logo

энергетика

Аз вобастагии энергетикӣ то истиқлоли энергетикӣ

Солҳои охир дар сатҳҳои гуногун дар бораи амнияти энергетикии ҳам давлатҳои ҷудогона ва ҳам минтақаҳо зиёд сухан мегӯянд. Ҳаҷми истихроҷ, коркард ва масрафи нафту газ ва афзоиши нархи ин захираҳои табиат аз бисёр ҷиҳат сиёсати иқтисодии давлатҳои ҷаҳонро таъйин месозанд.
Пас амнияти энергетикии Тоҷикистон дар чӣ вазъе қарор дорад? А. Солеҳиён, хабарнигори мо аз Шарофиддин Наҷмиддинов, коршиноси ин ришта, номзади илми техникӣ, хоҳиш кард, ки ба масъала рӯшанӣ андозад. ӯ чунин изҳори назар кард:

-Воқиан имрӯз захираҳои табиат то андозае сиёсати иқтисодии ҳар кишварро муайян месозанд. Бузургтарин кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта, ки дар сиёсатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва низомии дунёи муосир ҳарфи аввалро мезананд, эътироф доранд, ки гаравгони давлатҳои таъмингари захираҳои энергетикӣ мебошанд. Чунончи, ИМА эълон кард, ки талош барои истиқлоли энергетикӣ асоситарин рукни амнияти миллӣ мебошад. Дар ИМА, Ҷопон, Шветсия ва бисёре аз кишварҳои пешрафта таъмини амнияти энергетикӣ ва ошкорсозии сарчашмаҳои алтернативии энергия муҳимтарин раванди таҳқиқоти илмӣ шудааст.
Дар иртибот ба ин баррасии масъалаи вазъ ва дурнамои вобастагии энергетикӣ ё амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти мубрам аст. Тоҷикистон аз захоири бебаҳои табиӣ бархурдор аст, аз ҷумла захираҳои обии он метавонанд дар ҳаҷми 527 миллиард кВт-соат дар сол нерӯи барқ тавлид кунанд.
Ва бо ин ки Тоҷикистон аз захираи кофии энергияи хуршедӣ бархурдор буда ва соле 18,4 миллиард кВт-соат нерӯи барқ тавлид мекунад, ҳанӯз ба андозаи зиёд аз нигоҳи энергетикӣ кишвари вобаста мебошад.
Истилоҳи илмии «вобастагии энергетикӣ» ва ё «амнияти энергетикӣ» дар қаламрави ИДМ аз соли 1996, пас аз баргузории Ҷаласаи машваратии байналмилалии «Амнияти энергетикии Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил» дар Маскав зиёд мавриди корбандӣ қарор гирифт. Дар ин нишаст амнияти энергетикӣ ба ҳайси вазъи ҷомеае муайян шуд, ки имконот фароҳам меоварад, ҳангоми вуҷуди таҳдидоти хориҷиву дохилӣ ва нуфузи омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, табиӣ ва техногение, ки бесуботиро эҷод мекунанд, сатҳи кофии таъмини энергетикии соҳаҳои иқтисод ва маишат ҳифз шавад ва таъсири манфии ин авомил рафъу ҷуброн гардад.
Сарфи назар аз вуҷуди анвоъ ва ҳаҷмҳои гуногуни захираҳои энергетикӣ дар кишвар ба нишондиҳандаи вобастагии энергетикӣ метавон асли худкифоии кишварро ба энергия нисбат дод, ки аз таносуби андозаи тавлид ва масрафи солонаи он таъйин мешавад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки ҳатто дар давраи мавҷудияти ИҶШС, ки миёни ҷумҳуриҳо робитаҳои энергетикӣ хеле устувор буд, маҳдудияти ҳадди ақал дар масири ҳамлунақлии энергия эҳсос мешуд ва захираҳои энергия то андозае дорои қимати собит буданд, Тоҷикистон дар зумраи кишварҳои воридкунандаи энергия қарор дошт.
Дар ҷамоҳири пешин шӯравӣ бо назардошти муҳиммияти қазияи вобастагии энергетикӣ муҳосибаи тароз (баланс)-и сӯхту энергия сурат мегирифт ва аз он бармеомад, ки ИҶШС-и абарқудрат аз амнияти энергетикии басанда баҳравар намебошад.
Соли 1985, ки ҷумҳурии мо ба рушди нисбатан босуботи иқтисодӣ ноил омада ва муҳосибаи дақиқи тарози сӯхту энергия анҷом мегирифт, ҳаҷми умумии захираҳои сӯхту энергия (истихроҷ, тавлидот ва воридот) 14,384 миллион тонна сӯхти шартиро ташкил медод. Дар ин миён истихроҷ ва тавлидоти захираҳои сӯхту энергия дар ҷумҳурӣ 7,95 миллион тонна сӯхти шартиро ташкил дода буд, ки 55,24% мебошад. 6,439 миллион тонна сӯхти шартӣ ё 44,76% аз берун ворид мешуд.
Соли 1999 нишондоди худкифоии энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ 1,47 буд, аз ҷумла дар Қазоқистон- 1,81, Туркманистон- 2,33 ва Тоҷикистон -0,6, яъне Тоҷикистон дар он давра дар сафи кишварҳои воридгари захоири энергетикӣ қарор дошт.
Таҳлили тарози сӯхту энергияи соли 2005 бозгӯ аз он аст, ки ҳоло ҳам ҷумҳурии мо аз лиҳози энергетикӣ кишвари вобаста мебошад. Ин таҳлил, динамикаи истихроҷи нафту газ, тавлидоти нерӯи барқ ва индикаторҳои рушди макроиқтисодӣ ҳатмияти дастёбӣ ба истиқлоли энергетикӣ дар дарозмуддатро дар ҷумҳурӣ ба миён мегузоранд ва онро ба ҳайси ҳадафи фавқулода муҳими стратегӣ нишон медиҳанд. Мусаллам аст, ки дараҷаи вобастагии энергетикӣ ва ё амнияти энергетикии кишвар аз бисёр ҷиҳат ба сифати мониторинги муттасили истихроҷ, тавлид, расониши саривақтӣ, масраф, воридот ва содироти  ҳамаи анвои захоири энергия ва низ тазмини сиёсати ҳифзи энергия дар тамоми риштаҳои иқтисод ва ҳаёт иртибот дорад. Ҳамзамон таъмини пешбинӣ ва оянданигарии саҳеҳ дар мавриди рушди ҳаҷми тавлидоти захоири сӯхту энергия аз ҳисоби конҳо ва манобеи дохилӣ зарур мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 1 ноябри соли 2007  100% ба маҳсулоти нафтӣ, 99% ба гази табиӣ, 100% ба гази моеъ ва аз 20 то 30% ба нерӯи барқи хориҷӣ вобастагӣ дошт.
Соҳаҳои асосии стратегии содирот (саноати алюминий, корхонаҳои тавлидгари нуриҳои маъданӣ ва пахта) низ ба мавҷудият ва таъмини мӯътамади захираҳои сӯхту энергия сахт вобаста мебошанд. Бармеояд, ки пешрафти босуботи тамоми соҳаҳои иқтисод, хусусан ва шукуфиши устувори ҷамеи ҷанбаҳои ҳаёт, умуман дар замони мо ба раҳоёфти як кишвар аз вобастагии энергетикӣ ва дастёбии он ба истиқлоли энергетикӣ иртиботи қавӣ дорад.
Бахши шимолии ҷумҳурӣ- вилояти Суғд ба иллати набуди хатҳои иртиботдиҳандаи барқ аз 3 то 3,3 миллиард кВт-соат норасоии нерӯи барқро эҳсос мекунад. Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум ҳамагӣ 12-15%-и ниёзи вилоятро ба нерӯи барқ таъмин менамояд, дар сурате ки дар ҷануби ҷумҳурӣ дар мавсими баҳору тобистон дар солҳои серобӣ то 3 миллиард кВт-соат нерӯи барқ номасраф боқӣ мемонад ва об ноистифода ҷорӣ мешавад.
Бино ба баррасиҳо ба сабаби адами бозори фурӯши энергия дар дохили ҷумҳурӣ ва ё мавҷуд набудани хатҳои кофии интиқоли барқ ва ҳамчунин маҳдудияти ҳаҷми гунҷоиши обанборҳо аз соли 2001 то соли 2004-ум 4361,5 миллиард кВт-соат нерӯи барқ тавлид нагашт ва об бидуни баҳрабардорӣ дар рӯдхонаҳо ҷорӣ буд.
Бояд зикр кард, ки масрафи захираҳои сӯхту энергия ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷумҳурӣ соли 2005 дар нисбати соли 1985-ум 2,33 баробар коҳиш ёфт. Дар ин давр тавлиди нерӯи барқ ба ҳар сари аҳолӣ 26,2% кам шуд.
Ба иллати гусасти равобити хоҷагию иқтисодӣ ва энергетикӣ (бар асари фурӯрезии ИҶШС)ва афзоиши қимати мазут, гази табиӣ ва низ таъмин накардани баҳрабардории кофӣ аз иқтидори нерӯгоҳҳои барқию ҳароратӣ тавлиди нерӯи барқ дар ин таъсисот 14 баробар таназзул кард ва ҳамагӣ 10 дарсади иқтидорҳои мавҷуд ҳоло истифода мешавад.
Ба далели афзоиши муттасили қиматҳо дар бозори ҷаҳонии фаровардаҳои нафтӣ дар даҳ соли охир нархи миёнаи ин маҳсулот, ки Тоҷикистон ворид мекунад, беш аз 2,07 баробар афзуд. Ҷумҳурӣ соли 1996 як тонна маҳсулоти нафтиро ба нархи 197 доллар ворид мекард, аммо соли 2005 ин фаровардаҳо 409 доллар арзиш дошт. Афзоиши сол ба соли нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ масъалаи вобастагии энергетикии моро амиқтар мекунад.
Дастёбӣ ба нишондодҳои дилхоҳи индикаторҳои рушди макроиқтисодӣ, ки сатҳи зарурии амнияти энергетикии кишварро дар давраи то соли 2030 муайян месозанд, маҳз бо анҷоми вазифаҳои кӯтоҳ, миёна ва дарозмуддат мувофиқ бо давраҳои то соли 2010, 2010-15 ва 2015-30 имконпазир хоҳад буд:
Якум. То соли 2010 корҳои зеринро бояд анҷом дод: афзоиши ҳаҷми тавлиди нерӯи барқ дар иқтидорҳои мавҷуд то 18 миллиард кВт-соат/сол; баҳрабардории комил аз НБО-ҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2»; бунёди сарбанди нерӯгоҳи Роғун, ки имконот фароҳам меоварад, ки дар нерӯгоҳҳои поинтар аз он то 1,2 миллиард кВт-соат/сол нерӯи барқи иловагӣ тавлид шавад. Маҷмӯан дар интиҳои соли 2010 бояд 22,833 миллион кВт-соат нерӯи барқ тавлид гардад.
Дуюм. То соли 2015 анҷоми чунин корҳо дар назар аст: тавлиди 23,633 миллиард кВт-соат нерӯи барқ дар як сол дар иқтидорҳои мавҷуд; баҳрабардорӣ аз ду агрегати нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори то 6,5 миллиард кВт-соат/сол. Ҷамъан дар интиҳои соли 2015 бояд 30,133 миллион кВт-соат/сол нерӯи барқ тавлид шавад.
Сеюм. То соли 2020 таъмини корҳои мазкур зарур аст: эҳёву таҷдиди пураи иқтидорҳои мавҷуд, бо фарогирифти нерӯгоҳҳои хурд ва расониши тавлиди нерӯи барқ то 24,633 миллиард кВт-соат/сол; баҳрабардории комил аз агрегатҳои нерӯгоҳи Роғун бо тавлиди 13,3 миллиард кВт-соат/сол нерӯи барқ. Рӯиҳам дар интиҳои соли 2020 ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ бояд 37,933 миллион кВт-соат солро ташкил диҳад.
Чаҳорум. Анҷоми корҳои зайл то соли 2030 зарур аст: эҳёи куллияи иқтидорҳои мавҷуд; бунёд ва корандозии тамоми агрегатҳои нерӯгоҳи Даштиҷум бо иқтидори 15,6 миллиард кВт-соат/сол. Ҷамъулҷамъ дар интиҳои соли 2030 ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ бояд 53,533 миллион кВт-соат/солро ташкил кунад.
Барои татбиқи амалии ин вазифаҳо сиёсати куллии энергетикии ҷумҳурӣ муайян шуда, ки бар афзоиши ҳамгароии низомҳои энергетикӣ асос ёфтааст. Таҳаққуқи сиёсат ва стратегияи ҳадафдор дар ҳавзаи пойгоҳи меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва такомули он дар оянда ҳаллу фасли чунин масоилро дар назар дорад: такмили пойгоҳи меъёриву ҳуқуқии интиқоли озоди сармоя, захираҳои корӣ ва таҷҳизоти технологӣ миёни муҷтамеъҳои сӯхту энергияи кишварҳои ҳамкор; таҳияву истифодаи оқилонаи механизми равобити мутақобил дар бозори кишварҳо бо назаргирифти манофеи ҳар кишвари ҳамкор, мусоидат ба фаъолияти ширкатҳо ва консорсиумҳои сӯхту энергияи байнидавлатӣ ва  фароҳамсозии тариқи ҳалли чолиши пардохти қарзҳои муштарак дар ҳавзаи энергетика.
Бо таваҷҷӯҳ ба зарурати костани ҳадди аксари вобастагии энергетикии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ чораҳое бояд андешид, ки ҷамъи муқаррароти қонунҳои ҷумҳурӣ «Дар бораи энергетика» ва «Дар бораи ҳифзи энергия» қабои амал пӯшанд. Мо бояд як сиёсати давлатии мукаммалу муфассал дар заминаи энергетикаро фароҳам созем, ки фарогири қазоёи зер бошад: таъмини эътимодбахш ва босифати ниёзи афзояндаи ҷумҳурӣ ба ҳаҷми матлуби захираҳои сӯхту энергия; тазмини амнияти энергетикии ҷумҳурӣ; шитоббахшии эҷоди шароити кофӣ ҷиҳати гузари пайгиронаи энергетика ба муносиботи минтақаӣ; афзунсозии ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ ба тамоми самтҳои захоири сӯхту энергия; додани истиқлоли иқтисодӣ ба муассисаҳои энергетикӣ ва таъмини рушди онҳо бар мабнои рақобати бозорӣ ва афзоиши самарбахшии фаъолияти муҷтамеоти сӯхту энергия бар пояи корбурди технологияи ҳифзи энергия.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1415
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед