logo

иҷтимоиёт

ФИДОИИ РОҲИ ИЛМ

(Сухане чанд дар бораи осору фаъолияти олим ва донишманди тоҷик Кароматулло Олимов)
 
Илму дониш дар тамоми тули таърих барои мардуми тоҷик арзиши баланди иҷтимоӣ дошта, дар фарҳангу маънавиёташ ин падидаҳо чун «чароғи дил ва ҷавшани тан» шинохтаву маънидод шудаанд. Тоҷикон пайваста бо шахсияту чеҳраҳои илмиву фарҳангияшон ифтихор доштаву дар ҳама марҳилаҳои гуногуни таърихӣ нобиғаҳоеро чун армуғон ҳам ба ҷомеаи худ ва ҳам ба ҷомеаи башарӣ эҳдо намудаанд. Илму фалсафаи даврони шуравии тоҷик низ бо дастоварду қимати маънавияш марҳилаи хеле нодир ва пурарзиши фарҳангу маънавиёти ин халқ маҳсуб ёфта, он зинаи муҳимеро дар таҳаввул ва рушди илму фарҳангаш ташкил медиҳад. Ташаккулу пешрафти ин марҳилаи илму фалсафа, пеш аз ҳама, бар дӯши афроди донишманду равшанзамири миллат меистод, ки дастпарварони баъдинааш донишу таҷрибаи ғании худро дар замони истиқлол низ дар роҳи пешрафту тараққии Ватан сарф мекунанд. Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ба мақом ва нақши илм дар инкишофи ҷомеа диққати хосса дода, истифодаи дастовардҳои илмиро дар роҳи тараққии ҷомеа аз самтҳои афзалиятдоштаи сиёсати хеш қарор додаанд ва баҳри густариши он аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Маҳз дар заминаи ҳамин сиёсати бунёдкоронаву созандагӣ кишвар ба марҳилаи нави пешрафти худ ворид гаштаву натиҷаи он барои  ҳама имрӯз равшан аст. Маълум аст, ки дар амалӣ намудани ин сиёсати созандагӣ ва дастуру ҳидоятҳои ба он рабтдошта, пеш аз ҳама, саҳми олимону донишмандон ва шахсиятҳои ҷамъиятӣ хеле муассир аст. 
Яке аз чунин олимону донишмандон, ки ҳаёту зиндагӣ ва илму дониши фаровони худро барои пешрафт ва ободии кишвар равонаву сарф намудааст, ин устод Кароматулло Олимов мебошад. Он кас аз шахсиятҳои шинохтаи дар Тоҷикистон ва берун аз он аст, ки ба муаррифии алоҳида эҳтиёҷ надорад, вале баёни чанд матлаб дар мавриди осору фаъолияти ин донишманди барҷаста, олими шинохта, муҳаққиқи хушсалиқаву соҳибмактаб, инсони фурӯтану хоксор ва ватандӯсту ватанпарвар барои аҳли назар аз аҳамият холӣ нест. Ӯ дар ҷомеаи мо ба ҳайси олими варзида, сиёсатмадори дурандеш ва ходими давлативу ҷамъиятӣ кайҳо боз соҳиби обрӯву эътибор мебошад.
Кароматулло Олимов парвардаи мактаби илмӣ – фалсафии донишмандоне, ба мисли Б. Ғафуров, А. Баҳоваддинов, М. Осимӣ, А. Мирзоев, М. Диноршоев ва дигарон мебошад, ки дар саргаҳи ин мактаб Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ меистод. Ӯ соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи унвонҳои Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, Сафири сулҳи ҷаҳонӣ ва ғайраҳо мебошад. Самтҳои фаъолияти ин шахсияти миллӣ гуногунҷабҳа бошанд ҳам, вале ҷанбаи асосии фаъолияташро соҳаи илм ва таҳқиқоти илмӣ ташкил медиҳад. Дар доираҳои илмии ватаниву хориҷи кишвар ӯ ҳамчун муҳаққиқи соҳаи таҳқиқу омӯзиши таърихи афкори фалсафӣ, афкори иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқии мардумони Шарқ ва, инчунин, масоили назариявиву методологии фалсафаи муосир шинохта ва пазируфта шудааст. Ба қалами устод бештар аз 400 асари илмӣ тааллуқ дорад, ки дар онҳо таълимоти фалсафиву ахлоқӣ ва, инчунин, илмии бузургтарин мутафаккирони тоҷик ва Машриқзамин, аз зумраи Ҳаким Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдураҳмони Сулламӣ, Абусаиди Абулхайр, Абулҳасани Харақонӣ, Мустамлии Бухороӣ, Абунасри Форобӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Алишер Навоӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ ва дигарон таҳлилу таҳқиқ шудаанд. Дар ин баррасиҳои худ Кароматулло Олимов аз худ як донишу қобилияти баланди таҳқиқотӣ ва мӯшикофона нишон дода, паҳлуҳои то ба ҳанӯз омӯхтанашудаи афкори ин мутафаккирон ва ҷанбаҳои барои фарҳангу маънавиёти имрӯзаи мо муҳими онҳоро равшан ва ба хонанда пешкаш намудааст. Ҳамаи ин таҳқиқотҳо аз тарафи олимон ва мутахассисони соҳа баррасӣ шуда, баҳои баланд гирифтаанд.
Намунае чанд аз таълифоти илмии Кароматулло Олимов дар ин самт, аз қабили «Ҷаҳонбинии Саноӣ» (Душанбе,1973, бо забони русӣ), «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ» (Душанбе,1988), «Тасаввуфи Хуросон» (Душанбе,1995, бо забони русӣ), «Баррасиҳо дар тасаввуф» (Душанбе,1999), «Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои X- XII» (Душанбе, 2019), «Ҷусторе дар аҳвол, осор ва ҷаҳонбинии Зуфархон Ҷавҳарӣ» (Душанбе, 2020), «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат» (Душанбе, 2021)», «Ахтари дурахшони илм (Таҳқиқоте мухтасар дар бораи академик М. Осимӣ), (Душанбе, 2020)» ва ғайраҳоро ном бурдан мумкин аст, ки арзиши баланди илмӣ дошта, миёни муҳаққиқон чун асарҳои гаронмоя ва миёни устодону донишҷӯён бошад, ҳамчун сарчашма ва дастури таълимию таҳқиқотӣ қабул шудаанд. 
Муаллиф дар ин асарҳо бар асоси сарчашмаҳои зиёди таҳқиқнашуда ва чанде таҳқиқоти муҳаққиқони ватанию хориҷӣ таълимоти мутафаккирони аҳли ирфонро мунсифона аз мавқеи интиқодӣ таҳқиқ намуда, ҳам ҷанбаҳои мусбату арзишманд ва ҳам нуқсони андешаҳои онҳоро муайян кардааст. Ҷиҳати хоси таҳқиқоти муаллиф дар ин асарҳо дар он зоҳир мешавад, ки ба масъалаи таълимоти тасавввуф аз мавқеи манофеи имрӯзаи миллию давлатии мо муносибат карда, таълимоти ин ҷараёнро дар муҳити тарбияву ахлоқ ва фазои маънавӣ зарур баррасӣ намуда, дар низоми ҷаҳонбинӣ бошад, таъкид бар он мекунад, ки ин таълимот имрӯз набояд ба илмҳои дақиқ ва ҷаҳонбинии илмӣ, ки тақозои замони муосир аст, зиддият ва ба он мушкилӣ эҷод намояд. Муаллиф дар асари тозанашри худ «Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асри X- XII» (Душанбе, 2019)  ин матлабро равшантар баён намуда, зикр мекунад, ки сиёсатҳои навистеъмории кишварҳои хориҷиву ғарбӣ ва “иштиҳои” сернашавандаи трансмонополияҳо, ки сарватҳои табии ҷомеаҳои исломӣ ва бозорҳои онҳоро таҳти тасарруфи худ гирифтанӣ ҳастанд, исломи бунёдгаро ва тасаввуфро низ чун неруи муқовимати кишварҳои исломӣ дар солҳои охир ба сӯи тундгароӣ равона намудаанд. Вале ба вуҷуди ин, дар ин таълимот дар асрҳои миёна андешаҳои сулҳи кулл ва ваҳдати инсонӣ низ ҷой доштанд, ки ҳанӯз ҳам дорои аҳамият мебошанд ва онҳоро аз назариёти ифротгароёну мутаассибон ҷудо бояд кард.
Дар асари дигари ба тозагӣ нашркардааш «Ахтари дурахшони илм (Таҳқиқи мухтасар дар аҳвол ва осори илмии академик Муҳаммад Осимӣ), (Душанбе, 2020)»  Олимов  фаъолият ва осори илмии олими намоёни тоҷик, собиқ Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Муҳаммад Осимиро ба риштаи таҳқиқ кашида, ба ин хулоса омадааст, ки осори ин шахсияти миллӣ имрӯз ҳам аҳамияти илмӣ ва тарбиявии худро аз даст надодаанд ва барои ҳалли масъалаҳои фалсафӣ, таърихӣ ва ховаршиносӣ мусоидат хоҳад кард. Дар китоби дигараш «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат» (Душанбе, 2021)» муаллиф паҳлуҳои гуногуни фаъолияту заҳмати Президенти кишварро дар замони истиқлол баррасӣ намуда, саҳми он касро дар бақо ва рушди давлатдории миллии мо асосӣ арзёбӣ мекунад. Бо таъкиди муаллиф нақши нухбагони сиёсӣ барои миллат дар рафти бархӯрди манфиатҳои геополитикии ҷаҳони имрӯза ва раванди ҷаҳонишавӣ хеле муҳим мебошад.   
Кароматулло Олимов дар баробари ин, дар кори омодаву таҳрир ва ба нашр тайёр кардани асарҳои барои илми имрӯзаи тоҷик муҳиме аз қабили нашри «Осори мунтахаби Ибни Сино» ҷилдҳои 1 ва 2, «Мунтахаби осори Ҳаким Саноӣ» дар ду ҷилд, «Мунтахаби осори Зуфархон Ҷавҳарӣ», «Осори Абдуллоҳи Ансорӣ» ва ғайраҳо саҳми бевосита гирифтааст. Ҳамзамон, дар таълифи китоби академии калонҳаҷми «Таърихи фалсафаи тоҷик: аз аҳди бостон то қарни ХV» бо забони русӣ ва панҷҷилдаи тоҷикии он роҳбарӣ кардаву саҳми бевосита дошт. Ӯ, ҳамчунин, дар тарҷума ва таҳрири осори фалсафии гузаштагонамон худро чун пажӯҳишгар ва тарҷумони вораста нишон додаст, ки тарҷумаи рисолаи «Азҳавия» ва китоби «Мабдаъ ва маъод»-и Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино бо забони русӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Ин асарҳо дар муаррифии фалсафаи тоҷик дар байни муҳаққиқони хориҷи кишвар нақши муҳим доранд. 
Ҳамзамон, Кароматулло Олимов дар атрофи мавзуъҳои муҳими ҷомеаи муосири мо, аз қабили Истиқлолияти давлатӣ, худшиносии миллӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, моҳият ва хусусияти принсипи дунявияти давлат, тарбияи ҷавонон дар ин руҳия ва ғайраҳо ҷузвия ва мақолаҳои зиёде ба нашр расондааст, ки аҳамияти бевоситаи ҳам назариявӣ ва ҳам амалиро доро мебошанд. Ба таври мисол, мақолаи ӯ  «Мулоҳизаҳо пиромуни баҳси “дунявӣ” ва “теократӣ”», ки ҳанӯз соли 1999 дар рӯзномаҳои кишвар ба табъ расида буд, ба яке аз масъалаҳои доғ ва пурбаҳси он рӯзҳо - хусусият ва вижагии моҳияти дунявӣ будани давлат бахшида шуда буд, ки баҳсу нофаҳмиҳои зиёдеро дар ҷомеаи онрӯзаи мо рӯи кор оварда буд. Дар ин мақола муҳаққиқ бар асоси далелҳои муътамади  илмӣ собит карда буд, ки усули дунявият, ки яке аз аслпояҳои конститутсионии ҷомеаи моро ташкил медиҳад, ба фарҳангу анъанаи гузаштаи ҳам динӣ ва ҳам давлатдории мо бегона нест ва ҳаққу ҳуқуқи динии қишри эътиқодманди ҷомеаро маҳдуд намесозад. Бо ин назардошт, аз ин падида мушкилоти сунъӣ сохта, принсипи мазкурро барои ҷомеаи мо  ғайри қобили қабул хондан беасос аст. Мақола дар роҳи иҷтимоӣ сохтани усули дунявият ва нарму мулоим гардондани фазои мафкуравии кишварамон он замон нақши мусбат бозида буд. Таъкид намудан лозим аст, ки ин мақола ҳоло ҳам аҳамияти илмиву амалии худро аз даст надодааст ва то имрӯз яке аз таълифоти ҷиддӣ дар ин мавзуъ ба шумор меравад. Асари дигари устод «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ» низ дар ҳамин руҳия таълиф ёфта, заминаҳои таҳкими Истиқлолияти давлатиро дар сатҳи ташаккулёбии шуури миллии аҳли ҷомеа баррасӣ мекунад. Дар ин ҷо зикр карданием, ки ин гуна таълифоту мақолаҳои Олимов қимати баланди илмиву таҳқиқотӣ дошта, ҳар кадом дар алоҳидагӣ баробари як рисолаи алоҳидаи илмӣ арзиш доранд. Барои таҳлилу баррасии корҳои илмии Кароматулло Олимов ва ҳатто номбар кардани унвони онҳо як навишта ғайриимкон аст ва ин кор таҳқиқоту омӯзиши васеътареро талаб менамояд.          
Кароматулло Олимов дар баробари олими намоён будан, ҳамчунин, ташкилотчии беҳтарини соҳаи илм низ ба шумор меравад. Ӯ аз ходими илмӣ, мудири сектори таърихи фалсафаи Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба вазифаҳои мудири кафедра, директори Институти фалсафа ва ҳуқуқ, директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ расида, инчунин, дар вазифаҳои дигар низ ифои вазифа намудааст. Дар баробари ин, он кас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳамзамон, дар вазифаҳои вазири фарҳанг, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият ифои вазифа намудааст. Аз соли 2001 то соли 2011 раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – ро ба уҳда дошт ва барои ба феҳрасти ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид намудани «Шашмақом», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон» заҳмати зиёд кашидааст. Ҳамзамон, дар баргузории чорабиниҳои бузурге дар ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили гузарондани Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО моҳи октябри соли 2005 дар Париж ва чандин фестивалу лоиҳаҳои барои ҷумҳурии мо муҳим хидмати арзандаи ватанпарастонаро анҷом додаст. Инчунин, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Покистонро низ раисӣ карда, барои таҳкими муносибатҳои нек бо ҳамсоякишварҳоямон саҳм гирифтааст. Устод дар давоми фаъолияташ дар ҳамаи ин вазифаҳои баланди давлативу ҷамъиятӣ дар муомила ба ҳамкорону шогирдон ва, инчунин, корафтодагоне, ки барои мушкилие ба он кас муроҷиат кардаанд, бо як хоксориву муомилаи нек муносибат намуда, мушкилоти онҳоро ба қадри тавонаш ҳал намудааст. Дар ҳама вазифаҳое, ки фаъолият кардааст, фазои солим ва бовариву эътимоди ҳамкорону кормандон ва корхонаро ба вуҷуд овардааст. Саҳми Олимов дар истиқрори сулҳ ва созгории миллии кишвар низ ба ҳайси узви Комиссияи оштии миллӣ арзанда мебошад. 
Соҳаи дигари бисёр муҳим ва назарраси фаъолияти устод Кароматулло Олимов бахши маорифу таълим ва тарбияи кадрҳои илмӣ мебошад. Таҳти роҳбарӣ ва мушовараи устод чандин нафар рисолаҳои таҳқиқотӣ навишта, дараҷаҳои илмии докторӣ ва номзадии худро дифоъ намудаанд. Он кас солҳои тулонӣ аъзои Шурои дифои диссертатсионӣ ва, ҳамчунин, раисии онро ба зимма дошта, дар тайёр ва омода намудани рисолаҳои илмӣ ва мутахассисони касбӣ нақши бевосита бозидааст. Устод дар баробари муносибати нек ва хоксориву нармдилияш бо шогирдон ва унвонҷӯён боз бағоят серталаб ва сахтгир мебошад. Нармдилии он кас ҳаргиз маънои пуштибонии бепоя ва «чашм пӯшидан» аз камбудиҳои шогирдонро надорад. 
Олимов дар баробари фаъолияти гуногунсоҳааш, дар навиштани шеър низ дасту қалами бурро дорад. Ҳарчанд аз камоли хоксорӣ ҳеҷ гоҳ худро ҳамчун шоир муаррифӣ накардааст, табъи шеъргӯӣ ва истеъдоди ӯ баръало намоён будаву барои аҳли адаб ва ҳамкорон кайҳо равшан аст. Нашриёти «Адиб» маҷмуаҳои ашъорашро бо унвони «Паёми садоқат» ва «Анвори меҳр» аз чоп баровардааст, ки саршор аз меҳру муҳаббат ба халқу Ватани азизамон мебошанд. Ҳамин тариқ, тамоми умри бобаракати ин олими варзида ва донишманди шинохта барои рушду пешрафти илми кишвар сарф шудааст.
Чанд рӯз пеш Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон устод Кароматулло Олимовро ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ пешбарӣ намуд. Мо ташаббуси мазкурро бо хушнудӣ дастгирӣ карда, ин донишманду олими сермаҳсулро ба ҷоизаи давлатии мавриди назар сазовор медонем.  
 
Ғ. МИРЗОЕВ, 
доктори илмҳои фалсафа, 
мудири кафедраи фалсафаи назди раёсати  АМИТ,
С. АҲМАДОВ, 
доктори илмҳои фалсафа, муаллими факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
С. ҶОНОНОВ, 
доктори илмҳои фалсафа, муаллими факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
Ш. АБДУЛЛОЕВ, 
номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ,
Қ. НУРУЛҲАҚОВ, 
номзади илмҳои фалсафа, муаллими факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2022    №: 115    Мутолиа карданд: 495
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед