logo

Хабарҳо

Баҳси марзӣ бо чӣ анҷом ёфт?

Тоҷикистону Хитой ба баҳси марзӣ нуқта гузоштанд. Вале чаро ин нуқтаро баъзе ашхос ва аҳзоб ба баҳси нав кашидан мехоҳанд?

Баъди аз ҷониби порлу-мони кишвар ба тасвиб расидани "Протоколи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи демаркатсияи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Хитой" дар баъзе расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои интернетӣ матолиби баҳснок ва дур аз воқеият ба нашр расиданд. Ҳангоми мутолиаи чунин матолиб хонандаи огоҳ зуд шитобкорӣ ва беназокатии муаллифонро дар мавриди инъикоси нодурусти ин санад дармеёбад.
Дар ин маврид зикри як нукта хеле муҳим аст. Ин ҷо гап дар сари ба ихтиёри Ҷумҳурии Халқии Хитой вогузор намудани 3,5 фоизи қаламрави кишвар намеравад. Зеро ҷониби Тоҷикистон ба ихтиёри Хитой ҳудуди зикршудаи қаламравашро не, балки минтақаи баҳсноки марзиро гузоштааст. Ёднишон месозем, ки масоҳати умумии се минтақаи баҳсноки марзи миёни Тоҷикистону Хитой 28412 километри мураббаъ ё 19,9 фоизи масоҳати умумии кишварро ташкил медод. Аз он фақат 3,5 фоизаш (1142 километри мураббаъ) ба ҷониби Хитой гузошта шуда, боқимондааш (27270 километри мураббаъ), ки 96,5 фоизи масоҳати умумии минтақаҳои баҳснокро ташкил медод, дар ихтиёри Тоҷикистон мондааст.
Саволе ба миён меояд, ки оё барои чунин ҳал кардани масъала асос буд? Бале, асос буд. Баъди он ки соли 1876 Русия Хонигарии Қуқандро ба тасарруфи худ дароварда, дар қаламрави он вилояти Фарғонаро таъсис дод, бо Хитой гуфтушунидро дар бораи сарҳад оғоз намуд. Баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ 22 майи соли 1884 дар Марғелони Нав протокол имзо шуд, ки он дар таърих бо номи «Протоколи Марғелони Нав» машҳур аст. Тибқи он сарҳади Русия ва Чин аз ағбаи Бедел то Уз-бел муайян шуд. Вале ҷонибҳо онро мушаххас накарданд ва дар матни протоколи мазкур нишон доданд, ки "…хати сарҳад аз ағбаи Уз-бел ба тарафи ҷанубу ғарб меравад…". Ин санад дар байни олимон ва мутахассисон бо номи "меридиани узбелӣ" машҳур аст. Дар натиҷаи ин санад, масоҳати беш аз 28 ҳазор километри мураббаъ дар Помир ба баҳси сарҳадӣ табдил ёфт, ки на дар даврони Русияи подшоҳӣ ва на дар давраи Шӯравӣ ҳалли худро ёфта натавонист. Тоҷикистон дар баробари дигар ҳамсояҳои худ дар фазои пасошӯравӣ ин «мерос»-ро аз Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кард ва онро дар асоси принсипҳои байналмилалӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар ҳаллу фасл намуд.
Аммо баъзеҳо, ки аз соли дар ин хусус имзо шудани созишнома (с.2002) то рӯзи дар порлумони кишвар ба тасвиб расидани протокол нӯҳ сол фурсати зиёди баён кардани андешаҳову нигарониҳои худро доштанд, танҳо акнун дар саҳифаҳои матбуот бонги изтироб мезананд, ки гӯё ин мухолифи меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон будааст, СММ ҷумҳурии моро бо ҳамин марзу бумаш шинохтааст ва ғайра. Ин суханон асос надоранд, зеро ин ҷо гап сари марзи давлатӣ меравад ва пеш аз он, ки дар бораи сарҳад гап занем, он бояд делимитатсия ва демаркатсия шуда, тавассути санадҳои дуҷониба эътироф гардида бошад. Мо ҳангоми ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ҳуҷҷатҳои замони шӯравиро ба асос гирифта, аз онҳо кор мегирем. Дар оянда бо Афғонистон санадҳои дуҷонибаро имзо кардан даркор, бо Ӯзбекистону Қирғизистон, ки дар замони шӯравӣ бо Тоҷикистон сарҳади маъмурӣ доштанд, делимитатсия ва демаркатсия гузаронида, тавассути ба имзо расонидани санадҳои дуҷониба сарҳадҳои давлатиро муайян кардан лозим аст.
Вақте сухан дар бораи минтақаҳои баҳсноки марзӣ меравад, чаро бо ҳангомаву сару садоҳои бемаврид мардумро ба иштибоҳ андозем? Як ҳарфи беҷо метавонад боиси сар задани ҳангомаҳои дигар гардад.
Дар ВАО-и кишвар ҳамчунин омадааст, ки "Касе ишорае ҳам накард, ки зери он хок чӣ ганҷе нуҳуфта аст...". Амак Сатторов, собиқ корманди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва узви комиссия оид ба сарҳади Тоҷикистону Хитой (ҳоло мушовири Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикдипсервис"), ки дар ҳамаи давраҳои музокироти марзӣ иштирок дошт, гуфт, ки Вазорат ҳануз соли 1994 ба ниҳодҳои марбутаи кишвар, мисли Саридораи геологияи тоҷик, Агентии геодезӣ ва харитасозӣ, корхонаи "Помиркварссамосвет", Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва ғайра нома навишта дархост кардааст, ки дар бораи минтақаҳои баҳсӣ хулосаҳои худро пешниҳод намоянд. Дар иртибот ба мавҷуд будан ё набудани захираи канданиҳои фоиданок чунин маълумот дастрас гардидааст: "Дар минтақаҳои баҳсӣ ягон хел кони канданиҳои фоиданок дида намешавад". Бино ба иттилои мавсуф, мавзеъҳои Қаразоғ ва Маркансу, ки аз ҷумлаи минтақаҳои баҳснок маҳсуб мешаванд, мутаносибан дар баландии аз 4500 то 6700 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд. Ба ин ҷойҳо ҳатто пиёда рафтан хеле душвор аст. Дар ин минтақаҳои баҳсноки марзӣ кору зиндагӣ кардан аз имкон берун аст. Як мисол меорам. Соли 1979 мақомоти дахлдори Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин мавзеъ 200 асп интиқол дод, ки баъд аз як ҳафта ҳамааш талаф ёфт. Суръати шамол дар ин ҷо дар як сония ба 40 метр ва сардии ҳаво ба 60 дараҷа мерасад. Аз ин лиҳоз ташвиши расонаҳои хабарӣ дар ин хусус, ки ҳудуди ба ихтиёри ҷониби Хитой вогузоштаи Тоҷикистон водӣ асту дар он ҷо ганҷҳои нуҳуфта зиёданд, асоси воқеӣ надоранд.
Амак Сатторов дар иртибот ба сӯҳбати донишманди тоҷик Раҳим Масов бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки Раҳим Масов ҳеҷ вақт ба ҳайати комиссияи марзӣ (бояд ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон менавиштанд) шомил набуд. Ва агар шомил ҳам мебуд, ҳуқуқи имзо кардан намедошт. Зеро дар чунин санад танҳо роҳбарони ҳайатҳо имзо мегузоранд. Пас ӯро чӣ водор сохтааст, ки ба саволи хабарнигор "Шумо узви комиссияи вогузории як пораи замини кишвар бо Чин низ будед, аммо дар он имзо нагузоштед, чаро?" ба ин мазмун посух гӯяд: "Чин талаби бештар дошт. Ман розӣ нашудам..."? Ё дар ҷойи дигар, ки "Агар ба ин санад имзо мекардед, номи шумо доғдор мешуд?" ҷавоб медиҳад, ки "Албатта. Ягон вақт мегуфтанд, ки як нафар узви комиссия буд ва як сухан кард, ки "хайр, ҳамин кӯҳ будааст, додан гиред". Дар як сӯҳбати дигар муаррихи шинохтаи мо дар ҷавоби саволи "Чаро ба протоколи ризоияти ҷонибҳо имзо нагузоштед?" гуфтааст, ки "Чаро бояд ман имзо мемондам? Ман намехостаму намехоҳам, ки дар таърих ин гуна "нақш" дошта бошаму фардо сӯям ангушт намоянд, ки ин нафар беасос дар додани замини бобоиямон даст дорад".
Амак Сатторов бо таассуф иброз дошт, ки вақте  академик, директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз эҳсосоти меҳанпарастонаи мардум суиистифода менамояд, мо аз дигарон чӣ гила кунем? Мардум ба ҳар як ҳарфи гуфтаи чунин шахсиятҳо бовар мекунанд. Аз ин лиҳоз, вақте ки сухан дар мавриди манфиати миллату давлат меравад, бояд сухан ба тамкин ва санҷида гуфта шавад.
Ҳамин тавр, ба тасвиб расидани "Протоколи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи демаркатсияи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Хитой" ба баҳсҳои марзӣ, ки ҳанӯз 22 майи соли 1884 бо имзои протоколи байни Русияи подшоҳӣ ва Чин ба унвони "Марғелони нав" оғоз ёфта, ҳангомаи зиёдеро низ ба думбол доштанд, нуқта гузошта шуд. Санади мазкур, бешак, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамҷавории байни Тоҷикистону Хитой нақши калидӣ мебозад.

Додоҷон Рӯзиев,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1088

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед