logo

Хабарҳо

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

2 июни соли ҷорӣ маросими туҳфасупорӣ ба 10 беҳтарин довталаб дар имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) – 2020 баргузор гардид. Дар он намояндагони як қатор сохторҳои дахлдори соҳаи маориф иштирок ва суханронӣ намуданд. Анӯша Маҳмудҷонова, Нозирамо Ҳасанова, Меҳроб Каримов дар сархати аввали даҳгона қарор гирифтанд.  Онҳо ҳоло донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошанд. Ғолибон бо сипосномаи Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. 
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро дар маркази диққати худ қарор дода, барои пешрафти он қонуну қарорҳои зиёдеро қабул намудааст. Яке аз қарори судманд дар ин самт таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфтааст. Марказ шароит фароҳам овард, ки довталабон пешакӣ ихтисоси дӯстоштаи худро интихоб намуда, аз рӯи фанҳои ба он вобастабуда тайёрии ҷиддӣ бинанд. Бо бовар гуфта метавонам, ки ММТ хонандагони болаёқатро интихоб мекунад, - гуфт Тахмина Анақулова, довталаби беҳтарин дар номинаи дуюм.    
Зикр гардид, ки яке аз сабабҳои ба роҳ мондани ин чорабинӣ, шаффофияти фаъолияти Маркази миллии тестиро бозгӯ мекунад. Ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки тариқи марказ хонандагони воқеан ҳам, боистеъдод метавонанд дар дилхоҳ муассисаи таҳсилоти олӣ хонданро идома диҳанд.
Бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандсозии довталабон соли сеюм аст, ки Маркази миллии тестӣ даҳгонаи беҳтарин довталабонро дар ИМД муайян ва қадр мекунад. Хонандае, ки холҳои баландро соҳиб мешавад ва тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) аз ҳамаи субестҳо дар ҷои аввал қарор мегирад, ба даҳгона ворид мешавад. ММТ дар доираи чорабиниҳо вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020 -2040 чорабиниро дар ду номина баргузор намуд. Дар номинаи дуюм довталабоне ворид мегарданд, ки балҳояшон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баланд аст.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 267
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед