logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 5, мод.362; с. 2009, № 9 - 10, мод. 551) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 5:
- дар сархати якум пеш аз калимаи «вазоратҳо» калимаҳои «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,» илова карда, калимаҳои «худидораи шаҳрак ва деҳа» ба калимаҳои «худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм баъд аз калимаи «ноҳияҳо» калимаҳои                  «,  маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои «Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда, пеш аз калимаи «Ҳукумати» калимаи «маҷлисҳои», пеш аз калимаҳои «маҷлисҳои маҳаллии» калимаи «иҷлосияҳои», пеш аз калимаҳои «мақомоти иҷроияи» калимаи «ҷаласаҳои», баъд аз калимаи «давлатӣ,» калимаҳои «маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд;
- дар сархати чорум баъд аз калимаҳои «Раиси Бонки миллии Тоҷикистон,» калимаҳои «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,», пеш аз калимаҳои «вакилони маҷлисҳои маҳаллии» калимаҳои «ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот,» ва пеш аз калимаҳои «раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» калимаҳои «раисони судҳои ҳарбӣ,» илова карда, калимаҳои «прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо» ба калимаҳои «раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 6:
- сархатҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва вакили ҷамоат;
- дар нишони сарисинагии хизматчиёни давлатӣ;»;
- сархатҳои чорум ва панҷум мутаносибан сархатҳои шашум ва ҳафтум ҳисобида шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 8:
- дар сархати якум пеш аз калимаи «вазоратҳо» калимаҳои «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,» илова карда, калимаҳои «худидораи шаҳрак ва деҳа» ба калимаҳои «худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои «Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда, пеш аз калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаи «маҷлисҳои», пеш аз калимаҳои «маҷлисҳои маҳаллии» калимаи «иҷлосияҳои», пеш аз калимаҳои «мақомоти иҷроияи» калимаи «ҷаласаҳои», баъд аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд;
- дар сархати сеюм баъд аз калимаҳои «Раиси Бонки миллии Тоҷикистон,» калимаҳои «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,», пеш аз калимаҳои «вакилони маҷлисҳои маҳаллии» калимаҳои «ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот» ва пеш аз калимаҳои «раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» калимаҳои «раисони судҳои ҳарбӣ,» илова карда, калимаҳои «прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо» ба калимаҳои «раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум пеш аз калимаи «вазоратҳо» калимаҳои «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,» илова карда, калимаҳои «мақомоти маҳаллии» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии» ва калимаҳои «худидораи шаҳрак ва деҳа» ба калимаҳои «худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 марти соли 2011, № 695

 


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                  Ш.  ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 12 январи соли 2011, № 285


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда,  қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 11 марти соли 2011, № 135


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 857

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед