logo

номаҳо

ТУРО КОРГАРДОН ПАСИ ПАРДА АСТ

Як қатор расонаҳои хабарии Русия, аз қабили рӯзномаҳои «Коммерсант», «Независимая газета», сомонаҳои «СентрАзия.ру», «Время новостей», бо мақсадҳои ифлосу нотавонбинонаи сиёсӣ аз фирории беобрӯи тоҷикистонӣ, сардабири «Чароғи рӯз» Додоҷон Атовуллоев, ки дар Маскав иқомат ихтиёр кардааст, пешвои наве барои тоҷикон сохтан мехоҳанд. Ин ба он монанд мебуд, агар Аврупо аз Аҳмад Закаев – фирории чечен пешвое барои миллати рус «метарошиданд».
Чанде пеш дар сомонаи «СентрАзия.ру» муроҷиатномаи Додоҷон Атовуллоевро хондам, ки мардуми Тоҷикистонро ба ҷанги нави  ҳамватанӣ даъват кардааст. Аксари кулли хонандагони ин сомона дар бахши арзёбии матлаб (форум) муроҷиатномаи ӯро аз ҳар ҷиҳат шадидан маҳкум намуда, худашро нафратангез, хоини Ватан, бешараф, душмани миллат, фурӯхташуда, бозичаи дасти душманони Тоҷикистон, ватанфурӯш, миллатфурӯш ва монанди инҳо ном бурдаанд. Ман ҳам бетараф буда натавонистам, вале қарор додам, фарёди дили худро дар шакли номаи манзум ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» пешниҳод намоям. Медонам, ки он аз нигоҳи вазну қофия бенуқс нест, шеърияти баланд ҳам надорад, дар баъзе ҷойҳо ҳатто каме тундӣ кардаам… Лекин дар ҳар сурат, фикр мекунам, ин як вокуниши табиӣ ва самимист. Умедворам онро ба табъ мерасонед.


Чи хуш гуфта Фирдавсии некзод,
Ҳазор офарин бар чунин нек бод:
«Дарахте, ки талх аст ӯро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи Биҳишт,
Гар аз ҷӯи Хулдаш ба ҳангоми об
Ҳама ангубин резию шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад».
Саропо ту беору беҳикматӣ,
Касифу сафеҳу пур аз иллатӣ.
Ту хоҳӣ забун миллати хешро,
Занӣ бар тани миллатат нешро.
Туро коргардон паси парда аст,
Чӣ нақше барои ту овардааст?
Чу уштур маҳори ту дар дасти кист?
Чу моҳӣ даҳони ту дар шасти кист?
Ту муздури бегонагон гаштаӣ,
Ки душман ба ин хокдон гаштаӣ.
Ту аз сифлагӣ ҳамчунон кӯрмуш,
Бидодӣ зи дастат ҳама рою ҳуш.
Нахоҳӣ чу дидан ту Хуршеду Моҳ,
Надонам куҷояст туро роҳу гоҳ.
Ситоиш намоӣ басе зархарид,
К-аз онҳо ба миллат чӣ захме расид!
Зи дида бирезӣ ту тӯфони хун,
Ки зарбахшҳоят бишуд сарнагун.
Ту аз баҳри миллаткушон хастаӣ,
Ба онҳо, ки бас созише бастаӣ.
Вале марги мардони гулгункафан
Насӯзад туро қалбу ҳам ҷону тан.
Ба қатли шаҳидони соҳибватан
Ту шодӣ кунӣ, рост гӯям сухан.
Адӯ гашта, эй дур аз нангу ор,
Туро бартар аз Тоҷики тоҷдор.
Чунин аст «меҳанпарастӣ»-и ту,
Яқин донам онро зи пастии ту.
Ту дар банди нафси касиф мондаӣ,
На дар фикри миллат қалам рондаӣ.
Агар гӯр сӯзад, туро бок нест,
Ба ҷисмат зи бас фаҳму идрок нест.
Туро ҷӯшиши дег авлотар аст,
Ки нафси ту дар банди молу зар аст.
Агар заррае нанг медоштӣ,
Зи тухми адоват намекоштӣ.
Чаро кишвари хеш қисмат кунӣ?!
Хиёнат ба ин мулку миллат кунӣ?!
Ту нобурдаӣ аз  хирад баҳрае,
Ба ҳақ гуфтанат нест як заҳрае.
«Чароғ»-и ту хомӯш авлотар аст,
Ки зулмот аз он неку болотар аст.
Чу ту рахнагар мурда дар хок беҳ,
Зи нопок худ ин ҷаҳон пок беҳ.
Чӣ гӯям туро, бишнав, эй бехирад,
Бад астӣ, аз ин рӯ бигӯям-т бад.
Заволи Ватан мекунӣ орзу,
Тфу бар ту, эй гоҷи малъун, тфу!

Фаридун Шарифӣ,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 989

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед