logo

Хабарҳо

Суҳбати телефонии Токаев бо Мирзиёев

CentralAsia (UZ). 4 июл Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев  бо Президенти Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ анҷом дод. Президентҳо масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд. Бино ба гузоришҳо, Токаев тасмимҳои саривақтии роҳбарияти Ӯзбекистон дар бораи таъмини субот дар Қарақалпоқистонро қайд кардааст. 
Президенти Қазоқистон ба Шавкат Мирзиёев дар баргузории раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия муваффақият таманно карда, таъкид намуд, ки ин рӯйдод лаҳзаи муҳим дар татбиқи барномаи ислоҳоти густурдаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ӯзбекистони бародар хоҳад буд. 
 
 
Мишустин: «Ҳамкории Россия ва Қазоқистон муқовимати худро ба чолишҳои беруна собит кардааст»
Мир 24. Дар Екатеринбург Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром – 2022» ифтитоҳ ёфт. Миёни меҳмонони фахрӣ сарвазирони Қазоқистону Россия Алихон Смаилов ва Михаил Мишустин низ ҳастанд.
«Мо рушди шарикӣ бо Қазоқистонро ба унвони як авлавияти мутлақ дар назар мегирем. Ҳамкориҳои мо бо мурури замон санҷида ва муқовимати худро ба муборизаҳои беруна борҳо собит кардааст”, - гуфт Михаил Мишустин. 
«Мақсади асосии ҳукуматҳои кишварҳои мо иҷрои вазифаҳои бамиёнгузошташуда мебошад. Ин сеюмин вохӯрии мо дар соли ҷорӣ аст. Ҳукумати Қазоқистон ба муколамаи фаъол дар тамоми самтҳои ҳамкории мо, ки ба амиқтар кардани ҳамкориҳои иқтисодӣ нигаронда шудааст, омода мебошад», - таъкид намуд Алихон Смаилов.
 
 
Си Ҷинпин даъват кард, ки рушд дар маркази рӯзномаи ҷаҳонӣ 
гузошта шавад
REGNUM. Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар номаи табрикӣ ба Форуми ҷаҳонии рушд, ки дар он марказҳои таҳлилӣ ва намояндагони расонаҳои хабарӣ дар Пекин ширкат доштанд, изҳор намуд, ки Чин омода аст бо кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ кунад, то рушдро дар мадди аввали рӯзномаи байналмилалӣ қарор диҳад.
Ба гуфтаи Си Ҷинпин, ҷаҳон алҳол аз таъсири якҷояи тағйироти ҷиддӣ ва пандемияи шадиди коронавирус азият мекашад, барқарорсозии иқтисоди ҷаҳон ноустувор аст ва фарқияти байни Шимол ва Ҷануб васеъ мешавад. «Вақте ки ҷаҳон ба давраи нави нооромиҳо ва дигаргуниҳо ворид мешавад, пешбурди рушд ба як масъалаи муҳими башарият табдил меёбад. Аз ин рӯ, Чин ташаббуси глобалии рушдро пешниҳод мекунад»,-  гуфт Си Ҷинпин.
 
 
Шолс мушкилоти кунунии иқтисодии Олмонро дарозмуддат номид 
INTERFAX.RU. Мушкилоти иқтисодии кунунии Олмон дар ояндаи наздик ҳал нахоҳад шуд, - гуфт Канслери Олмон Олаф Шолс.
«Буҳрони имрӯза дар чанд ҳафтаи наздик хотима нахоҳад ёфт. Мо бояд ба он омода бошем, ки вазъ дар ояндаи наздик тағйир намеёбад. Ба ибораи дигар, мо бо як чолиши таърихӣ рӯ ба рӯ ҳастем”, - иқтибос овардааст суханони ӯро Bloomberg. 
Ӯ, дар баробари ин, душвориҳои ҳозираро бо вазъияти солҳои 60-ум ва 70-ум муқоиса кард.  Шолс огоҳ месозад, ки болоравии нарх ба ҷамъияти  Олмон таъсири «таркишовар» расонда, зиддиятҳои байни табақаҳои гуногуни аҳолиро амиқтар мегардонад. Дар ҳамин ҳол, Канслер сабаби асосии ҷаҳиши таваррум дар Олмонро ба вазъ дар атрофи Украина, пандемияи COVID–19 ва халалдор шудани каналҳои байналмилалии интиқоли молҳо рабт дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3936
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед