Хабарҳо
Лавров шарти бо Ҷопон созишномаи сулҳ бастанро гуфт
ТАСС. «Истиқлолияти Россия бар қисмати ҷануби ҷазираҳои Курилро эътироф намудани Ҷопон шарти бастани созишномаи сулҳ миёни ду кишвар мебошад», - изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров.
Вазир ёдрас шуд, ки Президенти Россия Владимир Путин ва Сарвазири Ҷопон доир ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи байни ду давлат дар асоси эъломияи соли 1956 ба мувофиқа расидаанд. Дар он зикр меравад, ки баррасии ҳама масъалаҳо баъди натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонро эътироф намудани Ҷопон имконпазир мегардад, ба ифодаи дигар, пас аз эътирофи истиқлолияти Россия бар ҷазираҳои Курил.
Монеаи асосӣ дар кори бастани созишномаи сулҳ миёни Москва ва Токио ихтилофи ҷонибҳо доир ба ҷазираҳои Итуруп, Кунашир, Шикотан ва ҷазирачаҳои атрофи онҳо мебошад, ки дар натиҷаи Ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ карда шуда буданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 958