logo

президент

Кодекси андоз дар таҳрири нав омода мегардад

8 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо аъзои Комиссияи ҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ машварати корӣ анҷом дод.
Доир ба ин мавзуъ ва рафти иҷрои корҳо нахуст ахбори роҳбарони вазорату идораҳои иқтисод ва рушди савдо, молия, корҳои дохилӣ, нақлиёт, идораи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, суғуртаи давлатӣ, бонки миллӣ ва ғайра шунида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, Комиссияи ҳукуматиро вазифадор намуд, ки тамоми таклифу пешниҳодҳо ва таҷрибаи кишварҳои дар ин самт пешрафтаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, дар муҳлати як моҳи оянда лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав омода намояд.
Таъкид гардид, ки на танҳо шумораи андозҳо, балки вазни умумии қиёсии онҳо низ бояд кам карда шавад ва дар баробари ин бо дарёфти сарчашмаҳои нав ва афзун намудани шумораи андозсупорандагон даромади буҷети давлатӣ пурра таъмин гардад. Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, кор бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки андозсупорандагон, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ даромадҳои воқеии худро пинҳон надоранд, ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои кориро афзун намуда, дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳмгузориашонро зиёд намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки расмиёти маъмурии соҳа сода гардонда шуда, механизми "Равзанаи ягона" ва ҳисоботдиҳии электронӣ васеъ ҷорӣ карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.12    №: 61    Мутолиа карданд: 10185

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед