logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 170; с. 2008, № 10, мод. 812; с. 2009, № 5, мод. 318; № 7-8, мод. 496; с. 2010, № 1, мод. 9) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 7: 
   - қисми 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:  
«6. Ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонанд филиалу намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он пас аз ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ кушоянд.»;
- қисми 7 хориҷ карда шавад.
        2. Ба моддаи 18 қисми 7 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
 «7. Саҳмдорон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабули қарор дар бораи чунин зиёдшавӣ бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд.».
 3. Аз банди сеюми қисми 1 моддаи 19 калимаҳои «дар санаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии тағйири дахлдори оинномаи ҷамъияти саҳомӣ» хориҷ карда шаванд.
 4. Қисми 2 моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Саҳмдорон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба  кам кардани сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабули қарор дар бораи чунин камшавӣ бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи  ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд.».
5. Банди дуюми қисми 1 моддаи 27 хориҷ карда шавад.
6. Аз сархати дуюми қисми 1 моддаи 89 калимаҳои «ва бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифташуда» хориҷ карда шаванд.
7. Дар моддаи 93:
- дар банди якуми қисми 3 калимаи «ҳамроҳшавӣ,»  ба калимаҳои «ҳамроҳшавӣ ва табдилдиҳӣ» иваз карда шаванд;
- банди дуюми қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Дар сурати азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ дар шакли ба он ҳамроҳшавии ҷамъияти саҳомии дигар, ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда дар як вақт ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. Ҷамъияти саҳомӣ  аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҷамъияти саҳомии ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тағйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъияти саҳомӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудаанд.»;
- ба қисми 3 банди сеюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:
«Азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ дар шакли табдилдиҳӣ пас аз лаҳзаи ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар бораи тағйирдиҳии шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ ба итмомрасида дониста мешавад.»;
- банди дуюми қисми 5 хориҷ карда шавад.
8. Матни моддаи 103 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ пас аз ворид намудани сабти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ анҷомёфта ва ҷамъияти саҳомӣ барҳамхӯрда ба ҳисоб меравад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ   РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010, № 657


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2010, № 166


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010, № 91


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2335
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед