қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъи
худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурӯхтани мӯмиё ва маводи мӯмиёдор»
Моддаи 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1990 «Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурӯхтани мӯмиё ва маводи мӯмиёдор» (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1990, №16, мод. 252) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 марти соли 2011, № 713
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурӯхтани мӯмиё ва маводи мӯмиёдор»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурӯхтани мӯмиё ва маводи мӯмиёдор» қабул карда шавад.
2. Қарори Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурӯхтани мӯмиё ва маводи мӯмиёдор» аз 28 августи соли 1990, № 95 (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1990, № 16, мод. 253) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 феврали соли 2011, № 344
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъи
худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурӯхтани мӯмиё ва маводи мӯмиёдор»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурӯхтани мӯмиё ва маводи мӯмиёдор» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурӯхтани мӯмиё ва маводи мӯмиёдор» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 марти соли 2011,№ 153
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1990