logo

президент

Буҷети давлатӣ дар соли 2010 чӣ гуна иҷро мешавад?

Гузориш аз машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 декабри соли 2010, нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  машварати васеи корӣ доир намуд.
Дар он масоили вобаста ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар соли равон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Доир ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар соли равон вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмиддинов ахбор дод.  Зикр гардид, ки дар 11 моҳ ба буҷети давлатӣ 4,4 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки баробар ба 98,8% нақша мебошад. Ба иттилои вазири молия, воридшавии маблағҳо дар моҳи декабр нисбат ба моҳҳои пешина хеле афзун шудааст, ки ин барои таъмини пурраи нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ тамоюли умедбахш аст.
Доир ба рафти иҷрои нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва дигар нишондодҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои дигар гузориш доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба иҷрои пурраи буҷети давлатӣ, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ, таъмини рушди бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ ва болобарии некӯаҳволии мардуми кишвар дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи нокифояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори нигаронӣ карда, барои ҷоннок намудани кор дар ин самт супоришҳои мушаххас дод. Сарвари давлат доир ба муҳокимаи васеи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» ва расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар таълиму тарбияи насли ҷавони соҳибмаърифату ватандӯст, оқилу доно, солиму нерӯманд ва дур аз ғояҳои таассубу ифротгароӣ дар назди масъулони сохторҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Дастур дода шуд, ки ба ватан баргардондани ҷавонону наврасоне, ки дар мактабҳои динии хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, идома дода шавад ва сохторҳои давлатию ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва занону оила низ дар ин самт фаъол бошанд. Доир ба рушди соҳибкории хусусӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои зиёди корӣ ва ба корҳои манфиатбахш ҷалб намудани ҷавонони бекор низ дастуру супоришҳо дода шуд.
Масъулони дахлдор ҳамчунин вазифадор шуданд, ки доир ба таъмини мураттаби аҳолӣ бо нерӯи барқ, тавсеа додани тадбирҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дар дигар самтҳо низ корҳоро ҷоннок намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 695

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед