logo

иқтисод

«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН - 2022». ИҚДОМЕ БАҲРИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРОН

Аз 25 то 27 март дар Маҷмааи «Кохи Борбад» бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ширкати ватании «Тайрон» дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» намоиши маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ доир гардид, ки дар он беш аз 30 ширкати бонуфузи мамлакат  маҳсулоту хизматрасонии худро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон ва меҳмонони зиёди хориҷӣ ширкат варзиданд. 
Дар чорабинӣ, аз ҷумла ширкатҳои овозадори “Рамазон”, “Файзи Расул”, “Покиза”, “Ҳавас”, “Баҳори пурфайз”, “Мармарӣ”, “Кок”,“Раҳмат-2004”,  “Шоколате”, “Шири Душанбе”, “Молочная радост”, “Фаровон-1”, “Авитсена”, “Сиёма”, “Шоҳамбарӣ”, “Артел” Рамис”, “Химус”, “Евродент”, Маркази зебоии “Сафия”, “Қолинҳои форс”, “Париматч” ва “Ҳимоя”, маҳсулоти хушсифат ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳои худро ба маърази тамошою фурӯш гузоштанд. 
Иштирокдорони намоиш аз маҳсулоту хизматрасонии пешниҳоднамудаи истеҳсолкунандагон бо хушнудӣ пазироӣ намуда, ин чорабинии тиҷоратиро барои тавсеаи ҳамкориҳо миёни соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ таконбахш арзёбӣ карданд. Тавре Беҳбудулло Суннатуллоев, як нафар аз ширкаткунандагон, изҳор дошт, баъди боздид аз намоишгоҳ умеду бовараш ба самараи кори истеҳсолкунандагони ватанӣ бештар аз пештар гардидааст. 
- Вақте ин қадар ғурфаҳои рангоранги намоишгоҳро, ки ширкати «Тайрон» ташкил намудааст, дидам, воқеан ба иқтидори рӯзафзуни соҳибкорони маҳаллӣ дар дилам эътимоди зиёд ҳосил шуд. То ин вақт тасаввуроти ман доир ба маҳсулоту хизматрасониҳои соҳибкорони худӣ хеле кам буд. Натиҷаи фаъолияти соҳибкорон, хусусан дар бахши молу маҳсулоти хӯрокворию сохтмонӣ,  қобили ситоишу дастгирист. Ин ҳама пешравиҳои рӯзафзун бори дигар собит месозанд, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, хусусан ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, иқтисодиётро ба сӯи зинаҳои баланди рушд таҳрик медиҳад, - гуфт ӯ. 
Ба иттилои ташкилкунандагони намоишгоҳ, лоиҳаи мазкур 10 сол боз амал менамояд. Ҳадаф аз роҳандозии он тарғиби молу маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба беҳтар намудан сифати он ва дастгирии соҳибкорони маҳаллист. Дар доираи иқдоми мазкур ширкатҳои ватанӣ имкон пайдо менамоянд, ки дар муҳлатҳои муайян ҷамъ омада, молу маҳсулоташонро ба таври васеъ пешниҳод намоянд. Намоишгоҳ баҳои воқеии истеъмолкунандагонро дақиқ месозад, ҳамзамон, дар байни ширкатҳо мубодилаи афкори ҳамкорӣ ва рақобати солимро ба вуҷуд меорад.  
Дар чорабинии мазкур зери унвони “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”  ғолибонро худи истеъмолкунандагон-харидорон бо роҳи овоздиҳӣ баҳогузорӣ мекунанд. Овоздиҳӣ ба ҷонибдории иштирокчиёни лоиҳа дар сомонаи lmarka.tj сурат гирифта, ҳар нафар метавонад ба ҷонибдории тамғаи писандидаи худ овоз диҳад. 
Ҳамзамон, ташкили намоишгоҳ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба ҳамдиёрони азиз шароит фароҳам овард, ки  аз ин ҷо намудҳои гуногуни маҳсулоти гӯштию ширӣ, орду  макарон, равған, тухм, намудҳои гуногуни қанду шоколад, кулчақандҳо, шарбатҳои  мева ва дигар маводи ғизоиро бо арзиши паст дастрас намоянд. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2022    №: 61    Мутолиа карданд: 900
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед