menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

ҳуқуқ

Иттиҳоди Аврупо ба волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи бештар мекунад

Чанде қабл дар  толори  меҳмонхонаи «Ҳаёт»-и пойтахт конфронси дуюми вазирони адлияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи ташаббуси пешгирифтаи Иттиҳоди Аврупо оид ба волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар он Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуан Карлос, котиби давлатии адлияи Испания, Жан-Марри Бокел, котиби давлатии адлияи Фаронса ва намояндагони дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорӣ табодули назар карданд.
Бо дарки зарурати таҳкими волоияти ҳуқуқ, ки шарти тағйирнопазире дар рушди низоми устувори сиёсӣ, фаъолияти мӯътадили сохтори иқтисодӣ ва ҳимояи муассири ҳуқуқи инсон аст, вазирони адлия ва намояндагони мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ тасмим гирифтанд, ки минбаъд муҳокимаи фаъолияти мақсадноки ҳамкорӣ дар масоили ислоҳоти ҳуқуқӣ ва низоми судӣ, аз ҷумла такмили қонунгузории тиҷоратӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар қонунгузории миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад.
Назар ба гуфти Бахтиёр Худоёров, дар конфронси дуюми вазирони адлияи давлатҳои Осиёи Марказӣ  ва Иттиҳоди Аврупо масоили омӯхтани таҷриба ва мубодилаи афкори ҳамдигар дар соҳаи ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ, аз ҷумла ислоҳоти соҳаи судию ҳуқуқӣ, тайёр кардан ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи ҳуқуқ: судяҳо, ҳуқуқшиносон, нотариусони давлатӣ ва адвокатҳо, ҳамчунин такмили қонунгузории амалкунандаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳалли худро ёфтанд. Вазири адлия қайд кард, ки такмили минбаъдаи қонунгузорӣ оид ба тиҷорат ва соҳибкорӣ ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Гуннар Виганд, директори Комиссияи Аврупо оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки конфронси мазкур барои рушди ҳамкориҳои вазирони адлия ва сохторҳои махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар масоили идомаи татбиқи ислоҳоти ҳуқуқӣ такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Волфганг Шмитт, директори департаменти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Федеролии Олмон, зимни суханронӣ гуфт, ки ҳанӯз се сол қабл Иттиҳоди Аврупо таҳти раёсати Олмон стратегияи волоияти ҳуқуқ дар кишварҳои Осиёи Марказиро қабул кард, ки мақсади он дастгирӣ дар самти риояи ҳуқуқи инсон, рушди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад. Мавсуф бар он ақида аст, ки ҳар як мамлакат ба таври ба худ хос тараққӣ меёбад ва анъанаҳои хешро дорад. Ҳамкорӣ метавонад ба рушди мамлакатҳо ёрӣ расонад ва онро тавсеа бахшад.
-Ман мехостам, ки ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар роҳи демократӣ ва давлати ҳуқуқӣ боз ҳам таҳким ёбанд,- иброз дошт ӯ.
Зикр гардид, ки конфронси минбаъда соли 2012 дар яке аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад ва натиҷаҳо дар он ҷамъбаст хоҳанд шуд.

М. САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед