logo

барқияҳо

Барқияи табрикии Сарвазири Ҷопон ба Президенти Тоҷикистон

Рӯзи 2 феврал, ҳамчунин Йошихико Нода, Сарвазири Ҷопон, ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи шодбошӣ ирсол кард, ки дар он гуфта мешавад:
"Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимии маро ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳои мо муносибатҳои неку бобарор оғоз гардид.
Дар робита ба рух додани ҳодисаи мудҳиш - зилзила дар қисми шарқии Ҷопон дар моҳи марти соли гузашта мо аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми дӯсти тоҷик ҳамдардии амиқ ва паёми самимии тасаллибахш қабул кардем. Бо истифода аз ин фурсат барои ҳамдардии амиқатон изҳори сипос  менамоям.
Кишвари мо Тоҷикистонро аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то кунун ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Мо ният дорем, ки  минбаъд низ мамлакати Шуморо дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла ободонӣ, татбиқи ислоҳоти гуногуни иқтисодӣ  ва рушди кишвар, дастгирӣ намоем.
Итминони комил дорам, ки таҷлили 20 - умин солгарди истиқрори  муносибатҳои дипломатӣ  такони бузурге дар роҳи таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоямон бо Тоҷикистон ва мардуми тоҷик мегардад.
Бо ҳавасмандии зиёд мехоҳам, ки  бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯби муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон", ҳамкории фаъол намоям.
Иҷозат фармоед, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар фаъолияти роҳбариатон   саломатию  комёбӣ ва ба халқи тоҷик бахту шукуфоиро орзу намоям".
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.02.12    №: 17    Мутолиа карданд: 1618
22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед