logo

Хабарҳо

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ДИРЕКТОРИ ХБА

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, ки дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар шаҳри Бад-Рагаси Швейтсария қарор дорад, бо директори ХБА хонум Крис-талина Георгиева мулоқот кард.
Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории самарабахши ХБА ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори ташаккур карда, барои тавсеаи ҳамкориҳои оянда изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Ҷониби Тоҷикистон зарурати роҳандозӣ намудани барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи “Механизми васеи қарздиҳӣ” аз ҷониби ХБА, барқарор намудани намояндагии доимии ХБА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар татбиқи ҳадафҳо ва ислоҳот нақши ҳамоҳангсозро иҷро мекунад, мавриди баррасӣ қарор дод. 
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон омодагии ҳамешагии ҷониби Тоҷикистонро барои муколамаи озод ва ҳамкорӣ баён намуда, ҷиҳати баргузории ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Дар вохӯрӣ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар БҶ ва ХБА Илҳом Раҷабов иштирок доштанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,  “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО  ДАР СОҲАИ БОНКДОРӢ
Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор, ки аз 3 июл то 6 июли соли 2022 дар шаҳри Бад-Рагаси Швейтсария мегузарад, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария ҷаноби Томас Йордан вохӯрии судманд дошт. 
Зимни суҳбат ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳо дар самти баланд бардоштани тахассусияти кормандони БМТ тавассути табодули таҷриба ва ташкили семинарҳои омӯзишӣ аз ҷониби БМШ, дар мавзуъҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, комплаенс таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Масъалаи роҳандозии муносибатҳои муросилотии байни низоми бонкии Тоҷикистону Швейтсария ва дигар давлатҳои Аврупо низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Ҷаноби Томас Йордан аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноат намуда, барои тавсеа бахшидан дар самти устувории низоми бонкӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро баён намуда, мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар семинари омӯзишии муштараки бонкҳои миллии Швейтсария ва Полша, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар аст, даъват кард.
Дар мулоқот вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов иштирок доштанд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7276
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед