logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ОДАМКУШӢ
Қотили ноболиғ ҷазои сазовор гирифт 
 
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шаҳрванд Владимир Шерстнёвро бо моддаҳои 32 қисми 3-138 қисми 3 банди “а” (суиқасди таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни  чордаҳсолагӣ нарасида) ва 104 қисми 2 банди “в” (одамкушӣ нисбат ба шахси баръало ноболиғ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба муҳлати 29 сол аз озодӣ маҳрум кард.
 
Бар пояи тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ, В. Шерстнёв аввалҳои моҳи феврали соли 2022 бо М. Ғоибназарова санаи таваллудаш 27 июни соли 2008 шинос шуда, бинобар ҷойи зист надоштани ноболиғ ва модараш муваққатан онҳоро дар манзили худ ҷой мекунад.
Ҷинояткор 28 феврали соли 2022 пас аз нӯшидани маводи спиртӣ М. Ғоибназароваро гӯё барои ёрӣ расондан ҳамроҳаш ба манзили истиқоматии шаҳрванд Ҷаҳонгир Юсупов, ки дар онҷо бо корҳои таъмирӣ машғул буд, мебарад. Дар рафти иҷрои корҳои таъмирӣ боз маводи мадҳушкунанда нӯшида, дар ҳолати мастӣ барои қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ бо истифодаи зӯроварӣ қасди таҷовуз ба номуси хурдсолро менамояд. Бинобар муқобилияти зиёд нишон додани ноболиғ бадахлоқ ӯро буғӣ карда, ба қатл мерасонад.
 
 
 
СОХТАКОРИИ ХИЗМАТӢ
Муҳосиби мактаб барои маблағҳои азхудкардааш ҷавоб мегӯяд 
 
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Абдуҷаббор Холиқовро, ки дар вазифаи муҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и шаҳри Кӯлоб кор мекард, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристод.
 
Бино ба хабари Агентӣ, А. Холиқов дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабӣ ва сохтакории хизматӣ дар ҳуҷҷатҳои муҳосибии музди меҳнати кормандон маълумоти таҳрифшударо ворид намуда, бо ин амалаш маблағи умумии 892 947,05 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Кирдорҳои А. Холиқов бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (сохтакории хизматӣ) Кодекси ҷиноятӣ бандубаст шудааст. 
 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Марди қаблан судшуда боз се нафари дигарро фиреб дод
 
Як марди 50-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, боз се нафари дигарро ба доми худ кашидааст. 
Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, бар асоси аризаи марди 60-солаи шаҳри Душанбе ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, моҳи августи соли 2021 гумонбар аз ӯ 140 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки ба вай трактори мехлапата гирифта медиҳад, аммо то ҳол маблағашро барнагардондааст. Сипас, моҳи октябри соли 2021 нақлиёти тамғаи “Дулан”-и марди 36-солаи сокини шаҳри Кӯлобро 150 ҳазор сомонӣ нарх карда, 45 ҳазор сомониашро дода, пули боқимондаро наовардааст. Дар дигар ҳолат вай моҳи октябри соли 2021 ба боварии зани 56-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 361 ҳазору 200 сомонӣ ва ба маблағи 600 ҳазору 468 сомонӣ арматура гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2022    №: 177    Мутолиа карданд: 381
30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед