logo

илм

ҲАР КӢ БАР ХУД НЕСТ ФАРМОНАШ РАВОН… (Чанд сухане оид ба худшиносӣ)

Ҳанӯз дар ибтидои ҳазорсолаи якум донишманди маъруфи Рими Қадим Сенека (солҳои 4 то мелодӣ – 65 мелодӣ) иброз дошта буд, ки «муҳим он аст, ки худ дар бораи хештан чӣ гуна андешае дорӣ, на он, ки дигарон дар бораи ту». Ҳаққонияти ин суханонро на танҳо дар мисоли худшиносии шахсиятҳои алоҳида, балки дар худшиносии миллату халқиятҳои ҳам кучаку ҳам бузург метавон баръало эҳсос намуд. Зеро миллате, ки бе дахолати дигарон ва нигаронӣ ба аксуламали бегонагон наметавонад ҷойгоҳи хешро дар тамаддуни ҷаҳонӣ муайян созад ва хештаншинос бошад, махсусиятҳои миллию фарҳангии худ ва билохира мустақилияти давлатиро аз даст медиҳад.

Аз ин рӯ, новобаста ба он ки баъзе бехабарон гузориши масъалаи худшиносии миллиро чун амале мешиносанд, ки дар баъзе ҷомеаҳо бар ивази надоштани платформаи иқтисодии мушаххас дар миён гузошта мешавад, муҳимияти он барои миллатҳои тозаистиқлол ва махсусан дар замони муосир ба ҳеҷ ваҷҳ коста намегардад.
Вобаста ба масъалаи мазкур, қобили ёдоварист, ки худшиносӣ дар маҷмӯъ чун шинохти шахсияти хештан, ки ба инъикоси худӣ дар шуур асос ёфтааст, ҷанбаҳои табиию иҷтимоӣ дорад. Табиӣ будани он аз шуури инсон ҳамчун зуҳуроти табиӣ вобаста буда, иҷтимоӣ буданаш ба тарбияи инсон дар оила ва ҷомеа марбут аст. Аз ин рӯ, худшиносии миллиро низ, ки одатан ҳамчун мансуб донистани хештан ба ин ё он миллат, давлат ва фарҳанг медонанд ва танҳо чун падидаи софи иҷтимоӣ мешиносанд, бояд бо иртибот ба решаҳои табиияш маънидод созем. Кофист барои исботи решаҳои иҷтимоӣ доштани он таъкид намоем, ки худшиносии миллӣ то андозае аз ирқу нажод, шароити ҷуғрофӣ низ вобастагиҳои зиёде дорад. Ва маҳз бо ҳамин сабаб тарбияи худшиносӣ барои ҳар халқу миллат махсусиятҳои худро дорад, ки ҷомеа бояд ҳатман онҳоро дар ин раванд ба эътибор гирад.
Ҳамзамон таъкид бояд намуд, ки худшиносии миллӣ асосан ба чунин унсурҳое, аз қабили ғояи миллӣ, эҳсоси мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба ин ё он дину мазҳаб такя мекунад. Дар давлатҳои сермиллату сермазҳаб эҳсоси мансубияти шаҳрвандӣ низ ба ҳайси як пояи ин зинаи худшиносӣ шинохта мешавад.
Аз унсурҳои мазкур ғояи миллӣ асоси худшиносии миллист, ки маънии воқеии мавҷудияту ҳастии ин ё он миллатро ифода намуда, дар мероси фарҳангӣ ва осори илмии хусусияти гуманитарӣ дошта инъикос меёбад. Унсурҳое чун мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба ин ё он дину мазҳаб, аз нуктаи назари мо, ин ҷо ниёз ба шарҳе надоранд. Мансубияти шаҳрвандӣ бошад, чунин унсури худшиносии миллӣ аст, ки ҳисси мутааллиқии шахсро ба давлати мушаххас дар асоси талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва анъанаҳои умумии дар ҷомеаи он қабулшуда ифода мекунад.
Овардани ин суханҳои болоро чун муқаддима, барои он мувофиқи мақсад донистем, то ки ҳадафи чанд калимаи дар пойин баёншуда барои хонанда хубтар дастрас бошад. Махсусан аз он, ки сухан гуфтан аз худшиносии миллӣ ё ҳувияту маънавиёти миллӣ ва дарки онҳо, ба назари мо, бе омодагии қаблӣ чандон кори саҳл нест.
Ба ҳамин тариқ, дар замони муосир барои ҳар як халқу миллате ғояи миллӣ, мансубияти марзӣ, динӣ ва шаҳрвандӣ дар раванди худшиносӣ чун шамъи роҳнамо хизмат мекунанд. Тоҷикистони тозаистиқлоли мо низ аз ин раванд берун нест ва хушбахтона, тӯли ду даҳсолаи истиқлолияти хештан мо дар ин роҳи пурпечутоб қадамҳои нахустинро низ гузоштаем. Ва имрӯз, ки тағйироти куллӣ ва буҳронҳои шадиди иқтисодию иҷтимоӣ дар тамоми ҷаҳон ҳукмронанд, мо бояд дар муайянсозии асосҳои хештаншиносӣ ва ҳувияту маънавиёти миллӣ боз ҳам устувортар қадам ниҳем. Дар ин самт, чунонки борҳо таъкид шудааст, моро зарур аст, ки таҷрибаи ҷаҳонии ҳифзи амнияти идеологиро биёмӯзем, қабл аз ҳама соҳаи маорифро чун омили таъмини амнияти миллат ба хубӣ истифода намуда, барои тарғиби ҳувият ва маънавиёти миллӣ фаъолиятро ҷоннок созем ва саҳми ҳар як зиёиро дар рушди маънавиёти кишвар боз ҳам боло барем.
Ба назари мо, дар самти тақвияти худшиносии миллӣ ва арҷгузории маънавиёти миллӣ имрӯз дар кишвари мо пеш аз ҳама ба ду омили зайл бояд таваҷҷуҳи бештаре зоҳир карда шавад:
Аввалан, ваҳдат, ки имрӯз ҳамчун як пояи муҳимтарини ғояи миллии мо шинохта шудааст, бо тамоми унсурҳои кучаку бузургаш, бо ҳамаи паҳлуҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангияш, аз қабили таъмини раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, дастрасӣ ба амнияти ғизоӣ ва энергетикӣ, рушди устувори иқтисодӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва амсоли он бояд тавсеаи бештаре ёбад. Ин ғояи миллиро мо бояд бо истифода аз муқаддасоти аз ниёгон меросмонда ва дар замони муосир рушдёфта боз ҳам тақвияти бештаре бахшем. Чунин муқаддасот зиёданд ва дар осори ниёгони мо ҳамеша мавриди таъкиди хосса қарор доштаанд, вале ин ҷо як мисоли мушаххасеро метавон хотирнишон сохт. Душманони мо таън мезананд, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (935-1020) ба ин миллат ҷанговариро меомӯзад. Аммо дар асл ин шоҳасари безавол дастури ҷавонмардист, ки миллати моро барои дӯст доштани Ватану миллати хеш ва ҳифзи он аз душманони хориҷию дохилӣ ҳидоят мекунад:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!
Сониян, мутааллиқӣ ба ин ё он дину мазҳаб, ки чун унсури худшиносии миллӣ маҳсуб аст, имрӯз дар кишвари мо ба ҳамагон мушаххас гардидааст. Аз ҷумла, маълум аст, ки аксарияти кулли мусулмонони Тоҷикистон аз аҷдоди худ мазҳаби Имоми Аъзамро (699/700-767/768)  ба мерос бурдаанд. Аз ин рӯ, таблиғу тарғиби ноҷойи мазҳабҳои дигар ва ё равияҳои навбаромади мазҳабӣ, ки аксарияти онҳо ба экстремизми динӣ мебаранд, ваҳдати миллатро халалдор сохта, худи ин амал мубтало гаштан ба чунин дардеро мемонад, ки ҳанӯз Мавлонои Румӣ (1207-1273) чандин садсолаҳо муқаддам дар бораи он таъкид дошта буд:
То ба кай ин ибтило? Ё Раб, макун,
Мазҳабеам бахшу даҳмазҳаб макун.
Аз тарафи дигар, дар мазҳаби Имоми Аъзам тамоми ниёзмандиҳои динию миллии тоҷикон инъикос ёфтаанд ва аз ин рӯ, аз нуқтаи назари ташаккули ҳувияти миллӣ имрӯз барои мо эҳтиёҷ ба равияву фирқаҳои дигари динӣ вуҷуд надорад. Ҳамзамон таъкид бояд дошт, ки ба саҳнаи сиёсат кашидани дину мазҳаб худ ба худ хилофи табиати дини ислом аст. Аз ин рӯ, ононе ки ба ин кор даст мезананд, аввалан, ба хотири нигаҳдошти покию нобии ислом ва, сониян, ба мақсади халалдор насохтани ваҳдати мусулмонон, бояд довталабона из ин кор худдорӣ намоянд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар давлатҳое, ки азҳоби исломӣ мавҷуданд, як омили асосии нооромии сиёсию иқтисодии онҳо маҳз чунин сохторҳоянд. Мисоли равшани ин таҷрибаи Миср, Лубнон, Афғонистон, ахиран Ироқу Сурия  ва давлатҳои дигари Шарқи Наздик аст.
Дар охири сухан таъкид бояд дошт, ки худшиносии шахсият ва худшиносии миллат барои мустақилияти фард ва истиқлоли давлат чун зербинои мустаҳкаме хидмат карда, аз вобастагӣ ба дигарон ва фармонравоӣ бар бегонагон эмин нигаҳ медоранд. Аз ин рӯ, ҳар шахс ва ҳар халқу миллатро зарур аст, ки ба қадри онҳо бирасанд, зеро дар акси ҳол ва дар ниҳоят чунин рух медиҳад, ки Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) дар як байти худ фармудааст:
Ҳар кӣ бар худ нест фармонаш равон,
Мешавад фармонпазири дигарон…

Хуршед Зиёев,
доктори илми фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.14    №: 241-242    Мутолиа карданд: 11047
20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ

Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо Камен Захариев

250 000 сомонӣ ғолибонро интизор аст

Таъсиси Маркази илмӣ – таҳқиқотии технологияи инноватсионӣ

30 миллион сомонӣ қарзи аҳолӣ аз ҳаққи хизматрасонӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед