logo

илм

Озмоишгоҳе, ки саноати мошинсозиро рушд медиҳад, таъсис ёфт

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик  Муҳаммадҷон Осимӣ ифтитоҳи расмии озмоишгоҳи замонавии техникӣ доир гашт. Озмоишгоҳ  бо ёрии молии Ҳукумати Ҳиндустон бунёд ёфта, барои таълиму таҷрибаандӯзии донишҷӯёни тамоми макотиби олии техникӣ ва корхонаҳои фулузотии ҷумҳурӣ  истифода мешавад. То оғози муаррифии озмоишгоҳ меҳмонону иштирокчиён бо маҳсули эҷоду ихтирои донишҷӯёни хатмкунандаи бахшҳҳои гуногуни донишгоҳ , ки дар сурати асбобҳои аёнию макетҳо хеле ҷолиб буданд, шинос шуданд.

Макетҳои истгоҳҳои барқи бодӣ, ки камхарҷ ва тамоми фасли сол фаъол буда метавонад, стансияи барқи офтобӣ бо муҳаррик (алҳол дар таҷриба бе муҳаррик истифода мешавад), бинои истиқоматии 25 -ошёна бо тамоми системаҳои замонавии гармкунӣ, ҳавотозакунӣ, дастгоҳи майдакунандаи масолеҳи сохтмонӣ, ки аз санг чанд навъ масолеҳ тайёр намуда, онро ба навъҳо ҷудо месозад, аз ҷумлаи онҳо буданд.
Дар озмоишгоҳи бо ёрии дӯстони ҳинд бунёдшуда 8 навъи дастгоҳи оҳанбурӣ насб шудааст, ки онҳо аз фулузоти мустаҳкаму пуриқтидор ба мисли фӯлод сохта шудаанд. Бояд гуфт, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ алҳол 10 навъи дастгоҳи оҳанбурӣ маъмул аст. Ин таълимгоҳ барои бозомӯзии шогирдон хизмат карда, заминае барои рушди саноати мошинсозӣ хоҳад шуд. Зеро дар он қисмҳои эҳтиётӣ барои мошинҳо, меху дигар таҷҳизоти фулузотӣ исеҳсол мешавад.
Анвар Абдурасулов, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик  М. Осимӣ  дар оғози ҷамъомад ба ҳозирин гуфт, ки  ҳанӯз моҳи августи соли 2006 ҳангоми сафари  кории Президенти ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҳиндустон ба бунёди чунин озмоишгоҳ  асос гузошта шуд. Сарвазири  ҳамонвақтаи  Ҳиндустон, Манмохан Сингх дар хусуси ҷудо намудани грант барои чунин як озмоишгоҳ ҳарф зада буд, ки имрӯз бо  дастгирию талоши хадамотҳои Тоҷикистону  Ҳиндустон ва сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон амалӣ гашт. Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки озмоишгоҳ садҳо ҷавонони касбомӯзро  аз ҳунар баҳравар карда, солиёни зиёд барои соҳаи мошинсозӣ, рушди илму истеҳсолот хизмат хоҳад кард. 
Дар ҳамоиш Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи  ҷумҳурӣ сухан гуфта, таъкид кард, ки ба истифодадиҳии озмоишгоҳ дар рӯзҳои садсолагии ҷашни устод  Мирзо Турсунзода бисёр рамзӣ буда, ин нишонаи идомаву ситоиши ғояҳои дӯстии васфкардаи устод Мирзо Турсунзода дар "Қиссаи Ҳиндустон" аст, ки ҳанӯз соли1947ҳангоми сафар ба ин мамлакат навишта шуда буд.
Аситх Кумар Бхачарти, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон, гуфт, ки кишварам омода аст дар тамоми соҳаҳое, ки имкон дорад бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Озмоишгоҳ натиҷаи ҳамкориҳои мост.  Алҳол татбиқи барномаҳои муштарак дар ҷодаи энергетика, саноати доруворӣ ва дигар соҳаҳо дар ҳудуди  беш аз 35 миллион доллар идома доранд.
Мавриди зикр аст, ки дастгоҳҳои насбшуда истеҳсоли ширкати НМТ Интернатсионал Лимитеди шаҳри Бангалори Ҳиндустонанд, ки соли 1974 бунёд шудааст. Ширкат шӯҳрати ҷаҳонӣ касб карда, дар инқилоби саноатии Ҳиндустон мусоидат намудааст. НМТ Интернатсионал Лимитед дар 70 мамолики дунё намояндагӣ ва ҳамчун ширкати серсоҳаи муҳандисию техникӣ муштариёни зиёд дорад. Дар доираи лоиҳаи бунёди озмоишгоҳ интиқоли дастгоҳҳову таҷҳизот, хизматрасонии техникӣ, таълими мутахассисони тоҷик дар Хиндустон, насбу омӯзиши дастгоҳҳо аз ҷониби мутахассисони ҳинд иҷро шуд.

Зӯҳра САФАРЗОДА,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 865

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед