logo

номаҳо

Шояд ба ин овоза бовар кунам?

Гуфтанд, ки шиноснома ё худ паспорти фарзандамро нав кунам. Ин барои гирифтани шаҳодатномаи маълумоти миёнаи умумӣ зарур будааст. Нав кардан ба хотири чӣ? Ба хотири ба насаб илова намудани "ов" ва номи худ, яъне падар изофаи "вич"-и русӣ.
Дар шуъбаи шиносномадиҳӣ гуфтанд, ки ба зодгоҳам биравам ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои нав кардани шиноснома биёрам. Барои ин вақти зиёд ва маблағи калон, албатта, нисбат ба маоше, ки мегирам, лозим буд. Хушбахтона, яке аз шиносҳоям маслиҳат дод, ки барои иҷрои ин кор ба зодгоҳ нараваму ба бойгонии ҷумҳурӣ муроҷиат намоям. Ҳамин тавр ҳам кардам. Яъне маблағи роҳкиро ва дигар харҷҳои иртибот ба он дошта сарфа шуд.
Шиносномаро гирифтаму як оҳи сабук кашидам. Чаро? Чунки аз ин корам ман 200 сомонӣ сарфа намудам.
Ман намефаҳмам чи нақша асту кӣ онро кашида ва барои чӣ бояд иҷро шавад. Масъала воқеан ҷиддӣ аст ва он танҳо ба ноҳияи мо иртибот надорад. Ин кор, бадбахтона, оммавӣ сурат мегирад. Овоза аст, ки оқибат ҳамаи мо ба ин шакли номгузорӣ мегузарем. Шояд ин овоза рост аст, магар боз рӯ ба қафо овардаем, масъалаи мазкур аз ҷониби масъулон ҷиддӣ баррасӣ намегардад?

С. НОДИРОВ,
ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.12    №: 95    Мутолиа карданд: 3846
11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед