logo

барқияҳо

Барқияи шодбоши Эмомалӣ Раҳмон ба Маҳмуди Аҳмадинажод

11 феврали соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҳмуди Аҳмадинажод, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Ҷаноби Олӣ,

Шумо ва мардуми шарифи Эронро бо солгарди ҷашни инқилоби исломӣ самимона табрику таҳният мегӯям.
Ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон робитаҳои фаъоли гуногунарсаро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша пураҳамият ва арзишманд медонанд.
Гузаштаи пурифтихори таърихӣ, пайвандҳои фарҳангӣ, забонӣ, нажодӣ ва динии муштарак аз муҳимтарин омилҳоянд, ки Тоҷикистону Эронро дар як ҳавзаи тамаддунӣ қарор медиҳанд ва заминаи заруриро барои ҳамгироии бештар фароҳам месозанд.
Зимни равобити пурсамар ва густардаи иқтисодӣ дар зарфи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар зиёд шуда, сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба маротиб афзудаанд.
Дар ин росто натиҷаҳои сафари расмии Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри соли гузашта ва тавофуқоти тозае, ки дар мулоқоти сатҳи олӣ ҳосил шудааст, аз оғози марҳалаи нави тавсеаи равобити густурдаи кишварҳои мо башорат медиҳанд.
Бо умеди тавсеаи рӯзафзуни муносиботи ҳасана ва бо ибрози табрикоти муҷаддад ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тансиҳатию комёбиҳо ва ба мардуми Эрон амну субот, саодату шукуфоӣ орзумандам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.12    №: 20    Мутолиа карданд: 1675
22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед