкилоти зиёде соҳили дарёи Ванҷобро садди оҳану бетонӣ ва сангин сохта, қариб 5 гектар  макони санглохро тахту ҳамвор намуда,  киштзор ва боғи меваҳои себу нок, амруд, гелосу зардолу  ва чормағз бунёд кард. Сипас,  бинои  меҳмонхонаи замонавӣ, ошхона,  фермаи  чорводорӣ барои парвариши зиёда аз 50 сар чорвои калон,  ҳавзи моҳипарварӣ, коргаҳи табақу қошуқтарошӣ ва сохтани  дигар асбобу анҷоми мардумӣ, чанд  иншооти ёрирасонро ба истифода дода, роҳи миёни деҳаи Вишхарвакро  тахту ҳамвор намуд. Ин маҷмааи хизматрасонии  зебо  ва тарҳи хушнамуддошта дар  доираи татбиқи  барномаи ҳукуматии рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади   қабули ҷаҳонгардони хориҷӣ, меҳмонони сершумор аз гӯшаю канори гуногуни мамлакат   мавриди истифода қарор дода шудааст. Маҷмаа номи дар саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва  кишвар маълуму машҳури «Ванҷи Боло»-ро гирифтааст. 
 
МАЙДОНИ ВАРЗИШИИ «МУҲАББАТ» ДАР ДОМАНИ ҚУЛЛАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Дар яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияи Ванҷ, дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   Ванҷро диёри паҳла-вонон номиданд, ки боиси ифтихор аст. Аз ҷумла, дар  деҳаи Ғуҷоваст  майдондори номдор Имат - паҳлавон, ки то синни 70 - солагӣ гӯштин мегирифтааст ва боре ҳам мағлуб нашудааст, зиндагонӣ кардааст. Дар айёми пирӣ ба ҳунармандӣ машғул шуда, беҳтарин табақу қошуқро метарошидааст. Пешаи   ин абармардро имрӯзҳо ҷаҳонпаҳлавонони  диёр дар усули  гӯштини самбо ва ҷудо Сомон Маҳмадбеков ва Хушқадам Хусравов ва дар ҳунармандӣ ҷавонони зиёде   идома медиҳанд. 
Тибқи иттилои иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода,  кору амалҳои беқиёси  ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳое, ки дар доираи таҷлили сазовори Ҷашни фархундаи сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буданд, дар  соли нави 2022 низ дар деҳоти Ванҷи Боло бомаром идома доранд. Басе ҳам рамзӣ буд, ки дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи навободи дашти Вишхарвак аз ҷониби  роҳбари  ширкати  «Рухом» ва маҷмааи хизматрасонии «Ванҷи Боло» Муфарраҳ Муҳаббатов  майдони варзиш барои машқу тамрини  ҷавонон ва наврасони деҳоти Рованд бо 1500 ҷойи нишаст, бо номи «Муҳаббат» дар вазъияти ботантана  мавриди истифода қарор гирифт. Ин иншооти варзишӣ  ҳоло дар деҳоти  водиҳои дурдаст ва баландкӯҳи  Бадахшон  ҳамто надорад.
Боз муҳимтараш он аст, ки дашти Вишхарвак ҳоло  на як макони бекорхобида ном бурда мешавад. Акнун бо ҳиммати баланди   фарзанди бонангу номуси ин маҳали пурганҷ, директори генералии ширкати «Рухом» Муфарраҳ Муҳаббатов   хушрангу   хушнамуд  ва  басе ҳам диданӣ гардида, ободкорӣ ва навгониҳо идома доранд. Дар шаъни чунин мардони ҳимматбаланду саховатманд  адибе басо ҳам  хуб гуфтааст:
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор, 
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2022    №: 36    Мутолиа карданд: 1173
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед