logo

сафарҳо

Дар Синсзян –Уйғур се созишнома ба имзо расид

17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин омад.

Барномаи сафар бо боздиди Сарвари давлати Тоҷикистон аз боғи фарҳангӣ ва осорхонаи миллии ин ноҳияи мухтор оғоз ёфт.
Нимаи дуюми рӯз мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби кумитаи ҳизбӣ – раиси ноҳияи мухтори Синсзян- Уйғур Чжан Чунсен баргузор шуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории мустақими Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо кишвари мо бевосита ҳамсарҳад буда, дорои 20 миллион аҳолӣ аст, баррасӣ шуданд.
«Робитаҳои мустақими Тоҷикистон бо ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии  Чин  ба нишондодҳои Аҳдномаи байнидавлатии ду кишвар оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки аз моҳи январи соли 2007 амал мекунад, тавъам аст», - изҳор дошт зимни  сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари ноҳияи мухтори Синсзян- Уйғур Чжан Чунсен дар навбати худ изҳор дошт, ки «Тоҷикистону Чин ду ҳамсояи накӯянд, ки ҳамдигарро дар бисёр масоили сиёсати байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд ва ҳамкорияшон рӯ ба таҳкиму тавсеа дорад». 
Аз рушди босуръат ва бемайлони робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, ки солҳои охир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки аз се як ҳиссаи ҳаҷми мубодилоти моли миёну Тоҷикистону Чин ба ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғур рост меояд. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки ҳаҷми мубодилоти мол миёни Тоҷикистон ва ин минтақаи фарохи Чин тайи чор соли ахир 310 баробар афзоиш ёфтааст. Изҳори боварӣ шуд, ки ба кори доимӣ дар ҳамаи фаслҳои сол гузаштани гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу, ки Тоҷикистону Чинро бевосита мепайвандад, робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар рушди бесобиқа пайдо мекунанд. Хотиррасон бояд намуд, ки айни ҳол ин гузаргоҳ 240 рӯз дар як сол кушода аст.
Ба нақши ширкатҳои чинӣ, ки шумораи зиёдашон аз минтақаи  Синсзян-Уйғур мебошанд, дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия ва истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ баҳои баланд дода шуд.
Ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла кишти пахта бо технологияи нави муосир, обёрии заминҳо бо усули қатрагӣ  ва ҳамчунин ба истифодаи заминҳои шӯр дар зироаткорию боғдорӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид.
Баъди анҷоми ин мулоқот се созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Синсзян- Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Қарордод миёни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ва ширкати ТВЕА - Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони хати 220 – киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Хуҷанд-Айнӣ;
- Созишнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Синсзян оид ба ҳамкорӣ.
Бояд таъкид намуд, ки созишномаи байниҳукуматӣ ҳамкории дарозмӯҳлат дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосирро дар назар дорад.
Тибқи созишномаи дуюм дар мӯҳлати якуним сол бояд  хати 220 – киловолтаи интиқоли нерӯи барқ аз шаҳри  Хуҷанд то ноҳияи Айнӣ бо харҷи 36,9 миллион доллари амрикоӣ кашида шавад. Дар доираи ҳамин лоиҳа ҳамчунин дар ноҳияи Айнӣ як зеристгоҳи 220 – киловолта бо технологияи муосир сохта мешавад.

Рӯзи дуюми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки ӯ дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва ин музофоти калони ҳамсоякишвари Чин оғоз ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз судоварии ҳамкорӣ бо       Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҷумла бо қаноатмандӣ  зикр намуд, ки «айни ҳол дар кишвари мо беш аз 500 корхона бо иштироки сармояи хориҷӣ  фаъолияти босамар дорад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ба роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳри дастгирии пайвастааш аз таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва рушди иқтисодиёти он арзи сипос намуд ва зимнан ёдовар шуд, ки дар зарфи 5 соли охир ҳукумати ин кишвар ба Тоҷикистон 32 миллион доллари ИМА гранту кӯмаки техникӣ  ва беш аз 650 миллион доллар қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст. Ҷудо гаштани 80 миллион юан гранти нав, ки ба наздикӣ  барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон сурат гирифт, идомаи ҳамин сиёсат арзёбӣ гардид. Бо қаноатмандӣ  зикр гашт, ки сармоягузории мустақим низ аз ширкатҳои чинӣ  ба иқтисодиёти Тоҷикистон рӯ ба афзоиш оварда, аз соли 2005 ин ҷониб ҳаҷми он зиёда аз 128 миллион долларро ташкил додааст.
Зимни форум аз ҷониби тоҷирону соҳибкорони  ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардуми Чин таваҷҷӯҳи зиёд ба соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва ғайра зоҳир  шуд. Форуми мазкур ба пайдоиши робитаҳои нав ва ба даст омадани тавофуқоти судманд боис гашт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 615

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед