logo

ҳукумат

Кодекси нави андоз аз оғози соли 2013 мавриди амал қарор мегирад

30 ИЮЛ ТАҲТИ РАЁСАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ҲУКУМАТИ КИШВАР, МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар он нахуст Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баррасӣ шуд. Мутобиқи ин санад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои 3 соли оянда мутаносибан дар ҳаҷми 42,1 миллиард, 48,2 миллиард ва 54,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2013 ба андозаи 7,4 ва ду соли дигар 7,5% бояд таъмин гардад. Қурби асъори миллӣ бошад дар 3 соли оянда дар доираи 4,90, 4,94 ва 4 сомонию 99 дирам ба як доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Сипас ба муҳокимаи маҷлис лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав пешниҳод гашт. Тавре зикр гардид, шумораи андозҳо дар лоиҳаи нав 10 адад муқаррар шудааст, ки нисбат ба кодекси амалкунанда 11 адад кам мебошад. Дар лоиҳаи кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисоботдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шудааст ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ғанӣ гардондани буҷети давлат аст. Кодекси нави андоз тибқи нақша аз 1 январи соли 2013 сар карда, то соли 2017 бояд зина ба зина пурра мавриди амал қарор дода шавад.
Дар маҷлиси навбатии Ҳукумат як зумра барномаҳои нави давлатӣ тасдиқ гаштанд. Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017, Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017, Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи рушди биотехнологияи чорво барои солҳои 2013-2017 ва Барномаи беҳгардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар солҳои 2012-2015 аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ба мақомоти иҷроияи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 гектар замин барои тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба 272 оилаи ниёзманд ва 76 гектар барои 758 оила дар ноҳияи Ванҷи ҳамин вилоят ҷудо карда шуд. Тавре зикр гардид, давоми соли равон барои мардуми ҳамаи шаҳру ноҳияҳои дигари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қитъаҳои замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо шуда буд.
Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири ҷумҳурӣ, Нурмаҳмад Аҳмадов, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Сироҷиддин Валиев, раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот ва дигар шахсони масъул доир ба таъмини фаровонию эътидол дар тамоми бозорҳои мамлакат, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба қадри кофӣ захира кардани маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво барои зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.12    №: 100    Мутолиа карданд: 1010

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед