logo

маориф

Василий Чумак - муаллими беҳтарини сол

Имсол дар озмуни "Муаллими беҳтарини сол" - и шаҳри Душанбе Василий Чумак,  муаллими физикаи  мактаби таҳсилоти умумии №  21-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ҷои якумро соҳиб шуд. 27 сол дорад.  Мактаби номбурда ва пас Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси  информатикаи амалӣ хатм кардааст.  Сӯҳбате доштем бо ӯ.

- Маълум аст, мактаби № 21 мутахассисони хуби бисёр дорад. Ба андешаи Шумо, чаро маъмурияти мактаб ба ин озмун Шуморо пешбарӣ кард ва миёни чанд довталаб ширкат доштед?
- Маъмурият дониши хуб ва фарогирии хуби фанни физикаро аз ҷониби хонандагони ин мактаб  ба эътибор гирифта, маро ҳамчун мутахассиси ҷавону ояндадор, ба ин озмун пешбарӣ кард. Озмун дар се давр гузашт. Дар даврҳои ноҳиявӣ миёни 20 нафар, шаҳрӣ  миёни 6 нафар ва ҷумҳуриявӣ  миёни 11 нафар қувваю дониши худро санҷидам.
- Дар озмун чӣ шартҳо буданд?
- Нахуст мо бояд намоиши маҳсули эҷоди хонандагонро пешниҳод мекардем. Аз рӯи фан тартиб додани тест, гузаронидани се дарс бо услубу шаклҳои гуногун, навиштани нақшаи тақвимӣ ва таълимӣ, навиштани сенарияи чорабинӣ ва кор бо компютер шартҳои озмун буданд.
- Бовар доштед, ки ғолиби озмун мегардед?
- Ростӣ, чандон боварӣ надоштам. Зеро омӯзгорон аксар таҷрибадор ва ман довталаби ҷавонтар будам. Ҳаяҷон вуҷудамро фаро гирифта буд.
- Дар хусуси услуби дарсдиҳии худ  ва то кадом андоза пурсамар будани он мегуфтед…
- Услуби технологияи иноватсиониро истифода мебарам, ки хеле самарабахш аст. Ба он барномаҳои "Физикон" ( кор бо дискҳои сабти корҳои лаборатории аёнӣ),  "Физика ва мо" ва "Физика дар таҷриба" дохил мешаванд. Гузаронидани корҳои лабораторӣ бо ин усул таъсирбахш аст. Қобили зикр аст, ки хонандагони мактаби мо аз фанни физика ҳар сол қариб дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои якуму дуюмро ишғол мекунанд.
-  Дар озмун бароятон чӣ муҳим буд?
- Пеш аз ҳама он бароям як навъ шароити санҷиши донишу малакаро муҳайё кард. Фаҳмидани он ки сатҳи касбӣ  ва услуби дарсдиҳии ман то куҷо самаранок аст, бароям муҳим буд. Дигар ин ки озмун маро соҳиби унвони "Аълочии маорифи Тоҷикистон" кард. Ҳамчунин мири шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мукофоти пулӣ - 1000  сомонӣ маро қадр кард ва дигар тӯҳфаҳои молӣ гирифтам.

Зӯҳра  САФАРЗОДА,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 931

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед