logo

иҷтимоиёт

САРАТОН ТАБОБАТШАВАНДА АСТ

Бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, дармонгоҳу шифохонаҳои замонавӣ, таҷҳизондани беморхонаҳо бо дастгоҳҳои муосири ташхисиву табобатӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ бори дигар собит месозад, ки солимии ҷомеа дар авлавияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Агар дар гузашта, аксари гирифторони бемории саратон барои ташхис ва муолиҷа ба муассисаҳои табобатии хориҷи кишвар мерафтанд, ҳоло бошад, вазъият тағйир ёфтааст. Зеро, айни замон, Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи махсусгардондашуда қодир аст, ташхису табобати ҳама гуна навъҳои ин бемориро дар дохил ба роҳ монад. Ва, албатта, дар доираи имконоти тибби муосир.
Ба далели корафтодагӣ, чанд муддат шеваи муносибат ва коргузорӣ, усули ташхису муолиҷаи беморон, тавонмандиҳои кадриву моддии ин муассисаро мавриди мушоҳида қарор додам. Дар марказ 3 доктори илм, 9 номзад ва табибони соҳибтахассус фаъолият мекунанд. Директори марказ, доктори илми тиб Зафар Ҳусейнзода, ҳеҷ як арзу шикояти беморону ниёзмандонро бепосух намемонад. Номбурда чун мутахассиси ҳирфаӣ муносибати хубу баробари табибони марказ бо ҳамаи ниёзмандонро рисолати касбӣ ва арзиши баланд медонад. “Мо рисолати касбии худро, қабл аз ҳама дар муносибати хубу рӯҳбаландкунанда бо беморон мешиносем ва талош мекунем, ки барои наҷоти онҳо тамоми донишу таҷрибаи худро сарф намоем. Ҳамин масъулият дар ҷаласаву машваратҳои корӣ аз ҳар корманди марказ тақозо мешавад”.
Кормандони марказ мегӯянд, ки ҳангоми муроҷиат ба ин муассиса мардум хеле ҳассосанд. Зеро, ҳанӯз зеҳниятсозии манфӣ нисбат ба саратон аз байн нарафта, аксарият оқибатҳои ин бемориро фоҷиавӣ медонанд ва аз усулҳои муосири табобати он бехабаранд. Аммо табибон мутмаинанд, ки саратон бемории табобатшаванда аст ва муолиҷаи навъҳои гуногуни он дар марҳилаҳои аввал сад дарсад имконпазир мебошад. Ҳатто, марҳилаи 3 - 4 - уми саратонро метавон тавассути маводи кимиёдармонӣ табобат намуда, умри инсонро солҳо дароз кард. Аз ҷумла, бемории саратони пӯст ва ё мушак дар 90 дарсади ҳолатҳо комилан табобат шудааст. Аз 80 то - 90 дарсади гирифторони саратони узвҳои дарунӣ низ дар марҳилаи аввал шифо ёфтаанд. Танҳо муносибати нодуруст бо ин беморӣ ва сари вақт муроҷиат накардан ба табиб метавонад, оқибати ногувор дошта бошад. Аз ин рӯ, таъкид мешавад, ки бояд гирифторони ин беморӣ сари вақт ба муассисаҳои марбутаи соҳаи тандурустӣ муроҷиат кунанд ва баъд аз ташхис ба табобат фаро гирифта шаванд. Дар ин робита, бояд ҳар бемор масъулияти баланд дошта бошад ва тавсияҳои табибонро ба дурустӣ иҷро намояд.
Бояд зикр намуд, ки дар марказ баъди ташхиси тиббӣ номгӯи зиёди доруҳо, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ёрирасон дастрас мешаванд, ба беморон ройгон пешниҳод мегардад. Табибон ба оилаҳои камбизоат ва онҳое, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба марказ муроҷиат менамоянд, ройгон хизмат мерасонанд.
Вале нигаронии табибон дар он аст, ки бисёр ҳолат шаҳрвандон марҳилаи аввали бемориро гузаронда дар ҳолати ниҳоят вазнин ба табобатгоҳ меоянд, ки дар ин сурат муолиҷаи бемор мушкил мешавад.
Қаблан шаҳрвандон барои ташхис ё табобат тавассути таҷҳизоти нурафкан бо харҷи зиёд ба хориҷа мерафтанд. Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва МАГАТЭ дар доираи татбиқи як тарҳи муҳим шуъбаи нурии марказ бо таҷҳизоти нави муосир барои табобати нурии беморони гирифтори саратон таҷҳизонда шудааст, ки ин раванд сафар ба хориҷаро аз байн бурд. Айни замон дар як рӯз то 70 нафар бо истифода аз ин дастгоҳ табобат мегирад.
Шароити мавҷуда нишон медиҳад, ки марказ дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва Стратегияи миллии саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020 сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ниёзмандонро беҳтар намуда, дар самти ташхису табобат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ба иттилои Диловар Ғаниев, муовини директори марказ, дар ин ҷо, ҳанӯз аввали соли 2000 лабораторияи морфологӣ ва ноябри соли 2008 ташхисгоҳи имунно - гистокимиёӣ ба кор даромад, ки боиси осон шудани ташхисгузаронии морфологӣ гардидааст.
Аммо, пешрафт ва дастовардҳои арзишманди илмӣ, касби иқтидори хуби кадрӣ, дастрасӣ ба дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхису табобатӣ дар ҳолест, ки гирифторони бемории саратон мисли дигар кишварҳои олам дар Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як гузориши худ эълон карда буд, ки ҳар сол дар ҷаҳон на кам аз 13 миллион нафар гирифтори навъҳои гуногуни бемории саратон гардида, теъдоди зиёди одамон бар асари он ҷон медиҳанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки суръати афзоиши гирифторони бемории саратон дар як сол аз 1,5 то 2 дарсадро ташкил медиҳад. Вале, Зафар Ҳусейнзода ба ин назар аст, ки омилҳои зиёдшавии бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба ҳолати демографӣ (зиёдшавии аҳолӣ), ҷуғрофӣ ва экологӣ бастагӣ дошта, маънои шиддатёбиро надорад. Зеро, рушди илми тиб, бахусус дар соҳаи саратоншиносӣ имкон фароҳам овардааст, ки бо дастрасии таҷҳизоти муосири ташхисӣ нахустин нишонаҳои бемории саратон маълум ва сабт шаванд.
Баланд шудани нурафкании офтоб ва таъсири радиатсия, истифодаи тамоку, маводи кимиёвӣ дар маҳсулоти кишоварзӣ, истеъмоли ғизои носолим, машруботи спиртӣ, фарбеҳӣ, зиёдшавии бемориҳои вирусӣ (папиломовирус, гепатитҳои В, С), пастшавии масунияти одам (иммунитет), паст будани маърифати санитарии аҳолӣ, никоҳи хешутаборӣ ва истифодаи телефонҳои мобилӣ аз воситаҳои барангезандаи ин беморӣ арзёбӣ мешаванд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2018    №: 229    Мутолиа карданд: 744
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед